Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Freedom House аз таъқиби аъзои ҲНИТ


Аъзои боздоштшудаи ҲНИТ
Аъзои боздоштшудаи ҲНИТ

Созмони Freedom House мегӯяд, тамғаи "созмони террористӣ" ҳазорон узви ҳизби наҳзати исломиро дар Тоҷикистон ба хатари ҳабс рӯбарӯ кардааст.

Freedom House, ё Хонаи Озодӣ, як созмони ҳомии озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар, гуфтааст, созмони террористӣ унвон шудани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳазорон узви ин ҳизби мухолифро дар саросари Тоҷикистон ба хатари боздошт рӯбарӯ кардааст. Ин созмони марказаш дар Ню-Йорк дар баёнияи худ аз 29 сентябр ҳамчунин аз хомӯшии Амрико дар баробари ин қазия интиқод кардааст.

Даниэл Калингарт, муовини раҳбари Freedom House дар баёнияаш мегӯяд: “Ҳукумати Тоҷикистон алакай роҳбарони аршади ҳизби наҳзати исломро ба ҳабс кашонда, раисашро маҷбур ба ҳиҷрат кардааст. Созмони террористӣ унвон шудани он 40 000 узваш дар саросари кишварро бо таҳдиди ҳабс рӯбарӯ мекунад.”

Калингарт дар идомаи баёнияаш аз хомӯшии Амрико дар баробари ин қазия интиқод мекунад: “Ҳукумати Ийолоти Муттаҳида бо хадамоти амниятии Тоҷикистон равобити наздик дошта, аз соли 2007 ба ин тараф танҳо барои барномаҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир беш аз 130 миллион доллар кумак расондааст. Бисёре аз гирандагони ин ёриҳо онҳоеянд, ки ҳоло ҳизби наҳзати исломиро таъқиб мекунанд. Инки Ийолоти Муттаҳида то ҳол алайҳи ин саркӯб чизе нагуфтааст, шармовар аст.”

Ин дар ҳолест ки рӯзи 30 сентябр расонаҳо аз қавли сафорати Амрико дар Душанбе баёнияеро нашр карданд, ки дар он аз “маҳдуд кардани фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ” ва “таъқиби мухолифон” дар Тоҷикистон изҳори ташвиш мешавад. Сафорат гуфтааст, парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи аъзои ин ҳизбро пайгирӣ хоҳад кард.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон -- ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки шумори аъзояшро то 45 ҳазор мегуфт, дувумин ҳизби бузурги кишвар баъд аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба шумор мерафт ва баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳодияи мухолифони пешин дар соли 1997, расман фаъолияташро дубора оғоз бахшида буд. Додгоҳ дар оғози ҷанги шаҳрвандии 1992-97, низ фаъолияти ин ҳизбро мамӯъ карда буд.

Дар ҳукми Додгоҳи олӣ, ки тавассути шабакаҳои давлатӣ нашр шуд, аъзои ҳизби наҳзат ба содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва ифротгароӣ ва паҳн кардани ахбори иғвоангезона, муттаҳам шуданд. Додгоҳ гуфт, ҳизби наҳзат мехост вазъро ноором кунад ва бо роҳи зӯрӣ ҳукуматро ба даст биорад.

Қаблан додситонии кулли Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро ба даст доштан дар ошӯби ахири генерал Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карда буд. Гуфта мешуд, ки ин гурӯҳи мусаллаҳ қасди ҳамла ба биноҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва сохтмони Кумитаи радио ва телепвизиони Тоҷикистонро дошт, вале ноком шуд.

Аммо ҳам Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва ҳам аъзои дигари боздоштшудаи ҲНИТ ин иттиҳомро радд мекунанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи моҳи марти парлумонӣ аз ду курсияш маҳрум шуд ва мақомот гуфтанд, ки ҲНИТ нуфузашро аз даст додааст. Дар пайи интихобот як маъракаи густардае бо талаби бастани ин ҳизб дар Тоҷикистон оғоз ёфт.

Феълан раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷӣ кишвар ба сар мебарад ва 13 узви аршади он бо иттиҳоми даст доштан дар таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG