Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Кабириро дар Қасамдара ба хок супурданд (ВИДЕО)


Ҷасади Тилло Кабиров, падари 95-солаи Муҳиддин Кабирӣ – раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ – дар зодгоҳаш Қасамдараи ноҳияи Файзобод ба хок супурда шуд. Масъули маҳаллаи Қасамдара рӯзи 23 октябр дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ин маросим бо ҳузури хешутаборону дӯстон гузашт.

Тилло Кабиров моҳи январи имсол ҳамроҳи як наберааш мехост, ки кишварро ба қасди Истанбул тарк кунад, аммо аз фурудгоҳи Душанбе пас гардонда шуд.

"Ягон фишороварӣ ваё беназмӣ набуд. Ҳама оромона омаданд, намози ҷанозаро хонданд ва ба хок супурданд. Ҳамааш тинҷ буд, ягон гапи зиёдатӣ нест", - гуфт мусоҳиби мо.

Намози ҷанозаи Тилло Кабиров нимирӯзи якшанбе дар масҷиди Қасамдара хонда шуд ва баъдан ӯро дар оромгоҳи ҳамин деҳа ба хок супурданд. Дар ҳамин ҳол, як гуруҳи пайвандони Тилло Кабиров ва афроди наздик ба онҳо дар хориҷ эълон карданд, ки намози ҷанозаи ӯро дар ғайбаш дар Лаҳистону Олмон, Австрия ва Туркия низ гузоштаанд.

Ин хабар бо забони русӣ дар инҷост

Тилло Кабиров
Тилло Кабиров

Яке аз наздикони Тилло Кабиров гуфт, ин тасмим ба далели он гирифта шуд, ки бештари онҳо таҳти ҷустуҷӯи мақомот ҳастанд ва имкони иштирок дар маросими ҷаноза ва гӯру чӯби ӯро дар Тоҷикистон надоштанд.

Муҳиддин Кабирӣ ва Акоша Кабирӣ – ду писари Тилло Кабиров – дар ҳоли ҳозир дар хориҷ қарор доранд ва Муҳиддин Кабирӣ расман таҳти пайгарди Интерпол ё пулиси байналмилалист. Мақомоти Тоҷикистон ӯ ва ҳизбашро ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли гузаштаи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ айбдор мекунанд.

Рӯзи 29 сентябри 2015, ду ҳафта баъд аз рафъи он ошӯб, Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро шомили рӯйхати созмонҳои ифротиву террористӣ карда, фаъолияташро дар кишвар манъ кард. Кабирӣ ва тарафдоронаш аммо мегӯянд, дар ошӯби генерал Назарзода даст надоранд, балки ин ошӯб баҳонае барои бастани ҳизби наҳзат шудааст.

Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:

Падари Кабирӣ мегӯяд, ҷое даъват нашудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

Тилло Кабиров соли 1921 дар ноҳияи Файзобод дар хонаводаи Сӯфӣ Кабир ба дунё омада, соҳиби 8 фарзанд ва 50 набера аст. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ тайи тақрибан як соли охир таҳти фишор буд ва зоҳиран ин вазъ ба саломаташ таъсир гузоштааст.

Кабиров моҳи январи имсол ҳамроҳи як наберааш мехост, ки кишварро ба қасди Истанбул тарк кунад, аммо аз фурудгоҳи Душанбе пас гардонда шуд. Баъд аз он ду навори видео бо ҳузури ӯ дар интернет роҳ ёфт, ки дар онҳо Муҳиддин Кабириро "насиҳат" мекард, то ба ватан баргардад ё ҳадди ақалл аз носазогӯӣ дар ҳаққи Тоҷикистон худдорӣ кунад. Вай дар 95-солагӣ дар манзилаш даргузашт.

XS
SM
MD
LG