Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкатҳои сайёҳии Бадахшон: Моро аз як пора нон маҳрум накунед


Анҷумани сайёҳии экологӣ ва фарҳангии Бадахшон аз мақомоти аршади Тоҷикистон хост, "монеаи сунъӣ" ва ҳарсолаи сафари ҷаҳонгардонро ба Помир бартараф намоянд.

Анҷумани сайёҳии экологӣ ва фарҳангии Бадахшон аз Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Бунгоҳи зиддимонополии Тоҷикистон хост, "монеаи сунъӣ"-и сафари ҷаҳонгардонро ба Помир, ки ҳар сол аҳолии ин минтақаи дурафтодаро "аз ягона мояи даромад" маҳрум мекунад, бартараф намоянд.

Дар ин нома, ки рӯзи 15 май ба идораи Радиои Озодӣ фиристода шудааст, гуфта мешавад, ҳар тобистон бо оғози мавсими ҷаҳонгардӣ ба даҳҳо сайёҳи хориҷӣ иҷозаи сафари Бадахшон дода намешавад, дар ҳоле ки ҳамтоёни онҳо ба воситаи Қирғизистон ва Афғонистон озодона ба Помири Тоҷикистон ворид мешаванд. Ба гуфтаи муаллифони номае, ки онро сарон ва намояндагони чандин ширкати ҷаҳонгардии Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон имзо кардаанд, чунин бархӯрд ба эътибори Тоҷикистонро ҳамчун як масири сайёҳӣ зарба зада, садҳо нафар аз сокинони Помирро аз ризқашон маҳрум мекунад. Онҳо афзудаанд, ба ҷаҳонгардон дар ҳоле иҷозаи сафари Бадахшон дода намешавад, ки онҳо бо умед ба имн минтақа меоянд ва дар ягон сомонаи расмӣ огаҳии манъи сафар ба ин ҷо нашр намешавад.

Изҳороти ширкатҳои сайёҳии Бадахшон дар ҳоле нашр мешавад, ки иддае аз сайёҳони хориҷӣ, ки қасди сафари Бадахшони Тоҷикистонро доштанд, аз Душанбе бозпас гаштаанд. Ин сайёҳон аз Бахши бақайдгирӣ ва раводиди Хадамоти шиносномадиҳии ВКД иҷозаи махсус барои сафар ба Бадахшонро дарёфт накардаанд.

Ксения Бозрикова ва Ирина Шнитс, шаҳрвандони Русия, ки тасмими сафар ба Бадахшонро доштанд, рӯзи панҷшанбе аз Душанбе ба Маскав баргаштанд. Дар як сӯҳбати кӯтоҳ ин сайёҳони рус гуфтанд, ки солҳо боз орзу доштанд, ки мавзеъҳои зебои Бадахшонро тамошо мекунанд, аммо мутаассифона ба ин орзуяшон нарасиданд. Ҳоло ин ду шаҳрванди Русия аз ширкате, ки ба онҳо ваъдаи сафар ба Бадахшонро дода буд, тақозо кардаанд, то сафархарҷиашонро пардозад, зеро ин сафари онҳо бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Як сайёҳи хориҷӣ дар роҳ ба сӯи Бадахшон. Акс аз бойгонӣ.

Як сайёҳи хориҷӣ дар роҳ ба сӯи Бадахшон. Акс аз бойгонӣ.

Руслан Ҳамроҳқулов, масъули ширкати сайёҳие, ки ин ду нафарро ваъдаи ба Бадахшон бурдан дода буд, имрӯз, 14-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло тасмим доранд, то 1600 доллар, беш аз даҳ ҳазор сомоние, ки ин ду нафар ҳангоми аз Маскав то Душанбе омадан сарф кардаанд, ба онҳо пас диҳанд, то эътимодашон ба ширкатҳои сайёҳӣ кам нашавад. Аммо Руслан мегӯяд, аз ин ки қаблан мақомоти расмӣ ширкатҳои сайёҳиро огоҳ накарданд, ки сафар ба Бадахшон манӯъ аст, нигаронанд.

