Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии бародари Ҳоҷӣ Ҳалим баъди ним соли боздошт


Акси Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим)
Акси Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим)

Салим Назаров, бародари 47-солаи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, баъди ним соли боздошт аз зиндон раҳо шудааст. Салим Назаров пас аз се моҳи ошӯби бародараш дар охири соли 2015 боздошт шуда буд.

Ӯ аз шаш бародар, бародари чоруми Ҳоҷӣ Ҳалим аст. Мақомот ҳодисаҳои хунини аввалҳои моҳи сентябри соли 2015-ро, ки дар пайи он 14 корманди нерӯҳои интизомӣ кушта шуд, кори дасти Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба номи Ҳоҷӣ Ҳалим медонанд. Пас аз он ки мақомот Ҳоҷӣ Ҳалимро дар қасди табаддулоти давлатӣ айбдор донистанд, қисме аз пайвандонаш боздошт шуданд.

Салим Назаров, ки пас аз озод шудан дар манзили зисташ қарор дорад, нахост бо мо сӯҳбат кунад. Аммо Сайфиддин Наҷмиддинов, як тан аз наздикони ӯ рӯзи 5 июл ба Озодӣ гуфт, ки Салим ҳоло ба табобат машғул аст ва ба касе хуши сӯҳбат кардан надорад.

Вай афзуд: “Саломатиаш аз қабл хуб набуд. Ҳоло озод шудааст ва фақат пайи табобат аст. Як духтар дорад ва дигар фарзанддор ҳам нашуд. Дар замони ҷанг тарсида буд ва зуд-зуд бемор мешуд.”

Наздиконаш мегӯянд, сабаби боздошт ва озод шудани Салим Назаров барояшон рӯшан нест ва касе низ барояшон чизе нагуфтааст. Аммо як манбаъ аз мақомоти интизомӣ 5 июл ба Озодӣ гуфт, пас аз кушта шудани Абдуҳалим Назарзода дар рӯзи 16 сентябр Салим ва Ҷамол, ду бародари ӯ аз маҳалли зисташон фирор карданд. “Фирори онҳо боис шуд, ки мақомот ба хабар доштану даст доштанашон ба ошӯби мусаллаҳонаи Абдуҳалим Назарзода шубҳа кунанд,” – афзуд ӯ.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, маълум шуд, ки Ҷамол Назаров, бародари Абдуҳалим Назарзода воқеан аз ин ошӯб хабар доштаааст. Аммо, ба қавли ӯ, пас аз пурсишҳои тӯлонӣ ва рӯбарӯ кардан бо шоҳидон маълум шудааст, ки Салим Назаров аз чизе хабар надоштааст.

Абдуҳалим Назарзода 56 сол дошт ва пас аз баста шудани созишномаи сулҳ дар соли 1997 раҳбарии баталёни 25-умро, ки аз ҳисоби нерӯҳои Иттиҳоди мухолифин созмон ёфта буд, бар ӯҳда гирифт. Баъдан, ба кор дар Вазорати мудофиа гузашт ва то ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли гузашта муовини вазири дифои Тоҷикистон буд. Ӯ шаш бародараш дошт. Рӯзи 16 июн ҳамроҳ бо худаш се бародараш кушта шуданд.

Мақомоти расмӣ эълон карданд, ки се бародараш барои гуфтушунид мехостанд, назди Ҳоҷӣ Ҳалим бираванд, вале аз тири тарафдорони ӯ кушта шудаанд. Ҳоло Ҷамол Назаров, як бародари ӯ дар боздошт қарор дорад ва як бародари дигараш бо номи Ғолиб Назаров дар Русия ба тиҷорат машғул аст. Салим ягона бародари Абудҳалим Назаров ҳаст, ки пас аз боздошт аз зиндон раҳо мешавад.

Пас аз ҳодисаи 4 сенябри соли 2015 писарони Ҳоҷӣ Ҳалим низ бозхдошт шуданд. Ду писараш озод шуд, вале Бахтиёр Назаров - фарзанди 28-солаи ӯ барои "даъвати оммавӣ ба хотири тағйири сохти конститутсионӣ", "даъват барои бетартибиҳои оммавӣ" ва талоши "барқасдона хабар надодан аз ҷинояти мудҳиш" ба 22 соли зиндон маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG