Пайвандҳои дастрасӣ

Интернети ройгон барои донишҷӯён дар Суғд аз "Мегафон"


Бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.

Бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.

Барои ҳазорон донишҷӯёни Суғд дар донишгоҳҳо интернети ройгон дастрас шуд. Ширкати “Мегафон” сайри толибилмону устодони донишгоҳҳо танҳо ба саҳифаи ‘Wikipedia’ ва як саҳифаи дигари баргузидаашон фароҳам намуд.

Барои ҳазорон донишҷӯёни Суғд дар донишгоҳҳо интернети ройгон дастрас шуд. Ҳарчанд ширкати “Мегафон” сайри толибилмону устодони донишгоҳҳо танҳо ба саҳифаи ‘Wikipedia’ ва як саҳифаи дигари баргузидаашон фароҳам намуд, вале онҳо ин имконро низ қадаме нав барои раҳёбӣ ба олами маҷозии шабакаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мекунанд.

Истифодаи бепули интернети Wi-Fi ва ё бесимро барои ҳудуди 22 ҳазор донишҷӯи 3 донишгоҳи Суғд : Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи кӯҳиву металлургии шаҳри Чкаловро ширкати “Мегафон” фароҳам намуд. Холмат Ҷӯрабоев, раҳбари бахши тиҷоратии ин ширкат, рӯзи 12 -уми ноябр зимни муаррифии ин барнома дар ҳузури донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гуфт, ширкаташ ба хотири кӯмак ба донишҷӯён дар таҳсилу омӯзиш тавассути баҳрабардорӣ аз махзани илму фанноварӣ аз шабакаи ҷаҳонӣ, ба онҳо интернети бепул тақдим мекунад.

Ин дар ҳолест, ки дар 2 - 3 соли охир фазои фарогирии интернети бесим дар Тоҷикистон вусъати тоза мегирад ва оҳиста-оҳиста ҷойгузини интернети ноқилӣ мегардад. Зафар Шафиев, раҳбари маркази фанновариҳои иттилоотӣ бо номи “Кова” мегӯяд, ҳоло ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар кишвар бо пешниҳоди интернети ройгони Wi-Fi корбаронро ба истифодаи ин навъи интернет ташвиқ карда, баъдан бо пулакӣ намудани он, шумораи муштариёни худро афзун мекунанд.

Ба гуфтаи вай, ҳоло интернети Wi-Fi умдатан дар минтақаҳое дар Душанбе - пойтахт, маркази вилоятҳо ва бархе шаҳрҳои кишвар дастрас аст, вале ба тадриҷ вусъат ёфтани фазои фарогирии он ба назар мерасад. Мусоҳибам афзуд, “ба мушоҳидаи ман, дар тақрибан ду соли охир меҳмононе, ки аз хориҷ ё Душанбе меоянд, барои будубош меҳмонхонаҳоеро интихоб мекунанд, ки интернети Wi-Fi дошта бошанд. Ҳамин тавр, онҳо барои баргузории ҳамоишу таомхурӣ низ толору тарабхонаҳоеро бартарӣ медиҳанд, ки бемушкил ба шабакаи ҷаҳонӣ ворид шуда тавонанд.”

Мусоҳибам мегӯяд, “бино ба маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон 7 ширкати фароҳамкунандаи интернет, 4 ширкати мобилӣ ва як иттиҳодия интернет ва бештари онҳо навъи Wi-Fi-ро барои муштариёни худ дастрас мекунанд. Рақобати шадиди байни онҳо барои ҷалби муштариён дар ду соли охир нархи дастрасӣ ба интернети Wi Fi - ро поин бурда, ҳоло ба 45 сомонӣ 4 гигабайт ва ба 140 сомонӣ 15 гигабайт интернети баландсуръатро метавон дастрас намуд. Вале дастрасӣ ба Wi Fi босуръат бо харидани роутер ба арзиши аз 200 то 600 сомонӣ ба даст меояд, ки ба кисаи корбарони одии интернет гарон меафтад. Ин навъи Wi-Fi барои истифодаи якҷояи кормандони идораву муассиса ва ширкату корхонаҳо хуб аст, ки дар коргоҳ як фазои дастрасӣ ба интернет ва робитаи умумӣ, ба истилоҳ “вай фай комюнике” – ро ба вуҷуд меорад.

Иттиҳодияи ироакунадагони интернет дар Точикистон шумораи истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистонро ҳудуди 4 миллион нафар ё ними сокинони кишвар меномад. Вале аз ин шумор қисмати каме ба тарзи доимӣ ва фаъол ба интернет ворид мешаванд.

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

Асомуддин Атоев, раҳбари ин иттиҳодия гуфт, дар бораи корбарони интернети навъи Wi-Fi дар Тоҷикистон маълумоте дар даст надорад, вале шурӯъ аз соли 2012 Wi-Fi фазоро барои интернет – кафеҳо танг мекунад: “Ҳоло бархе қаҳвахонаву тарабхонаҳо дар толорҳои худ ба таври ройгон интернети Wi-Fi пешниҳод мекунанд ва бо ин роҳ муштариёни бештареро ҷалб кардан мехоҳанд. Масалан, ҳудуди як сол мешавад ду хатсайри 3 ва 8 - и автобус дар Душанбе интернети Wi-Fi доранд.”

Қабл аз ин, ба гуфтаи вай, бархе меҳмонхонаву ширкату корхонаҳо, осоишгоҳҳо ва майдони ҳавоии Душанбе ба пешниҳоди ройгони интернети бесим барои муштариёни худ шурӯъ карда буданд.

Бо ин вуҷуд аз нигоҳи Асомуддин Атоев, интернети бесим ё Wi-Fi ҷойгузини интернети ноқилӣ нахоҳад шуд, балки дар канори он фазоҳоеро бо амвоҷи шабакаи ҷаҳонӣ пур хоҳад кард.

Аз нигоҳи Зафар Шафиев, раҳбари маркази фанновариҳои иттилоотӣ ба номи “Кова” дар Хуҷанд, бо ин вуҷуд дар ҳоли ҳозир интернети Wi-Fi дар Тоҷикистон ҳанӯз ба гӯшаву канорҳои кишвар раҳ наёфта, ҳамчунин ба як ҷузъи дастрасиҳои оддӣ дар меҳмонхонаву толорҳои фароғатӣ, осоишгоҳҳо ва тарабхонаву қаҳвахонаҳо табдил нашудааст ва умдатан Wi-Fi – и ройгон суръати паст дорад. Вай афзуд, аз ҳудуди 10 меҳмонхонаи шаҳри Хуҷанд танҳо дар ду – сеи онҳо интернети баландсуръат ва мунтазам дастрас аст ва дар чанде дигар меҳмонхонаву тарабхонаҳо, интернет ба ном вуҷуд дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG