Пайвандҳои дастрасӣ

Мавҷҳои пахши барномаҳои телевизионҳо ва радиоҳои давлатии Тоҷикистон дар моҳвора иваз шудаанд.

Мақсудшоҳ Неъматов, намояндаи Маркази идораи фаврии ширкати “Тоҷиктелерадиоком”, ширкати масъули пахши барномаҳои радиоҳову телевиизионҳои Тоҷикистон, рӯзи 25 март ба Озодӣ гуфт, азбаски моҳвораи ABS-1 то поёни моҳи март аз кор мемонад, барои радиову телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дар моҳвораи нави ABS-2, ки ҷойгузини ABS-1 хоҳад шуд, мавҷҳои нав гирифтаанд.

Мақсудшоҳ Неъматов гуфт, дар ҳоли ҳозир барномаҳои радиову телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ҳамзамон дар ҳарду моҳвора пахш мешаванд, вале баъди 31 март моҳвораи ABS-1 комилан аз кор хоҳад монд ва телевизионҳои Тоҷикистонро метавон танҳо рӯи амвоҷи нав дар ABS-2, ки мисли ABS-1 рӯи ҳамон кунҷи 75 дараҷаи шарқ ҷойгир аст, дастрас ва тамошо кард.
Минтақаи фарогирии моҳвораи ABS

Минтақаи фарогирии моҳвораи ABS

Мақсудшоҳ Неъматов гуфт, дар моҳвораи нав шумораи мавҷи пахши барномаҳои телевизионҳои Тоҷикистон аз 12690 MHz, ки ду соли охир буд, ба 11 491 MHz тағйир ёфтааст. Суръати пахш (s/r) 4650, кунҷи амӯдӣ вертикал (V) ва гӯшааш (sec) 2/3 боқӣ мондааст. Ба гуфтаи Неъматов, модулятсияи пахши барномаҳо 8 PSK боқӣ монда, чорчӯбаш низ иваз нашудааст ва барномаҳои радиову телевизионҳои Тоҷикистон дар моҳвораи ABS-2 ҳам дар чорчӯби DVB-S2/MPEG 4 пахш хоҳанд шуд. DVB-S2 мухтасари "Digital Video Brodcasting Satellite 2", яъне “насли дувуми пахши видеоии нааворҳо рӯи моҳвора” мебошад.

Пахши рақамии барномаҳои 4 шабакаи давлатии телевизионии Тоҷикистон – Шабакаи аввал, Сафина, Ҷаҳоннамо ва Баҳористон – дар моҳвораи ABS аз 6 феврали соли 2012 оғоз ёфт. Ба ҷуз аз радиову телевизионҳои миллӣ, дигар ягон шабакаи на радиоӣ ва на телевизионӣ ба забони тоҷикӣ барои Тоҷикистон тавассути моҳвора барнома пахш намекунад.

Телевизиони “Пойтахт” дар аҳди раҳбариашро бар ӯҳда доштани Абдуқодири Абдуқаҳҳор ин азмро дошт, вале муваффақ нашуд. Шабакаҳои мустакили телевизионии Тоҷикистон мегӯянд, ба далели гаронии нархаш имкони пахши барномаҳои худ тавассути моҳвораро надоранд.
Дар моҳи августи соли 2013 аз Маскав шабакаи телевизионие бо номи “Сафо ТВ” ба пахши барномаҳояш оғоз кард, вале баъди чанд бор зада шудани мавҷҳояш ин шабака аз моҳи ноябр ба ин сӯ аз эфир ғайб задааст. Масъулонаш мегӯянд, иллати ин мушкилоти молист, ки ба муҷарради рафъаш “Сафо ТВ” ба моҳвора бар хоҳад гашт.

Дар Тоҷикистон, бино ба иттилои расмии мақомот, дар ҳоли ҳозир 44 шабакаи радиову телевизион расман сабти ном шудааст, ки 28 шабакааш хусусист. Аммо мунтақидон мегӯянд, имкони таъсиси шабакаҳои дигарандеши бахусус телевизионӣ дар ин кишвар амре маҳол аст. Ҳизби наҳзати исломӣ – як ташаккули умдаи мухолифин – ва ҳамин тавр, хабаргузории “Азия Плюс” чандин сол талош карданд, ки телевизионҳои худро таъсис кунанд. Аммо дархости онҳо аз тарафи Кумиссиюни муҷаввиздиҳии Кумитаи радио ва телевизион батакрор рад шудааст.

Ҳоло дар Душанбе як шабакаи мустақили телевизионӣ бо номи СМТ – Симои мустақили Тоҷикистон – фаъолият мекунад, ки бештар ба пахши барномаҳои тафреҳӣ ва филмҳо машғул аст. Аммо ба бовари соҳибназарон, Тоҷикистон дар баробари 4 шабакаи давлатии саросариаш, ки ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, асосан ба як минбари таблиғу тавсифи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ табдил ёфтаанд, ба фаъолияти шабакаҳои мустақиле ҳам ниёз дорад, ки дардҳои ҷомиаро ба сурати ошкортар гуфта битавонанд.

Дар тобистони соли гузашта як пажӯҳиши бозори маҳсулоти телевизионии Тоҷикистон аз сӯи созмони иҷтимоии “Хома” нишон дод, ки 68 дарсади аҳолӣ намоишҳои шабакаҳои дохилиро хуш надорад ва ба барномаҳои шабакаҳои моҳвораӣ тарҷеҳ медиҳад. Гуфта мешуд, дар ҳоле ки телевизионҳои давлатӣ ва мустақил дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз ба бинанда беш аз 200 соат барномаҳои сиёсӣ ва фароғативу иҷтимоӣ пешниҳод мекунанд, аксари ин барномаҳо бинандаи хеле кам доранд. Бино бар ин таҳқиқот, бинандагони тоҷик бештар ба тамошои барномаҳои телевизионҳои хориҷӣ аз тариқи моҳвора ва Интернет бартарӣ дода, дар навоҳии наздимарзӣ бештар шабакаҳои телеивзионии давлатҳои ҳамсояро тамошо мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG