Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 толибилм аз Кӯлоб аз мадрасаҳои хориҷӣ барнагаштаанд (ВИДЕО)


Акс аз бойгонӣ. Ҳангоми баргаштани донишҷӯён аз мадрасаҳои хориҷ дар соли 2011.
Акс аз бойгонӣ. Ҳангоми баргаштани донишҷӯён аз мадрасаҳои хориҷ дар соли 2011.

Тибқи иттилоъи додситонии вилояти Хатлон, то ҳанӯз 40 ҷавони минтақаи Кӯлоб дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд.

Акобир Иззатуллоев, муовини додситони вилояти Хатлон ахиран дар як нишаст дар шаҳри Кӯлоб гуфт, "ба иттилое, ки дар дасти мост, то ҳанӯз аз қаламрави шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар мактабҳои динии хориҷи кишвар 40 нафар ҷавон ба таври ғайрирасмӣ таҳсил мекунанд."

Ҳафтае пеш Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб гуфта буд, ки танҳо аз ин шаҳр 11 нафар то ҳол дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ ба таври ғайрирасмӣ таҳсил мекунанд. Ҷаноби Раҳмонов афзуд, ки "ҳукумат барои баргардонидани ин ҷавонон талош хоҳад кард."

Ба иттилоъи додситонии вилояти Хатлон, аз ин вилоят дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ 301 нафар ҷавон ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд ва дар пайи дастури 4 сол пеши раисиҷумҳур ҷиҳати баргардонидани онҳо, аксарияти ин ҷавонон ба ватан бозпас оварда шуданд.

Ҷаноби Иззатуллоев афзуд, аз шумораи баргардонидашудагон 17 нафарашон ноболиғанд ва онҳо барои идомаи таҳсил ба мактабҳои миёна ҷалб шудаанд.

Ҳамзамон вай гуфт, 26 ҷавоне, ки дар донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, низ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон сафарбар шуда, 14 нафари дигар бо назардошти сину сол ба хизмати ҳарбӣ ва 36 нафар ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд. Ҳамчунин ба иттилои муовини додситонии вилояти Хатлон, 150 ҷавони баргашта бо ҷойи кор таъмин гардида ва ҳоло 16 тани дигар бекоранд.

Дар ҳоле, ки мақомот мегӯяд, бисёре аз ҷавонони баргардонидашуда ба мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон барои идомаи таҳсил ҷалб шудаанд, мақомоти ҳукумати ноҳияи Восеъ мегӯяд, аз 53 нафар ҷавони зодаи ин минтақа, ки дар мадрасаҳои динӣ таҳсил мекарданд, танҳо ба 6 ҷавон иҷозаи идомаи таҳсил дар донишкадаи исломии Тоҷикистон дода шудааст.

Ҳамзамон Ҳикматулло Абдукаримов, мутахассиси бахши дини ҳукумати ноҳияи Восеъ гуфт, ҳамаи ин ҷавонон зери назорати қатъии мақомоти ҳукумати ноҳия ва ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ қарор доранд. Ҳатто ба гуфтаи вай, "9 нафар ҷавоне, ки ба Русия барои муҳоҷират рафтаанд, аз тариқи телефонҳои мобилӣ ҳамеша аз ҳолу аҳволашон хабардор мешавем."

Нозирони умур мегӯянд, матраҳ шудани таҳсили ҷавонон дар мадрасаҳои исломии кишварҳои исломӣ ва зери назорат қарор гирфтани онҳое, ки ба ватан баргардонида шудаанд, ба маънии дар ташвиш будани мақомоти Тоҷикистон аз ин қишр аст. Афзоиши рӯҳияи мардум дар Тоҷикистон, кишваре ки 97 дарсади аҳолиаш мусалмон аст, ин нигарониҳоро бештар мекунад.

Нозирони умур мегӯянд, мақомот бо вуҷуди талошҳо ва фишор болои хонаводаҳо натавонистаанд пеши роҳи рафтани толибилмони тоҷик барои таҳсил ба мадориси исломии хориҷиро пурра бигиранд. Онҳо мегӯянд, барои мисол, дар қаламрави минтақаи Кӯлоб ягон мактаби динӣ расман фаъолият намекунад ва ин дар ҳолест ки ташнагӣ ба донишҳои исломӣ дар байни аҳолӣ зиёд аст, ки онҳоро дар ҷустуҷӯи илми динӣ ба хориҷ тела медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои додситонии вилояти Хатлон, дар соли 2013 барои таълими динии ғайриқонунӣ алайҳи 8 сокини шаҳри Кӯлоб парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG