Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: ҷосусони ДИ мусофиронро аз қатораҳои ОМ ба Русия, ҷалб мекунанд


Созмонҳои байналхалқии террористӣ дар дохили қаторҳое, ки аз Осиёи Марказӣ ба Русия ҳаракат мекунанд, шабакаи таблиғотӣ ташкил кардаанд.

Дар ин бора мудири иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шангхай Евгений Сисоев иттилоъ медиҳад.

"Мақомоти қудратии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар соли 2015 аз фаъолияти таблиғотии мубаллиғони созмонҳои байналхалқии террористӣ дар қаторҳое, ки аз ин кишварҳо ба самти Русия ҳаракат мекунанд, пешгирӣ кардаанд", - гуфтааст Сисоев.

Ба гуфтаи вай, террористон талош доштаанд, ки донишҷӯёни Осиёи Марказиро ба сафи худ ҷалб созанд.

Сисоев афзудааст, ки соли 2015 Хадамоти федеролии амнияти Русия дар ҳамкорӣ бо мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ наздики 80 шаҳрванди минтақаро, ки аъзои созмонҳои террористӣ буданд, боздошт карданд. Аз ин шумор 50 шаҳрванди Тоҷикистон, 20 шаҳрванди Қирғизистон ва 8 шаҳрванди Ӯзбекистон буданд. Ҳамаи онҳо барои ба ҷавобгарӣ ҷалб шудан, ба кишварҳояшон истирдод шудаанд.

XS
SM
MD
LG