Пайвандҳои дастрасӣ

Хонаи Озодӣ Тоҷикистонро кишвари "маҳрум аз озодӣ" хонд


Арк Паддингтон, ноиб-президенти Хонаи Озодӣ

Арк Паддингтон, ноиб-президенти Хонаи Озодӣ

Хонаи Озодӣ мегӯяд, соли гузашта амалиёти низомии нерӯҳои ҳукуматӣ дар Бадахшон боиси рукуди озодиҳо дар Тоҷикистон шудааст.

"Дар ҳоле ки соли гузашта мизони озодиҳо дар 12 кишвари Шӯравии собиқ ба ваҷҳи умум маҳдуд шудааст, зуҳури ҷунбишҳои мардумии пуштибони ислоҳот ба нерӯи пешбаранда ва тавсеадиҳандаи озодӣ дар Ховари Миёна табдил ёфт.” Ин аст яке аз хулосаҳои асосии гузориши солонаи созмони ғайридавлатии Хонаи Озодӣ ё худ Freedom House бо номи Озодӣ дар соли 2013, ки рӯзи чоршанбе интишор ёфт.

Арк Паддингтон, ноиб-президенти Хонаи Озодӣ, мегӯяд, гузориши солонаи ин созмони байналмилалӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки режимҳои муосири худкома бомаҳорат шудаанд. Онҳо чорчӯби қонунро таҳрифу нодида мегиранд. Онҳо моҳирона аз дастгоҳи тарғибу ташвиқ истифода мебаранд. Ба қавли Паддингтон, аз замони инқилоби Араб ин режимҳои худкома асабонӣ ҳастанду таъқиби ҷунбишҳои мардумии тарафдори ислоҳотро афзоиш додаанд.

Ба ақидаи созмони Хонаи Озодӣ, соли 2012 дар Тоҷикистон вазъи озодиҳои шаҳрвандӣ рӯ ба рукуд будааст, зеро амалиёти низомии нерӯҳои ҳукуматӣ дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон боис ба фавти даҳҳо нафар, куштори бидуни муҳокимаи афрод ва таъқиби матбуот гардид. Хонаи Озодӣ Тоҷикистонро ба монанди дигар кишварҳои минтақа: Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон дар шумори кишварҳои “маҳрум аз озодӣ” ёд намудааст. Бар пояи меъёрҳои ин созмони байналмилалии мустақар дар Амрико, ягона кишвари “қисман озод”-и Осиёи Марказӣ Қирғизистон будааст.

Ба қавли муаллифони гузориш, баъд аз эътирозҳои хунини моҳи декабри соли 2011 дар Жанаозен вазъи расонаҳои Қазоқистон ногувор шуд. Дар давоми соли 2012 мақомоти қазоқ рӯзномаҳои мухолифинро баста, дастрасӣ ба сайтҳои интернетии мухолифин ва шабакаҳои иҷтимоиро борҳо манъ кардаанд.

Муаллифони гузориши солонаи Хонаи озодӣ навиштаанд, бозгашти Владимир Путин ба курсии раёсати ҷумҳурии Русия ба давраи нави таъқиби озодиҳо дар ин кишвар ва минтақаи Авру-Осиё замина гузошт. Пас аз савганди раёсатҷумҳурӣ дар моҳи май, президент Путин бо ҳадафи барҳам задани фаъолиятҳои мустақили сиёсиву шаҳрвандӣ як идда санадҳоеро имзо кард, ки эътирозҳову гирдиҳамоиҳо, кори созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳамчунон истифодаи интернетро маҳдуд мекунанд. Режими Путин фаъолияти Оҷонсии байналмилалии рушди Амрико (USAID)-ро дар қаламрави Русия манъ кард. Ҳамин гуна пахши барномаҳои расонаҳои хориҷӣ дар Русия душвор шудааст. Дар охири соли гузашта Русия дар ҷавоб ба қабули қонуне, ки мансабдорони поймолкунандаи ҳуқуқи башар дар Русияро мавриди таҳрим қарор медиҳад, қонуне қабул намуда, фарзандхонии ятимони рус аз тарафи шаҳрвандони Иёлоти Мтутаҳидаро манъ кард.

Хонаи Озодӣ ба интихоботи парлумонии Гурҷистон, ки дар он эътилофи мухолифи ҳукумат бо номи Орзуи гурҷӣ сари қудрат омад, баҳои баланд додааст. Дар айни ҳол муаллифони гузориш хотирнишон мекунанд, ки баъд аз гирифтани қудрат ҳукумати нави Гурҷистон наздик ба 30 мансабдори баландпояи ҳукумати пештараро боздошт намуд, ки ба ҳар гуна овозаҳо дар бораи таъқиби сиёсӣ замина гузоштааст.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, дар соли 2012 шумораи кишварҳое, ки бар пояи ченакҳои созмони Хонаи Озодӣ ҳамчун кишвари “озод” шинохта мешаванд, мисли соли 2011 ба 90 баробар буда, аз миёни 195 кишвару минтақа 46 дарсадро ташкил додааст. 58 кишвар ва ё 30 дарсад ҳамчун кишвари “қисман озод” ва 47 кишвари дигар ва ё 24 дарсад кишварҳои “маҳрум аз озодӣ” шинохта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG