Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom House: Тоҷикистон кишвари "ноозод" боқӣ мемонад


Freedom House дар гузориши солонааш Тоҷикистонро аз нигоҳи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба радифи кишварҳои "ноозод" шомил кардааст.

Созмони байналмилалии Freedom House аз вазъи озодӣ дар Тоҷикистон интиқод карда, ин кишварро ба ҷумлаи кишварҳои "ноозод" ворид кардааст. Тоҷикистон дар гузориши солонаи ин созмони ҳомии ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ дар радифи 10 мамлакати ақибмонда дар заминаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардум, чун Афғонистон, Ироқ, Туркманистону Узбакистон ҷой гирифтааст.

Freedom House тибқи ҷадвали 7-баллааш вазъи риояи озодиҳои мардум дар Тоҷикистонро 6,5 балл баҳо додааст. Ин назар ба 7 балл баҳои Узбакистон каме беҳтар, вале аз 1 балл баҳои баландтарине, ки ба кишварҳои дар масъалаи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон намунае, чун Амрико ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дода шудааст, ба маротиб камтар аст.

Ҳамчунин, дар гузориши солонаи ин созмон, ки рӯзи 27 январ дар торнамои созмони Freedom House мунташир шуд, ба фишору маҳдудсозии фаъолияти мухолифон тавассути интихоботҳои ғайришаффоф дар Тоҷикистон ишора шудааст.

Freedom House аз ҷумла дар гузоришаш навиштааст, "ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин кишвар раҳбарӣ мекунад, ноил шуд, то ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ тамоми курсиҳояшро дар интихоботи парлумонӣ аз даст бидиҳад." Бино ба ин гузориш, мақомоти Тоҷикистон баъди интихобот "саркӯби ин ҳизбро дар тӯли чандин моҳи баъдӣ афзоиш дода, раҳбаронашро боздошт карданд ва ин созмонро, ки танҳо гурӯҳи исломии қонунӣ дар Осиёи Марказӣ буд, комилан нотавон карданд."

Дар ин гузориш аз ҷумлаи 195 кишвари ҷаҳон 86 кишвар озод ва вазъият дар 50 минтақаи дунё "бӯҳронӣ" арзёбӣ шудааст.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Freedom House танҳо Қирғизистонро "қисман озод" баҳогузорӣ кардааст. Боқӣ кишварҳои минтақа - Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон - мисли Тоҷикистон аз лиҳози мурооти ҳуқуқу озодиҳои мардум "ноозод" баҳо гирифтаанд.

Дар маҷмӯъ дар гузориши ин созмони ҳомии ҳуқуқ, ки вазъи 195 кишвари дунёро фаро мегирад, 86 кишвар аз нигоҳи риояи ҳуқуқу озодиҳои мардум озод ва 50 кишвар қисман озод баҳогузорӣ шуда, ба ҳисоби Freedom House, ба сурати умум 74 дарсади аҳолии сайёра то ҳадде аз неъматҳои озодӣ бархӯрдоранд.

Аммо 50 кишвар дар ин арзёбӣ баҳои "ноозод" гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG