Пайвандҳои дастрасӣ

Дар арафаи ҷашни Рӯзи озодии баён, ки ҷумъаи 3-уми май бори 20-ум таҷлил хоҳад шуд, созмони Хонаи Озодӣ гузориши солонаи “Озодии матбуот дар соли 2013-ум”-ро интишор намуд.

Муаллифони гузориш аз инқирози озодии баён дар кишварҳои Осёи Марказӣ ва собиқ шӯравӣ ба ташвиш омадаанд.

Раҳбари гурӯҳи таҳиякунандаи гузориши “Озодии матбуот дар соли 2013-ум” пажӯҳишгари баландпояи созмони Хонаи Озодӣ (Freedom House) Карин Дойч Карлекар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта аҳли олам шоҳиди рушди назарраси озодии воситаҳои ахбори умум дар Ховари Миёна буд, вале ба ваҷҳи умум инқирози озодии матбуот дар гӯшаҳои мухталифи олам идома дошт.

Хонум Карлекар афзуд, ки соли гузашта маҳдудшавии фазои озоди расонаҳо, ба хусус дар Русия, эҳсос мешуд. Дар ин кишвар ба як навъе назорати комил болои телевизион, радио ва нашрияҳо танзим шудаасту президенти ин кишвар Владимир Путин ин имтиёзро дар маъракаи интихоботиаш ва дигар рӯйдодҳои муҳим истифода бурдааст. Ба қавли номбурда, соли гузашта мақомоти Русия тавассути қабули чандин қонуну оинномаи нав сензураи интернетро, ки нисбатан озод буд, раҳандозӣ карданд.

Карлекар мегӯяд, дар миёни кишварҳои шомили гурӯҳи бадтарини бадтаринҳо се ҷумҳурии собиқ шӯравӣ: Туркманистон, Узбакистон ва Беларус ҷойгир шудаанд. Ӯ меафзояд: “Ду кишваре, ки дар он фазои бадтарини озодии матбуот қайд шудааст: Туркманистону Узбакистон, дар Осиёи Марказӣ ҷойгиранд ва вазъи ин минтақа ба ваҷҳи умум бад аст. Агар онро васеътар ҳамчун минтақаи Авро-Осиё мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, он дар раддабандии минтақаҳои бузург ҷои поинтаринро ишғол мекунад. Ҳатто поинтар аз Ховари Миёна. Мо аз вазъи ин минтақа, ки дар он матбуот ба қадри қобили мулоҳиза маҳдуд аст, нигарон мебошем.”

Дар айни замон раҳбари гурӯҳи таҳиякунандаи гузориши солонаи озодии матбуот дар созмони Хонаи Озодӣ ишора кард, ки дар муқоиса бо мамолики дигари Осиёи Марказӣ, вазъи Қирғизистон нисбатан озодтар аст ва расонаҳо имкони бештар ва озодтари кору таҳияи гузоришҳоро дар ихтиёр доранд. Дар Қазоқистон бошад, ба қавли муаллифони гузориш фазои озоди матбуот ба таври муназзам маҳдуд мешавад. Соли 2012-ум дар ин кишвари Осиёи Марказӣ 40 нашрияи мухолифин баста шуда, даҳҳо нашрияву рӯзноманигори мустақил муҷозот шудаанд.

Хонум Карлекар изҳор намуд, ки соли гузашта вазъи озодии матбуот дар Афғонистон беҳбуд ёфт: “Соли гузашта дар раддабандии мо вазъи Афғонистон беҳтар шудааст. Ба истиснои Бурма (Мянмар) дар Афғонистон воқеан бузургтарин беҳбуди минтақаи Осиё ба чашм хӯрд. Соли 2012-ум дар Афғонистон хушунат бар зидди рӯзноманигорон коҳиш ёфт, шумораи расонаҳои мустақил, ки метавонанд ҳукумат ва сиёсатмадоронро озодона танқид кунанд, бештар бештар шуд, ҳамзамон сензураи расмӣ кам шуда, муҷозоти рӯзноманигорони афғон низ коҳиш ёфт. Хуллас, дар Афғонистон мо шоҳиди як идда равандҳои мусбат будем, ки яке аз қиссаҳои бомуваффақияти соли равон аст”.

Билохира, Карлекар иброз дошт, ки вазъи озодии матбуот дар Эрон, ки дар раддабандии озодии матбуот аз поин ҷои ҳаштумро ишғол мекунад, боиси нигаронист. Соли гузашта дар Ҷумҳурии Исломӣ таъқиби рӯзноманигорону блогнависон ба тавр васеъ ҷой дошта, фишор на танҳо расонаҳои анъанавӣ, балки интернет ва воситаҳои нави ахбори умумро фаро гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG