Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаҳои шомгоҳии бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз рӯзи 30 март рӯи амвоҷи нав пахш хоҳанд шуд. Амвоҷи нави моро аз ин ҷо барои худ ёддошт бигиред.

Ба сабаби ба вақти тобистона гузаштани бисёри кишварҳо, аз рӯзи якшанбеи 30 март барномаҳои шомгоҳии бахши тоҷикии Радиои Озодӣ рӯи ин амвоҷ пахш хоҳанд шуд:

Аз соати 19 то 21 ба вақти Душанбе – рӯи амвоҷи 11 975 мегагертс (25 метр)
ва 15 460 мегагертс (19 метр)

Аз соати 21 то 22 рӯи мавҷҳои 9760 мегагертс (31 метр) ва 11 975 мегагертс(25 метр).

Барномаҳои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҳамчунин аз соати 6 то соати 9 субҳ, аз соати 15 то 17 ва аз соати 19 то 23 дар моҳвораҳои Ҳотбирд (рӯи мавҷи 12 226) ва аз соати 15 то 17 дар моҳвораи Ямал ва ҳамин тавр дар давоми рӯз дар моҳвораи Азиасат низ пахш мешаванд.

Барои маълумоти бештар ба ин нишонӣ биравед:


http://flashvideo.rferl.org/Flashmaps/tg-TJ/index.htm

Шумо ҳамчунин метавонед барномаи радиоии Озодиро аз сомонаҳои бахши тоҷикӣ дар Интернет низ шунавед. Нишонии сомонаҳои мо:
http://www.ozodi.org/

http://www.ozodi.tj/

http://rus.ozodi.org/

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG