Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давоми ду рӯзи охир аз зиндони занонаи Норак ва маҳбаси Ёвон беш аз 500 нафар озод шуда, ба қавли мақомоти Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноӣ, ба назди хонаводаашон баргаштаанд. Як манбаъ дар Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 31-уми август ба Озодӣ гуфт, раҳоии ин гуруҳи маҳбусон бар асоси қонуни афв сурат гирифтааст.

Мусоҳиби мо гуфт, "дирӯз аз маҳбаси занона дар Норак ҳудуди 130 зан озод карда шуданд. Имрӯз аз зиндони Ёвон беш аз 400 нафар озод гардиданд. Инчунин, аз муаасисаи тарбиявии ноболиғон ё маҳбаси ноболиғон теъдоди хурдсолону наврасон озод карда шуданд."

Қаблан ҳадс зада мешуд, ки дар рӯзи раҳо шудани занон аз маҳбаси Норак, Зарафо Раҳмонӣ, аз раҳбарони ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва Муаттара Ҷӯраева, собиқ наттоқи телевизиони Тоҷикистон, низ озод хоҳанд шуд. Аммо наздикони Зарафо Раҳмонӣ гуфтанд, ки вай дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати адлия (СИЗО) нигоҳдорӣ мешавад ва ҳанӯз ҳам озод нашудааст. Вале фарзанди Зарафо умедворӣ кард, ки модараш рӯзҳои наздик аз боздоштгоҳ раҳо хоҳад шуд.

Як масъули Раёсати ислоҳии вазорати адлия дар робита ба Муаттара Ҷӯраева гуфт, ки чун вай маблағи ҷубронро натавонистааст пардохт кунад ва бар асоси қонуни афв 2 солу 6 моҳ аз мӯҳлати давраи ҷазои 5 солу 5 моҳааш кам карда шуд ва 2 солу 9 моҳи дигар бояд дар маҳбас нишинад.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 17 марти соли 2015 Муаттара Ҷӯраеваро дар қаллобӣ муҷрим шинохт ва 9 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Он замон додраси парванда гуфт, бар пояи қонуни афви соли 2014 аз се як ҳиссаи ҳукми Ҷӯраева кам шуда, бо назардошти шаш моҳи ҳабси пешакӣ 5,5 сол равонаи зиндон мегардад.

Қонуни афв дар остонаи ҷашни 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон аз сӯи раиси ҷумҳур пешниҳод шуда ва ҳафтаи гузашта аз сӯи вакилони порлумон тасвиб гардид. Бар пояи ин қонун гуноҳи беш аз 12 ҳазор нафар, аз ҷумла 3 ҳазор зиндонӣ бахшида хоҳад шуд.

Нисбат ба шахсоне, ки ба ҷазои якумрӣ маҳкум шудаанд, қонун "Дар бораи авф" татбиқ карда нахоҳад шуд

Тарҳи қонуни афвро рӯзи 24-уми август Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси Намояндагон муаррифӣ кард ва гуфт, "онҳое, ки одам куштаанд, бо гуноҳи терроризм ва ифротгароӣ ба зиндон маҳкум шудаанд, ё ҷиноятҳои «муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат» содир кардаанд, афв нахоҳанд шуд."

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, қонун "Дар бораи афв" нисбат ба афроде, ки дар кофтукоби ҷиноятӣ қарор дошта ва берун аз кишвар ба сар мебаранд (ба истиснои онҳое, ки ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд), низ татбиқ мешавад. Раиси Додгоҳи олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён ҳам гуфт, ин қонун нисбат ба он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби додгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ маҳкум шудаанд ва барои идомаи адои ҷазо ба дохили кишвар интиқол дода шудаанд, амалӣ мешавад.

Ин қонун аз 22 модда иборат аст ва вакилон пас аз баҳсу баррасии дусоата, барои қабули ҳар як модда алоҳида-алоҳида ва ҳам барои ин қонун дар маҷмӯъ, раъй доданд ва он бо иттифоқи оро тасвиб шуд.

​Кӣ афв мешавад?

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, мувофиқи моддаи якуми қонун занону ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гурӯҳҳои якум, дуюм ва сеюм, беморони гирифтори саратон, беморони дил, сил, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони рафъи паёмади фалокати нерӯгоҳи атомии Чернобил, афроде, ки мукофоти давлатӣ гирифтаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ аз гурӯҳи афроде ҳастанд, ки қонуни авф нисбат ба онҳо татбиқ мешавад.

Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ қонуни мазкур нисбати зиёда аз дувоздаҳ ҳазор нафар муттаҳам ба ҷиноят, боздоштшудагон ва зиндониён татбиқ мешавад.

Дар шарҳи тарҳи Қонун дар бораи афв дар Тоҷикистон омадааст, ки "ҳангоми таҳияи лоиҳа ба шахсоне, ки бори аввал ҷиноят содир намудаанд, диққати махсус дода шудааст. Аз ҷумла, онҳое, ки барои бори аввал содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд. Онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд ё барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда, аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд."

Ҳамчунин гуноҳи онҳоеро мебахшанд ва аз зиндон озод мекунанд, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят кардаанд, масалан сабаби садамаи автомобилӣ шудаанд.

Кӣ афв намешавад?

Бар асоси тарҳи Қонуни афв онҳое, ки одам куштаанд, бо гуноҳи терроризм ва ифротгароӣ ба зиндон маҳкум шудаанд, ё ҷиноятҳои «муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат» содир кардаанд, афв намешаванд. Дар шарҳи қонун ҳамчунин омадааст, "нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд, шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, шахсоне, ки қаблан мувофиқи қонунҳо «Дар бораи авф» аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё адои ҷазо озод карда шудаанду боз ҷиноят содир намудаанд, шахсоне, ки дар маҳали адои ҷазо ҷиноят содир намудаанд ва маҳкумшудагоне, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ ба маҳбас гузаронида шудаанд, Қонун «Дар бораи авф» татбиқ карда намешавад."

Охирин қонуни афв дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2014 дар арафаи 20-умин солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон қабул шуда буд ва бар асоси он беш аз 10 ҳазор маҳбусу афроди гумонбар ба содир кардани ҷинояти мухталиф ба назди пайвандонашон баргаштанд.

Тибқи муқаррарот бояд "Қонуни афв" баъди баррасӣ ва тасвиб шуданаш дар порлумони Тоҷикистон бояд дар муддати се моҳ амалӣ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG