Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Муҳиддин Кабирӣ даргузашт (ВИДЕО)


Тилло Кабиров
Тилло Кабиров

Тилло Кабиров, падари Муҳиддин Кабирӣ – раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ – шоми шанбе дар 95-солагӣ даргузашт. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади ӯ нимирӯзи 23 октябр дар рустои Қасамдараи ноҳияи Файзобод ба хок супурда хоҳад шуд.

Тилло Кабиров соли 1921 дар ноҳияи Файзобод дар хонаводаи Сӯфӣ Кабир ба дунё омада, соҳиби 8 фарзанд ва 50 набера аст. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ тайи тақрибан як соли охир таҳти фишор буд ва зоҳиран ин вазъ ба саломаташ таъсир гузоштааст. Кабиров моҳи январи имсол ҳамроҳи як наберааш мехост, ки кишварро ба қасди Истанбул тарк кунад, аммо аз фурудгоҳи Душанбе пас гардонда шуд.

Баъд аз он ду навори видео бо ҳузури ӯ дар интернет роҳ ёфт, ки дар онҳо Муҳиддин Кабириро "насиҳат" мекунад, ки ба ватан баргардад ё ҳадди ақалл аз носазогӯӣ дар ҳаққи Тоҷикистон худдорӣ кунад. Мақомоти Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби ӯро ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли гузаштаи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ айбдор мекунанд ва ҳоло ӯ таҳти пайгарди пулиси байналмилалист.

Рӯзи 29 сентябри 2015, ду ҳафта баъд аз рафъи он ошӯб, Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро шомили рӯйхати созмонҳои ифротиву террористӣ карда, фаъолияташро дар кишвар манъ кард. Кабирӣ ва тарафдоронаш аммо мегӯянд, дар ошӯби генерал Назарзода даст надоранд, балки ин ошӯб баҳонае барои бастани ҳизби наҳзат шудааст.

Видео аз бойгонӣ:

Падари Кабирӣ мегӯяд, ҷое даъват нашудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

XS
SM
MD
LG