Ӯ гуфт: “Тақрибан як моҳ боз сафар ба Бадахшонро манъ будааст, аммо касе инро ба мо шарҳ надод, ки чаро чунин аст. Мутаассифона, ба мо ҳеҷ огоҳие надоданд, то саёҳонро ваъдаи саёҳат ба Бадахшон надиҳем. Ҳоло маҷбурем ба саёҳон ҷуброн пардохт кунем, то онҳо моро дар дурӯғгӯӣ муттаҳам накунанд. Ба ин шева мутаассифона теъдоди сайёҳон ба ватани мо кам хоҳад шуд. ”

Мавзӯи бидуни огоҳӣ ва ҳеҷ шарҳи расмӣ мамнӯъ эълон кардани саёҳат ба Бадахшонро рӯзи 15 май, бархе аз ширкатҳои сайёҳӣ дар Бадахшон баҳс карданд. Шагарф Муллоабдулов, раҳбари ширкати “Silk Tour” рӯзи 14-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мамнӯъ эълон кардани сайёҳат дар ҳоле ба миён омадааст, ки моҳи май оғози саёҳат ба Бадахшон аст. Ӯ гуфт, соли гузашта дар моҳи май се гурӯҳи 20 нафараро ба Бадахшон оварда буд, аммо ҳоло бинобар мамнӯъ будан наметавонанд, касеро ҷалб кунанд.

“Ба мо тамос мегиранд ва мегӯем, ки наоед, зеро мумкин нест. Дар ягон ҷои дунё чунин нест, ки барои ҳар минтақаи он рафтан визаи алоҳида гирифтан мумкин бошад. Ҳоло сайёҳ визаи Тоҷикистонро мегирад, аммо иҷозаи сафар ба Бадахшон, ки Хадамоти шиносномадиҳӣ медиҳад, гирифта наметавонад. Ин аҳвол ширкатҳои сайёҳиро варшикаста мекунад ва рушди сайёҳиро хароб месозад.”

Аммо як масъули Хадамоти шиносномадиҳӣ бидуни ифшои номаш гуфт, онҳо дар пайи супориши Раёсати сарҳадоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба саёҳон иҷозаи сафар ба Бадахшонро намедиҳанд. Ин масъул гуфт, Бадахшон як вилоятест, ки марзи тӯлонӣ бо Афғонистон дорад ва ҳоло дар он сӯи марз нооромист.

“Бадахшони Тоҷикистон ором аст, аммо дар он тарафи марз ҷанги сахт идома дорад, ки садояш аз дохили Тоҷикистон шунида мешавад. Бинобар ин то ором шудани Афғонистон иҷозаи сафар нест, зеро касе ҳоло кафолати солим рафтану солим баргаштни сайёҳ ба Бадахшонро надорад. Ҳар ҳодиса шуданаш мумкин. Шояд ҳангоми рафтани сайёҳон гурӯҳе қасди гузаштан кунад ва тирпаронӣ сурат бигирад. Агар сайёҳе зиён бинад, он гаҳ обрӯи кишвари мо якбора пасттар мешавад. Ба ҳамин хотир муваққатӣ ҳаст ва мо ҳам мехоҳем, ки сайёҳон ба кишвари мо биоянд.”

Бадахшон Тоҷикистон, ки ҳаммарзи Бадахшони Афғонистон ҳаст, як минтақаи сайёҳӣ маҳсуб меёбад. Солҳои қабл низ ба таври муваққат бинобар нооромӣ дар Бадахшони Тоҷикистон, сайёҳон имкони рафтан ба ин вилоятро надоштанд. Бар асоси иттилои расмӣ, соли гузашта дар моҳи апрел ва май беш аз ду ҳазор сайёҳ ба Бадахшон ворид шуда буданд, аммо ҳоло дар ду моҳи ахир ин шумора то 500 нафар мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG