Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дасти Туркия дар ҳамлаи кимиёвӣ дар Сурия?


Қурбониёни ҳамлаи кимиёвӣ дар Ғавта
Қурбониёни ҳамлаи кимиёвӣ дар Ғавта

Рӯзноманигори шинохтаи амрикоӣ Сеймур Ҳерш фарзияеро дар миён гузоштааст, ки бар пояи он ҳуҷуми кимёвии 21 август дар Сурияро Туркия созмон додааст, то Амрикоро ба амалкард алайҳи Димишқ маҷбур кунад.

Сеймур Ҳерш бо ин гузоришаш, ки чанде пеш дар “London Review Books” нашр гардид, ҳоло таҳти интиқоди шадид қарор гирифтааст.

Мақомоти ҳарду кишвар - ҳам Ийолоти Муттаҳида ва ҳам Туркия - иддаои барандаи ҷоизаи “Pulitzer Prize”-ро, ки гуфтааст, шӯришгарони Сурия ҳуҷуми маргборро бо кӯмаки хадамоти истихбороти Туркия анҷом додаанд, рад мекунанд. Таҳлилгарон низ ба қобили эътимод будани манобеи Ҳерш дар ин гузориш шубҳа доранд ва ӯро ба сарфи назар кардани мадраку далелҳои ин ҳуҷум муттаҳам кардаанд.

Аммо Сеймур Ҳерш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз гузориши худ, ки дар он маълумоти сиррии Ожонсии истихбороти дифоъи Амрико аз таърихи 20 уми июн иқтибос шудааст, пуштибонӣ кард. Ба маълумоти Ҳерш, дар ин санад омадааст, ки шӯришгарони Ҷабҳаи Ал-Нусраи марбут ба Ал-Қоида дар Сурия ба истеҳсоли таркиби гази “зарин” дастрасӣ доштаанд.
Дасти Туркия дар ҳамлаи кимиёвии Сурия?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
Линки мустақим

Ҳерш бо иқтибос аз санади истихборотӣ мегӯяд, миёнаравҳои кимиёвӣ дар Туркия ва Арабистони Саудӣ ин талошро доштанд, ки пешсоз ё прекурсорҳои лозим барои тавлиди заринро ба таври умда, даҳҳо килограмм, эҳтимолан барои ба роҳ мондани истеҳсоли густардаи он дар Сурия, ба даст биёранд.
Сеймур Ҳерш
Сеймур Ҳерш
“Гузоришҳои дохилие вуҷуд доранд, ки моҳи июн таҳия шудаанд ва чаҳор панҷ гузориши дигар дар он баҳор, ҳамагӣ дар бораи таҳдидҳои гази зарин ва даст доштани Туркия дар он сӯҳбат мекунанд,”- гуфт Ҳерш дар сӯҳбати 8-уми апрелаш бо Озодӣ.

Ҳуҷуми 21 август бо истифода аз газҳои заҳролуд дар мавзеъи Ғавта, дар канори Димишқ садҳо нафарро кушта бар ҷой гузошт ва ба густариши ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия суръат бахшид. Президенти Ийолоти Муттаҳида Барак Обама гуфта буд, ки истифодаи силоҳи кимиёвӣ аз ҷониби нирӯҳои раисиҷумҳури Сурия Башор Асад хатти қирмизест, ки метавонад Вашингтонро ба дахолат ба ин низоъи хунин водор кунад.

Аммо дар ҳоле ки мақомоти Амрико дар бораи омодагӣ ба дахолати низомӣ ошкоро сӯҳбат мекарданд, Обама якбора ақиб нишаст ва билохира бо Русия ба ин созиш расид, ки силоҳи кимиёвии Асад то маҳви эҳтимолӣ, таҳти назорати байналмилалӣ қарор мегирад.

Аммо Сеймур Ҳерш аз қавли як мақоми собиқи истихборот мегӯяд, намунаҳои силоҳи кимиёвӣ, ки кормандони истихбороти Русия ошкор кардаанд ва тавассути ниҳодҳои истихборотии Британия ба амрикоиҳо расониданд, иддаои Ийолоти Муттҳаидаро дар мавриди масъулияти Асад зери суол бурд. Ҳерш мегӯяд, ин аст ки мақомоти низомии Амрико президент Обамаро аз дахолат ба низои Сурия ҳушдор доданд.

Сеймур Ҳерш ҳамчунин дар гузориши худ иддао кардааст, ки Ийолоти Муттаҳида ба таври махфӣ аз Либия тавассути Туркия шӯришгарони Сурияро бо силоҳ таъмин мекард ва ин гузаргоҳи интиқоли силоҳ баъди ҳуҷуми маргбор ба намояндагии Амрико дар Бенғозӣ баста шуд.

Қурбониёни ҳамлаи Ғавта
Қурбониёни ҳамлаи Ғавта
Рӯзноманигори шинохтаи Амрико Сеймур Ҳерш бо такя ба маълумоти корманди собиқи истихборот мегӯяд, ҳуҷуми кимиёвии 21 уми август амали махфии Туркия буд, ки мехост Ийолоти Муттаҳидаро ба дахолати низомӣ дар низоъи Сурия тела диҳад. Туркия аз ин нигарон буд, ки баста шудани роҳи интиқоли силоҳ ба шӯришгарони Сурия аз Либия мунҷар ба шикаст ва ҳатто нобудии чирикиҳо хоҳад шуд, - гуфтааст ин мақоми собиқ ба Ҳерш.

Ба навиштаи нашрияи “Hurriyet daily”, чопи Истамбул, ноиби нахуствазири Туркия Булент Оринҷ рӯзи 7-уми апрел дар як нишасти хабарӣ даст доштани Туркия дар ин ҳуҷумро “дурӯғ ва тӯҳмат” хондааст.

http://www.hurriyetdailynews.com/turkey-us-dismiss-seymour-hersh-report-.aspx?pageID=238&nID=64686&NewsCatID=359

Шавн Турнер, сухангӯи дафтари раҳбари Истихбороти Миллии Амрико низ иддаои Ҳершро, ки ҳукумати Сурия дар ҳуҷуми кимиёвии 21 август даст надорад, рад кард. Ӯ гуфт , “мо ҳама нукоти ин ривоятро шарҳ намедиҳем ва ҳаминро мегӯем, масъулияти ин ҳуҷум танҳо бар дӯши ҳукумати Асад аст.”

​Таҳлилгарон низ нукоте аз гузориши Ҳершро ба чолиш кашидаанд. Масалан ин далелро, ки намунаҳои силоҳи кимиёвиро кормандони истихбороти Русия ошкор ва пешниҳод карданд, кишваре ки ошкоро аз ҳукумати Асад пуштибонӣ мекунад.

http://www.bloombergview.com/articles/2014-04-07/who-trusts-russian-spies-on-syria

Аммо Сеймур Ҳерш дар сӯҳбат бо Озодӣ ин танқидҳоро рад кард ва гуфт, намунаҳои силоҳи кимиёвӣ, ки истихбороти Русия ошкор кардааст, қабл аз фиристодан ба Вашингтон мавриди санҷиши шарикони Амрико ҳам қарор дошт.
XS
SM
MD
LG