Пайвандҳои дастрасӣ

Кӣ ба Оминаи чорсола хушбахтӣ ҳадя мекунад?


Оминаи чорсола

Оминаи чорсола

Омина Талбиева, ки ҳамагӣ 4 сол дорад, модарзод гунгу ношунаво ба дунё омадааст. Барои табобати пурраи ӯ 26 800 доллар лозим будааст.

Волидони Омина Талбиева ,ки модарзод гунгу ношунаво ба дунё омадааст, мегӯянд, имкон дорад, ки ӯ бо анҷоми як ҷарроҳӣ сиҳат ёбад. Ҳоло волидони Омина дар ҷустуҷӯи кумаки молианд, то ки ҷарроҳии Омина амалӣ шавад.

Аминҷон Талбиев, падари Омина рӯзи 2 октябр ба дафтари Радиои Озодӣ омад ва гуфт,ки барои ҷарроҳии гӯшҳои духтари 4 солааш ба кумаки мардуми нек ниёз дорад. Ба гуфтаи ӯ, барои ҷарроҳии Омина ва дарсҳои сурдопедагогӣ 26 800 доллар лозим будааст.

Аминҷон Талбиев гуфт, ки то замони ташхиси духтарчааш дар беморхонаи “Шифо”-и пойтахт ва кафолати пизишкони Санкт-Петербург умеди сиҳат шудани Оминаро надошт, вале имкони ҷарроҳӣ дар Петербург ӯро хеле умедвор кардааст.

Падари Омина мегӯяд, то кунун аксари пизишкҳо бо назардошти камбуди модарзодӣ доштани Омина ба табобати ӯ кӯшиш намекарданд.

Аминҷон Талбиев мегӯяд, ки ҷарроҳии Омина дар беморхонаи “Шифо”-и пойтахт аз тарафи пизишкони Санкт-Петербург сурат хоҳад гирифт, вале ӯ барои анҷоми ин ҷарроҳӣ ва дарсҳои сурдопедагогӣ бояд акнун 26 800 доллар ҷамъ биорад.

Пизишкон ваъда додаанд, ки бо ҷамъ шудани маблағ онҳо бо кафолати комил ҷарроҳиро анҷом хоҳанд дод ва Омина ҳатман аз ин ранҷ раҳо ёфта, ин дунёи зеборо бо ҳама садоҳояш хоҳад шунид.

Аз эълони ҷамъоварии кумаки хайрия барои Омина дар Интернет

Ин кӯдак Омина Талбиева ном ва 3 солу 10 моҳ дошта, модарзод аз тавони таакаллум ва шунавоӣ маҳрум аст.

Ҷарроҳӣ ва дарсҳои сурдопедагогӣ метавоннад ояндаи Оминаро наҷот диҳанд.

Кумаки хайри 26 800 долларро ташкил медиҳад. Ин нархи ҳаёти комилу хушбахтонаи як кӯдаки хурдсол ва волидони ӯст.

Телефон барои тамос:
Талбиев Амин, падари духтар: (+992) 918 95 26 20

Ҳисобҳо барои расондани кумак:

Яндекс кошелек: 410012531120036

QIWI-кошелек: +992918 95 26 20

WEBMONEY
бо рубли русӣ: R249357692989
бо доллар: Z482236104715
бо гривнаи Украина: U230606694367
бо евро: E226857620588

Бонк:
ОАО АГРОИНВЕСТБАНК
Нишонӣ: Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 734018, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21
Суратҳисоб (Корр. Счет): 20218840924110049746
ИНН: 040000053
Ҳисоб (Р/с): 30111-810-3-0000-0000-395
Гиранда (Получатель): Талбиев Аминджон Хасанович

Beneficiary Bank: OJSC «AGROINVESTBANK»
Dushanbe, 21, SHEROZI AVENUE, TAJIKISTAN
SWIFT: AGIBTJ22
DETAILS OF PAYMENT: Pay to account 20218840924110049746 (USD)
Beneficiary: TALBIEV AMINDHON

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG