Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳоии вакиле, ки истеъфои Ислом Каримовро хоста буд


Шӯҳрат Нусратов дар соли 1991 аз сиёсати Ислом Каримов шадидан интиқод карда, истеъфояшро талаб карда буд

Шӯҳрат Нусратов дар соли 1991 аз сиёсати Ислом Каримов шадидан интиқод карда, истеъфояшро талаб карда буд

Шӯҳрат Нусратов, ки барои интиқодаш аз раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов шинохта шудааст, се сол пеш аз адои муҳлати ҷазояш аз зиндон раҳо шуд.

Шӯҳрат Нусратов, вакили собиқи порлумони Узбакистон ва аз мухолифони раисиҷумҳури он кишвар Ислом Каримов се сол пештар аз адои муҳлати ҷазояш аз зиндони шаҳри Навоӣ озод шудааст. Ӯ соли 2012 бо айбномаи ҷиноятҳои иқтисодӣ барои 7 сол равонаи зиндон шуда буд.

Мақомоти расмии Узбакистон замон ва далели раҳоии Шӯҳрат Нусратовро шарҳ надодаанд. Вале манобеи бахши узбакии Озодӣ мегӯянд, ки озодии ин вакили пешини Узбакистон рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ сурат гирифтааст.

Шӯҳрат Нусратови 69-сола яке аз мухолифони сиёсати Ислом Каримов аст ва ҳатто 25 соли пеш дар иҷлосияи 7-уми Шӯрои Олии Узбакистон истеъфои ӯро талаб карда буд. Ӯ дар ин иҷлосия алайҳи қонун "Дар бораи таъсиси Хадамоти амнияти миллӣ" дар соли 1991, ки тибқи он ин ниҳод бояд ба таври мустақим ба президент итоат мекард, суханронӣ карда буд.

Нусратов он замон гуфта буд, "иктишоф (разведка) ва зиддииктишоф (контразведка) бо тамоми воситаҳои техникӣ ба дасти як нафар, яъне, Ислом Каримов мегузарад. Ин қобили қабул нест. Қатъиян ба ин кор роҳ набояд дод. Агар ҳоло гузашт кунем, моро таъқиби солҳои 1937-1940 интизор аст. Мо ҳоло оқибатҳои онро тасаввур карда наметавонем. Рафиқон, ба хусус, бо таваҷҷӯҳ ба хислатҳои идоранашавандаи президент Шумо миқёси ин даҳшатро тасаввур карда наметавонед. Фардо мо ва Шуморо ба зиндон мебаранд".

Баъд аз муддати кӯтоҳ Шӯҳрат Нусратов аз мақоми котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳияи Куйбишеви Узбакистон барканор шуд. То замони зиндонӣ шудан ӯ ба соҳибкорӣ машғул шуда ва ба ҳайси яке аз мудирони корхонаи истеҳсоли пивои "Carlsberg Uzbekistan" фаъолият кард. Вале соли 2012 бо айбномаи иқтисодӣ равонаи зиндон гардид.

Ислом Каримов раҳбари аз ҳама дарозумр дар паҳнои пасошӯравӣ ба шумор меравад. Ӯ соли 1989, вақте ҳанӯз Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, ба мақоми котиби якуми кумитаи марказии ҳизби коммунисти Узбакистон расид ва, инак, 28 сол боз ба ин кишвари пураҳолитарини Осиёи Марказӣ раҳбарӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG