Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик соли гузашта қариб $2 млрд фиристодаанд


Муҳоҷирони тоҷик соли гузашта аз Русия ба ватан тақрибан 2 миллиард доллар, баробар ба сеяки Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, пул фиристодаанд. Дар ин бора ба хабарнигорон Юрий Ушаков, ёвари раиси ҷумҳури Русия дар умури сиёсати хориҷӣ, хабар дод. Вай гуфт, бино ба иттилои расмӣ феълан дар Русия беш аз 870 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик қарор доранд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон соли гузашта ба тақрибан ҳафт миллиард доллар баробар буд. Аммо Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии 23 январ аз хабарнигорон хост, ки зиёд болои пули муҳоҷирони тоҷик ва таъсири он ба иқтисоди кишвар таъкид накунанд. “Иқтисоди мо ба ҷуз аз пули муҳоҷирон чизи дигар надорад?” – суол гузошта буд ӯ. Ҳамасола то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия мераванд. Масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи январи имсол гуфт, ки соли гузашта муҳоҷирати тоҷикон ба Русия то 6 дар сад кам шудааст.

XS
SM
MD
LG