Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии ду тан аз боздоштшудаҳои Роғун


Ду тан аз боздоштшудаҳои ҷамоати Қалъаи нави шаҳри Роғун раҳо шуда ба хонаҳояшон баргаштаанд. Ин раҳоии онҳо баъд аз як мулоқоти наздиконашон бо вазири корҳои дохилӣ сурат мегирад.

Авазбек Сафаров ва Аминҷон Мусамиров, ду сокини деҳаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун, баъд аз тақрибан як ҳафтаи боздошт раҳо шуда, ба назди пайвандонашон баргаштаанд. Онҳо рӯзи чоршанбеи гузашта ҳамроҳ бо як гурӯҳ аз сокинони Роғун дастгир ва баъдан ба шаҳри Душанбе оварда шуданд.

Муҳаммад Одинаев, яке аз раисони деҳаи Қалъаи Нави ҷамоати Қади Об, рӯзи 15 март дар суҳбат бо Озодӣ хабари раҳоии ду сокини ин ҷамоатро тасдиқ кард, вале гуфт, ки дар ин бора наметавонад ҷузъиёти бештар бидиҳад. Ӯ афзуд, "инҳо алакай озод шуда ба хонаҳояшон баргаштанд. Дар бораи озодии боқимондаҳо то ҳол хабар нест. Ҷамоати мо хурд аст ва ҳама якдигарро мешиносанд ва агар касе озод шуд, ҳатман хабардор мешавем. То ҷое медонем, бо боздоштушдаҳо бар асоси қонун муносибат мешавад."

Аммо бино ба иттилои дарёфтӣ раҳоии ду сокини боздоштшудаи ҷамоати Қалъаи Нави шаҳри Роғун баъд аз як мулоқоти наздикони онҳо бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ сурат мегирад. Ин мулоқот рӯзи шанбеи гузашта сурат гирифта, наздикони боздоштшудаҳо ба бегуноҳии пайвандонашон пофишорӣ кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 10 март бо нашри як иттилоия қазияи боздошти бархе аз сокинони шаҳри Роғун аз сӯи пулисро шарҳ дод. Дар хабарномаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки бархе аз ин сокинони Роғун барои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ-экстримистӣ боздошт шудаанд ва иддае дигарро барои пурсиш ҳамчун шоҳид ба сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ, даъват кардаанд.

Мақомоти ВКД таъкид кардаанд, ки чораҳои андешидашуда аз тарафи мақомоти пулис ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, "баҳри амнияти шаҳрвандон, тинҷию осудагии мардуми Тоҷикистон равона шудааст." Ин дар ҳолест, ки субҳи 9 март пайвандону наздикони гурӯҳе аз ҷавонони деҳаи Қалъаи нави шаҳри Роғун дар назди бинои шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷамъ омада, хостори озодии онҳо шуданд.

Ҳанӯз шумори дақиқи боздоштшудаҳо маълум нест, вале хешутаборашон иддао доранд, ки онҳо даҳҳо нафар ҳастанд. Дар миёни боздоштшудаҳои шаҳри Роғун имомхатиби деҳаи Қалъаи нав ва табиби ин маҳалла низ будаанд.

Хештутабори гумонбарон мегӯянд, ки аз баъзе хонаводаҳо ду-сенафарӣ боздошт шудаанд.​ Зӯҳро Ҷӯраева, як тан пайвандони ҷавонони боздоштшуда ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳангоми ибодат дар масҷиди деҳа кормандони ҳифзи ҳуқуқ ду писар ва як набераи ӯро дастгир карда ва ба шаҳри Душанбе овардаанд.

То ҳол маълум нест, ки иллати боздошти ин нафарон танҳо шеваи намозгузории дур аз мазҳаби ҳанафӣ аст ва ё мақомот онҳоро дар ҷурмҳои дигар низ муттаҳам медонанд. Аммо қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ташаббуси таъсиси гурӯҳи "Фаъолон" дар масҷидҳои Тоҷикистон хабаре пахш кард.

Дар ин хабар гуфта мешуд, масъулони Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод доранд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз шеваи ғайриҳанафии намозгузорӣ дар масҷидҳои кишвар гурӯҳҳои назоратӣ таъсис шаванд ва ба ҳайати он ҳамчунин намояндагони ҳифзи ҳуқуқ шомил шаванд. Пешинҳод ин аст, ки гурӯҳи "Фаъолон" ҳаққи боздошти афроди мавриди шубҳаро дошта бошанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои охир аз гароиши шаҳрвандон ба гурӯҳҳои мазҳабии ифротӣ ва экстремистӣ нигарон буда, дастурҳоеро дар роҳи ҷилавгирӣ аз ин раванд содир кардаанд.

XS
SM
MD
LG