Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хона ба 46 омӯзгори мактаби президентӣ


Зимни сафари кории раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд, як бинои иборат аз 46 хона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки гуфта мешавад, дар он омӯзгорон зиндагӣ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи шанбеи 14-уми сентябр дар шаҳраки Чкалови вилояти Суғд ҳамчунин аз мактаби президентӣ дидан намудааст. Аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳур иттилоъ доданд, ки ин бино барои омӯзгорони мактаби президентӣ азнавсозӣ шудааст ва ҳудуди 90 дар сади омӯзгорони ин мактаб соҳиби хонаи истиқоматӣ шудаанд. Манбаъ афзуд, «Эмомалӣ Раҳмон аз чанд хонаи ин бино дидан карда, ба сифати корҳои сохтмон ва ороиш баҳои баланд дод.»

Тибқи иттилои манбаъ ин бино аз хонаҳои як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, бо харҷи 6 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар заминаи бинои чорошёнаи нимсохт бунёд ёфтааст.

Ҳамчунин дар рафти сафари худ Эмомалӣ Раҳмон аз қароргоҳи доимии дастаи таъиноти махсуси милитсияи вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дидан карда, бо шароити будубош ва хизматии ҳайати шахсии он шинос шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки «барои таъмини онҳо бо хӯроки серғизо ва дигар шароити зарурӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир карда шавад.»

Зимни суҳбатҳо бо роҳбарият ва ҳайати шахсии ин дастаи таъиноти махсус, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфтааст, ки "онҳо дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, ҳизфи оромию суботи ҳаёти мардум ва дар мубориза бо ҷинояткорони хавфнок саҳми арзанда доранд."

Ҳамчунин дар назар аст Эмомалӣ Раҳмон аз чанд ноҳияи ин вилоят дидан кунад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳо дар ҳоле аст, ки то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ камтар аз ду моҳ боқӣ мондааст. Дар Тоҷикистон кормандони соҳаи маориф, хусусан омӯзгорони мактабҳои миёнаро соҳиби хона кардан яке аз корҳои "нодир" дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Яъне таъмини омӯзгорон бо манзили зист аз ҷониби давлат, умдатан ба назар намерасад.

Акс аз http://president.tj/ гирифта шудааст.
Акс аз http://president.tj/ гирифта шудааст.
Масъулони соҳа мегӯянд, солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистон барои хуб кардани соҳаи маориф кӯшишҳо дорад. Ахиран Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби норасоии омӯзгорони фанни забони русӣ аз Русия омӯзгорони забони русиро ба Тоҷикистон даъват кардааст. Вале ҳафтаи охир матбуоти Русия пайваста ин масъаларо зери суол мебурданд, ки оё бо маоши омузгорони тоҷик метавонанд омӯзгорони рус кор кунанд ё не?

Аммо баъзе таҳлилгарон ба ин назаранд, ки ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷӯҳ ҳам диҳад, вале вазъи бозори кишвар бо ин "ғамхориҳо" ҳанӯз муқоисанашаванда боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG