Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон имкон доранд, ки давоми ду соли оянда дар бемористони марказии ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба таври ройгон табобат бигиранд.

Бунёди Оғохон барои табобати сокинони ноҳияи Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон, ба Бемористони марказии Шӯрообод дар ҳаҷми 190 ҳазор сомонӣ барои таҷҳизотҳои замонавӣ ҷудо кардааст. Ин лоиҳа сар аз соли 2016 роҳандозӣ шуда, то соли 2018 идома меёбад ва дар ин давра сокинони Хоҳони Афғонистон имконият доранд, дар ин бемористон ройгон табобат бигиранд.

Абдулҳаким ибни Наврӯз, сокини ноҳияи Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон аввалин нафаре мебошад, ки тариқи ин барнома дар бемористони Шӯрообод ҳамроҳи хоҳараш табобат мегирад. Вай рӯзи чоршанбеи 27 январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар Хоҳон табибон камшумор мебошанд ва бештар занон замони ҳомиладорӣ талаф меёбанд. Ба гуфтаи ҷаноби Абдулҳаким, хоҳари ӯ низ замони

Абдулҳаким ибни Наврӯз.

Абдулҳаким ибни Наврӯз.

таваллуди кӯдак азият кашид ва се рӯз дар Хоҳон як табибе пайдо карда натавонистанд, то дарди хоҳарашро бифаҳмад. Ӯ мегӯяд, ки баъди огоҳ шудан аз ин барнома, аз марзбонҳо иҷоза гирифтанд ва хоҳарашро ба Шӯрообод расониданд.

Вай афзуд, ки «дар замистон умуман дар Хоҳон табибон нестанд ва дар фасли гармо бошад табибони бидуни марз омада, як тафтиш мегузаронанду мераванд. Мо то роҳандозӣ шудани ин барнома, ба маркази вилоят ва ҳатто барои табобат ба Кобул мерафтем, аммо ин барнома барои афғонҳои Хоҳон бештар мусоидат мекунад.»

Табибони ноҳияи Шӯрообод мегӯянд, ки дар он сӯи марз бештар занон ҳини ҳомиладорӣ азият мекашанд ва аз набуди табиб, атфол ва ё модаронашонро хатари марг таҳдид мекунад. Ниёзмад Ҷонмадов, ҷарроҳи бемористони ноҳияи Шӯрообод дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бинобар нарасидани табибон дар Хоҳон, чандин кӯдак дар батни модаронашон фавтидаанд.

«Як чизро мо мушоҳида кардем, тифли дар батни занони афғон буда, калонтар аст, аз ин рӯ, дар онҷо, ки табиб намерасад ва зери назорат нест, барои ҳамин ба ин ҳолатҳо гирифтор мешаванд. Мисол, ҳамин зане, ки мо бо ҷарроҳи фарзанди ӯро гирифтем, ӯ се рӯз қабл дар

Ниёзмад Ҷонмадов

Ниёзмад Ҷонмадов

батнаш мурда буд. Агар сари вақт намеомад, эҳтимол фавти модар низ ба қайд гирифта мешуд.»

Зимнан,соли 2013 ҷониби Тоҷикистон ба мардуми ноҳияи Хоҳони Афғонистон мошини «Ёрии таъҷилӣ» ҳадя кард, ки ба наҷотбахши беморону ниёзмандони афғон табдил ёфт. Аммо Мадисмон Саидов, сардори бемористони Шӯрообод мегӯяд, ки тай ду соли ахир шаҳрвандони афғон камтар ба онҳо муроҷиат мекарданд ва беморонашонро бештар ба маркази вилояти худ ва ё Кобул мебурданд.

Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, ҳоло бо роҳандозӣ шудани ин барнома, аллакай афғонҳо талош доранд беморҳояшонро ба Шӯрообод биёранд. Ӯ мегӯяд, онҳо кӯшиш доранд дар назди пуле, ки бо маблағгузории Бунёди Оғохон дар минтақаи Шоҳони Тоҷикистон ва Хоҳони Афғонистон сохта шуда ва дар он бозори наздимарзӣ таъсис дода мешавад, бо кӯмаки Бунёди Оғохон як бунгоҳӣ тиббӣ таъсис бидиҳанд.

Овардани беморони вулусволии Хоҳони Афғонистон ба Шӯроободи Тоҷикистон дар ҳоле имконпазир шуд, ки ҳукумати Олмон ба Хазинаи Оғохон ҳамчун иҷрокунандаи тарҳи бунёди пули 162-метра дар ин мавзеъ, беш аз 3 миллион доллар ҷудо кард. Ва ҳоло сохтмони ин пул ба анҷом расидааст, аммо то кунун мавриди истифода қарор нагирифтааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG