Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фурқат Мансуров. Аз Тоҷикистон то Финляндия


Акси Фурқат Мансуров аз саҳифаи Фейсбукаш гирифта шудааст

Акси Фурқат Мансуров аз саҳифаи Фейсбукаш гирифта шудааст

Табибе аз Тоҷикистон - яке аз раҳбарони клиниками ҷарроҳии пластикии NEO дар шаҳри Туркуи Финляндия мебошад.

Ҷарроҳи пластикии клиникаи NEO дар шаҳри Туркуи Финляндия бо донишҳое, ки дар Тоҷикистон андӯхтааст, 18 соли охир дар ин давлати аврупоӣ кор мекунад. Фурқат Мансуров 48 сол дорад. Ӯ соли соли 1997 бо ҳадафи такмили ихтисос аз Тоҷикистон ба Финландия сафар кард ва базудӣ ин кишвар макони кору зиндагиаш шуд. Ҳоло ӯ яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи ҷарроҳии пластикӣ буда, дар қатори табибони аврупоӣ ҳамарӯза даҳҳо инсонро ба орзуи зебоӣ мерасонад ва муштариёни дигарро аз нуқсҳои табиӣ раҳо мекунад.

Ӯ яке аз раҳбарон ва мутахассисони ин клиникаи хусусӣ аст ва дар байни муштариёнаш ситораҳои варзиши ҷаҳон кам нестанд.

Фурқат Мансуров Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Синоро соли 1989 бо дипломи аъло хатм карда то соли 1992 дар кафедраи ҷарроҳии Неъматулло Усмонов таҷриба андӯхтааст. Ғафур Ҳоҷимуродов, Убайдулло Қурбонов, Каримҷон Ортиқовро устоди ҷарроҳии пластикии худ мешиносад. Соли 1997 баъди ҳимояи рисолаи номзадиаш дар Маскав, ба Финляндия рафт ва дар кафедраи ҷарроҳии донишгоҳи тиббӣ дарс хонд ва баъди ин пешниҳоди кор дар ин кишварро ба даст овард.

Муҳаббаташ ба кор дар соҳаи ҷарроҳии пластикӣ ва таҷрибаи андӯхтааш дар Тоҷикистон боис шуд, ки идомаи таҳсили тиббиро дар кафедраи ҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии донишгоҳи тиббии Финляндия ба забони финӣ идома дод ва баъди 7 соли таҳсил як мутахассиси соҳа шуд. Ҳоло дар клиникаи хусусии NEO дар шаҳри Туркуи Финляндия ҳамроҳ бо мутахассисони дигар давлатҳои хориҷӣ кор мекунад. Тирамоҳи имсол ният дорад дар шаҳри Дубай ҳам дар клиникаи наве ҳамроҳ бо мутахассисони дигараш ба унвони ҷарроҳи пластикӣ ба кор пардозад.

Оиладор, соҳиби ду духтараст. Ҳамсараш Гулнора Мансурова ҳам хатмкардаи донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон буда, аз рӯи ихтисосаш кор мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG