Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши солонаи Амрико мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон дар соли 2012 низ ба маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ идома додаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон тамоми фаъолиятҳои динии берун аз назораташ, бавижа фаъолиятҳои мусулмонон, протестантҳо ва пайравони мазҳаби шоҳидони Яҳворо мавриди таъқиб қарор дода, афродеро, ки бо ифротгароии динӣ муттаҳам мебошанд, бо иттиҳоми собитнашуда зиндонӣ намудааст. Ин аст хулосаи гузориши солонаи Куммиссиюни амрикоӣ дар умури байналмилалии озодии дин, ки рӯзи душанбе ба табъ расид.



Муаллифони гузориш навиштаанд, ки дар давоми соли 2012 маҳдудияти озодии тоату ибодат дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам пойбарҷо буд ва таъқиби озодии дину имон идома дошт. Ҳукумат фаъолиятҳои мустақили диниро таъқиб кардаааст. Ба қавли муаллифони гузориш, ин маҳдудият пеш аз ҳама ба пайравони дини ислом марбут аст, вале дар Тоҷикистон насрониҳои протестант ва шоҳидони Яҳво низ таъқиб шудаанд.

Куммиссиюни амрикоӣ дар умури байналмилалии озодии дин аз ҷумла аз гузориши додситони кулли Тоҷикистон иқтибос овардааст, ки дар соли 2012 дар кишвар Тоҷикистон 30 парвандаи ҷиноӣ бар зидди 144 фарди муттаҳам бо терроризм ва тундгароӣ боз шудааст. Солҳои ахир дар Тоҷикистон як каниса, як калисо ва се масҷид баста шуда, тоату ибодат дар садҳо масҷиди бидуни сабти ном манъ шудааст.

Муаллифони гузориш ёдовар шудаанд, ки соли гузашта Кумитаи дини Тоҷикистон мақоми масҷиди бародарон Тӯраҷонзодаҳоро, ки рӯзҳои ҷумъа то 10 ҳазор намозгузорро ҷамъ мекард, ибтидо барои се моҳ пойин бурда, сипас бародарон Нуриддин ва Маҳмудҷон Тӯраҷонзодаҳоро аз мақоми имом-хатиби ин масҷид маҳрум кард. Бар илова, додгоҳ Нуриддин Тӯраҷонзода ва бародари дигари онҳо Акбар Тӯраҷонзодаро бо ҷурми таҳқири раҳбари Шӯрои уламои исломӣ ба маблағи муодили 70 доллар ҷарима кард. Хабаргузориҳо дар моҳи майи соли 2012-ум хабар доданд, ки бо ҳукми додгоҳ масҷиди Тӯраҷонзодаҳо аслан баста шуд.


Мавлон Мухторов

Мавлон Мухторов

Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон хулосаҳои омада дар гузориши ин ниҳоди амрикоиро радд мекунанд. Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дин ба Озодӣ гуфт: “Даъвоҳои онҳо ягон асос надорад. Дар Тоҷикистон ягон масҷиди расмӣ, ягон калисо манъ нашудааст. Агар расман сабти ном шуда бошад, мо чаро бандемаш? Фаъолияти динӣ агар дар чорчӯби қонун бошад, марҳамат! Вале агар аз ин чорчӯб гузашту зиёдаравӣ шавад, албатта, пеши роҳаш гирифта мешавад.”

Куммиссиюни амрикоӣ дар умури байналмилалии озодии дин машварат додааст, ки дар соли 2013 ҳам Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои мавриди таваҷҷӯҳи хоси Амрико нигоҳ дошта шавад. Тоҷикистонро дар соли 2012 ба ин феҳраст шомил кардаанд.

Аслан Тоҷикистон дар соли 2009 баъди қабули қонуни нави дин мавриди таваҷҷӯҳи Куммиссиюни амрикоӣ дар умури байналмилалии озодии дин қарор гирифт. Қонуни соли 2009 сабти номи дубораи гурӯҳҳои диниро талаб карда, гурӯҳҳои мазҳабии бидуни сабти ном, мактабҳои хусусии динӣ ва ташвиқ ба динҳои дигарро манъ мекунад. Он қонун шумора ва миқёси масҷидҳоро маҳдуд карда, дахолати ҳукумат дар таъйини имом-хатибҳоро иҷозат медиҳад. Ҳамчунин муассисаҳои динӣ фақат бо иҷозати давлат имкони тамос бо муассисаҳои динии хориҷиро пайдо мекунанд. Қонуни соли 2009-ум нашри адабиёти динӣ ва воридоти чунин адабиёт аз хориҷро низ таҳти назорати давлат қарор додааст.

