Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони марде, ки мехоҳад дубора коммунист бошад


Зуҳуриддин Шарифов
Зуҳуриддин Шарифов

Як узви Ҳизби халқӣ-демократӣ тасмим гирифтааст, аз ин созмони сиёсӣ хориҷ шуда, ба Ҳизби коммунист пайвандад. Ӯ гуфт, мехоҳад арвоҳи гузаштагонро шод намояд.

Зуҳуриддин Шарифов, сокини 45-солаи ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар ва муаллими мактаби ибтидоии ҳамин русто, мегӯяд, ба хотири шод кардани рӯҳи гузаштагони коммунисташ аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон хориҷ мешавад ва ба Ҳизби коммунист мепайвандад. Ба гуфтаи ӯ, бобоҳои модарӣ ва падарияш -- Шариф Хидиров ва Ашӯр Шоҳинов аз шиорбардорони Ҳизби коммунист дар водии Вахш будаанд.

"Бо хайру худоӣ ё дуову фотеҳа арвоҳи ду гузаштаи ман шод намешавад. Барои ин бояд коммунист шавам,” -мегӯяд Зуҳуриддин Шарифов. Ӯ, ки 6-уми феврал дар дашти Калташӯр, маҳалли чарогоҳи чорвояш, бо мо сӯҳбат мекард, гуфт, санадҳояшро барои пайвастан ба Ҳизби коммунисти Тоҷикистон омода кардааст.

“Бобоҳоям фаъолони Ҳизби коммунист будаанд ва коммунист аз олам гузаштаанд. Ман барои пос доштани авроҳи бобоёнам ин тасмимро гирифтам. Бояд коммунист бошам ва кори онҳоро идома диҳам. Ҳизби коммунист ҳизби ростқавлу росткор ва ҳақиқатгӯ мебошад. Масалан, дар гирду атроф осори зиёд ва иншооте ҳаст, ки аз он даврон боқӣ мондаанд,”-мегӯяд Зуҳуриддин Шарифов.

Достони марде, ки мехоҳад узви ҲКТ шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:34 0:00

Бо онки Зуҳуриддин Шарифов, муаллими мактаби ибтидоии рақами 38, билети ҳизби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистонро дар ҷайб ва масъулияти маъракаи интихоботии ин ҳизбро дар Бӯстонқалъа дар дӯш дорад, мегӯяд, солҳои охир дар бораи Ҳизби коммунист ва мероси он бисёр андеша мекунад: “Таърих гувоҳ аст, коммунистҳои собиқ барои мо шароити хуберо муҳайё сохтанд. Масалан, ҳоло роҳ месозанд, аммо набояд намаки Шӯравӣ ва коммунистҳоро фаромӯш кунем.”

Ӯ мехоҳад тамоми коғазбозии марбут ба узвият дар ҳизби навро ба зудтарин фурсат анҷом диҳад ва баргаи раъйро ба фоидаи коммунистҳо ба қуттӣ партояд. Шарифов бо ҳадафи узвият борҳо ба дафтари Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа рафта, дари онро баста ёфтааст ва мегӯяд, аз ин бепарвоии коммунистҳо камтар нигарон ҳам шудааст.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон
Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон

Аммо Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз омодагии вуруди як узви сарсупурда ба қадимтарин ҳизби кишвар хушҳол шуд ва Зуҳуриддин Шарифовро раҳнамоӣ кард, ки коммунистҳоро чӣ тавр пайдо намояд: “Хуб мешавад, ин нафар ба ҳизби мо дар Қӯрғонтеппа ба хобгоҳи Донишгоҳи энергетикӣ ё кумитаи марказӣ биёяд. Қоидааш ҳамин аст, ки ду коммунисти куҳансол бояд ба ӯ тавсиянома диҳанд, баъдан барояш билети коммунистӣ медиҳанд. Шодам, ки як узви мо зиёд мешавад, дар анҷуман 23 ҷавонро ба узвият қабул кардем.”

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон меросбари Ҳизби коммунисти Шӯравии собиқ аст, ки баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсиси Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ нуфузи худро аз даст дод. Аксар коммунистони собиқ ба хотири расидан ба мансаб ба ҳизби халқӣ-демократӣ гузаштанд ва Ҳизби коммунист ба сурати умум аз сиёсати Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ва раиси Ҳизби халқӣ демократӣ пуштибонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG