Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 корманди идораи коммуналӣ дар чоҳи ташноб


Бинои маъмурии ҳукумати ноҳияи Хуросон
Бинои маъмурии ҳукумати ноҳияи Хуросон

Чаҳор корманди Идораи коммуналии ноҳияи Хуросон ҳангоми пок кардани лӯлаи ахлотгузар нафасгир шуда ва ҷон бохтаанд.

Масъулони ҳукумати Хуросон, дар ҷануби Тоҷикистон, марги чаҳор корманди идораи коммуналиро, ки ҳини пок кардани лӯлаҳои ахлотгузар дар маркази ин ноҳия ҷон додаанд, баъди як ҳафтаи ҳодиса тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, ки ҳамаи чор нафари фавтида сокинони ҷамоати деҳоти "Ғалаобод"-и Хуросон будаанд.

Як масъули ҳукумати ноҳияи Хуросон рӯзи 3 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин чаҳор нафар ҳангоми тоза кардани лӯлаи ахлот дар дохили чоҳ аз ҳавои гази ахлоти ҷамъшудаи ташнобҳо нафасгир шуда, ҷон додаанд”. Ба қавли манбаъ, ин ҳодиса дар наздикии идораи ҳукумат рух додааст.

Масъули ҳукумат бидуни зикри номаш гуфт, аввал марди 50-сола дохили чоҳ шуда ва хостааст, ки лӯлаи ахлотро тоза кунад, вале газ баромада ҷон додааст ва се нафари дигар аз ҳамкоронаш низ хостаанд, ки ӯро наҷот диҳанд, аммо онҳо низ дар дохили чоҳ ба ҳалокат расидаанд.

Сангимурод, марди 50-солаи сокини маркази ноҳияи Хуросон, ки шоҳиди ҳодиса будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин чаҳор нафар корманди идораи коммуналӣ таҷҳизоти тоза кардани лӯлаҳои ахлотро надоштанд ва бо тариқи дастӣ чоҳҳоро тоза мекарданд.

Аҳлиддин Сафаров, сардори корхонаи коммуналии ноҳияи Хуросон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин чаҳор нафар кормандони идораи онҳо буданд ва он он рӯз худсарона ба тоза кардани чоҳ машғул шудаанд. Аҳлиддин Сафаров гуфт, ки онҳо пеш аз рафтан ба кор, аз роҳбарият дастуре нагирифтаанд ва танҳо бо фармони муҳандист Аҳмад Бобоёров барои таъмири лӯлаҳо рафта будаанд.

Ҷаноби Сафаров гуфт, ки афроди ҳалокшуда дар ин ҳодиса Аҳмад Бобоёрови 57-сола, Холмаҳмад Ашӯрови 48-сола, Пардаалӣ Абдураҳимови 50-сола ва Қурбоналӣ Хомуродови 48-сола ҳама аз ҷамоати деҳоти "Ғаллаобод" мебошанд. ​Тибқи иттилои расмӣ, ҳукумати маҳаллӣ барои хонаводаҳои ҳар яке аз ин афрод 2000 ҳазор сомонӣ ихтисос дода ва корхонае, ки онҳо дар он кор мекардаанд, барои баргузории маъракаҳояшон ду халтаи орд ҷудо намудааст.

XS
SM
MD
LG