Бар илова, кодекси ҷиноиву маъмурии Тоҷикистон дар солҳои 2011 ва 2012-ум таҳрир шуд, ки дар натиҷа айбномаҳои марбут ба фаъолиятҳои динӣ бо маҳрумият аз озодӣ ва муҷозоти бузурги молӣ анҷом меёбанд. Муаллифони гузориш хотирнишон кардаанд, ки қонуни масъулияти волидайн дар тарбияи фарзандон таҳсили динии наврасонро ба истиснои муассисаҳои расмии динӣ манъ кард ва бар асоси ин тағйирот, занон ҳақ надоранд дар идораҳои маориф ҳиҷоб пӯшанду мардони ришдор бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд.

Коршиносони тоҷик вуҷуди мушкилоти ҷиддӣ дар масъалаи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро эътироф мекунанд ва мегӯянд, манъи ноболиғон аз рафтан ба масҷид, манъи ҳиҷоб дар мактабҳо, баста шудани масоҷиди сабтиномнашуда ва талоши давлат барои таҳти назорати худ овардани тамоми умури мазҳабӣ, ҳатто таъйини имом-хатибон ва муҳтавои маъвизаҳои онҳо аз умдатарин мониаҳо дар роҳи мурооти озодии дину имон дар кишвар боқӣ мемонанд.


Саидаҳмади Қаландар

Саидаҳмади Қаландар

Вале Саидаҳмад Қаландаров, мудири маркази таҳлилии “Сипеҳр” гуфт, дахолати давлат дар умури динӣ, аз ҷумла масҷидбандиҳо ё манъи ҳиҷоб, дар Тоҷикистон мисли 3 ё 4 соли пеш доғ нест. Ин таҳлилгари масоили мазҳабӣ мегӯяд, маҳдудиятҳои мавҷуда дар роҳи фаъолияти масоҷид ё мадориси хусусии исломӣ бештар ба нигарониҳои амниятии мақомот бармегардад: “Як нуктаи мушкил дар бобати мадрасаҳои хусусӣ ин аст, ки сарозер шудани китобҳои зиёди хилофи мазҳаби Абӯҳанифа боиси уфтодани ихтилоф дар байни уламо шудааст. Назорати давлат дар инҷо зарур аст, то ки ҳар шахси тасодуфӣ соҳиби минбари мадраса нашавад ва ҷомиа ба фасоди ақидатӣ наравад ва ба фитна дода нашавад.”

Ба гуфтаи мақомот, Тоҷикистон аз нигоҳи шумори масоҷид дар байни кишварҳои мусалмони пасошӯравӣ дар ҷои аввал аст. Барои мисол, дар Узбакистон бо 30 миллион аҳолиаш ҳамагӣ 2050 масҷид, дар Қирғизистон – 2200, дар Қазоқистон – 2228, дар Озарбойҷон - 1700 ва дар Туркманистон ҳамагӣ 400 масҷид расман сабт шудаанд. Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ба сурати умум озодии дин дар кишвар муроот мешавад: “Бубинед, ки теъдоди масҷидҳо чӣ қадар зиёд шуд. Имрӯз теъдоди масҷидҳо ба 3982 расид. Дар ягон давру замон дар Тоҷикистон ин қадар масҷид набуд.”


Муаллифони гузориш навиштаанд, ки Тоҷикистони ҳаммарз бо Афғонистон, ки дар ҷамоаи тоҷикони Афғонистон нақши калидӣ дорад, барои ИМА аз нуқтаи назари стратегӣ муҳим аст. Аз ин рӯ, ҳукумати ИМА бояд бо ҳукумати Тоҷикистон рӯи озодиҳои динӣ муколама ташкил карда ва ҳукумати Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ бо ҷомиаи маданӣ водор кунад, то қонунҳои ин кишвар ҷавобгӯи ӯҳдадориҳои байналмилалиаш бошад. Сафорати ИМА бояд муҳокимаи он афродеро, ки сирф ба хотири эътиқодашон муҷозот мешаванд, назорат кунад. Куммиссиюни амрикоӣ ба ҳукумати ИМА машварат дода, ки тамрини додрасҳо ва додситонҳоро ташкил кунад, то қазияҳои шаҳрвандиро бар пояи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар қазоват кунанд.

Дар моҳи декабри соли 2012 як ҳайъати Куммиссиюни амрикоӣ дар умури байналмилалии озодии дин аз Тоҷикистон боздид карда, бо намояндагони ҳукумат, Шӯрои уламои исломӣ, раҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ ва донишмандони мустақилу рӯзноманигорон дидору гуфтӯ доштааст. Ин ҳайъат баъди ин сафар ба хулосае расидааст, ки нигарониҳои як соли пешаш ҳанӯз ба қувваи худ боқист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG