Пайвандҳои дастрасӣ

Суннатшиканӣ дар Афғонистон. Тобути Фархунда рӯи дастони занон


Бар хилофи суннати маъмул дар кишварҳои исломӣ, ки ҳамеша тобутро мардон мебардоранд, дар Афғонистон тобути як духтари 27-соларо ҷамоати занон бардоштанд ва то ба оромгоҳ бурданд.

Рӯзи якшанбеи 22 март дар Кобул маросими ҷанозаи Фархунда - як духтари 27-сола баргузор шуд, ки рӯзи панҷшанбе аз сӯи тӯдае аз мардуми хашмгин дар маҳалаи Шоҳи Душамераи ин шаҳр ба гумони оташ задани нусхае аз Куръони карим кушта шуд. Ин тӯдаи мардум аввал Фархундаро бо сангу чӯб зада куштанд ва сипас ҷасади ӯро ба оташ кашиданд.

Маросими ба хоксупории Фархунда бо ҳузури ҳазорон нафар аз намояндагони ақшори мухталиф баргузор шуд ва занони иштироккунанда дар ин маросим, иҷозат надодаанд, ки тобути ин духтар аз тарафи мардон бардошта шавад.

Генерал Зоҳир Зоҳир, раиси таҳқиқоти ҷиноии вазорати умури дохилии Афғонистон дар ин маросим гуфтааст, ки омилони қатли Фархундаро боздошт хоҳанд кард. Генерал Зоҳир Зоҳир гуфт, пулисеро ки дар пешгирӣ аз ин ҳодиса бемасъулиятӣ нишон додааст, дастгир хоҳанд кард.

Тибқи иттилои муқаддамотӣ, то кунун сездаҳ тан дар пайванд ба ин ҳодиса боздошт шудаанд. Мақомоти вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯянд, ки иттиҳоми сӯзонидани нусхаи Қуръони Карим аз сӯи Фархунда беасос аст ва чунин коре сурат нагирифтааст.

Гуфта мешавад, ки моҷаро замоне рух додааст, ки Фархунда бо муллое, ки дар он маҳал таъвиз ва ё туморнавис буд, мушоҷара ва ё муноқишаи лафзӣ мекунад ва баъд аз он, ӯ ин духтарро ба сӯзонидани Қуръон муттаҳам мекунад ва мардуми хашмгин Фархундаро ба қатл мерасонанд.

Ҷашни Наврӯзи Афғонистон ба сурати умумӣ дар сояи ҳодисаи қатли Фархунда монд ва сар аз шабакаҳои иҷтимоӣ то расонаҳои мустақилу давлатии ин кишвар ба пӯшиши хабарии ин ҳодиса пардохтанд. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи он кишвар куштори Фархундаро маҳкум карданд ва дастур доданд, ки ба ин куштори фаҷиона расидагӣ сурат бигирад.

Дар ҳамин ҳол, фаъолони зан ва ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон низ қатл ва сипас сӯзондани ҷасади Фархундаро, маҳкум карданд. Онҳо бо интиқод аз амалкарди пулис гуфтанд, ин кор дар муқобили маъмурони интизомӣ анҷом шуда, аммо онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаи мардони хашмгин бар як зан, ҳеч коре накардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG