Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдири Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 дар дасти 4 даста монд


Арйен Роббен ва Дирк Кюйт баъди пирӯзӣ бар Коста-Рика
Арйен Роббен ва Дирк Кюйт баъди пирӯзӣ бар Коста-Рика

Дар марҳалаи ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 дар Бразилия рӯзи 9 июл мизбонон бо Олмон ва рӯзи 10 июл Аргентина бо Ҳолланд вориди рақобат хоҳанд шуд.

Чор даста – Олмон, Бразил Аргентина ва Ҳолланд - муборизаро барои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар даври ниманиҳоӣ идома медиҳанд.

Дар бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразилия, ки рӯзҳои 4-5-уми июл баргузор шуданд, Олмон бар Фаронса бо ҳисоби 1-0, Бразилия бар Колумбия бо ҳисоби 2-1, Аргентина бар Белгия бо ҳисоби 1-0 ва Ҳолланд бар Коста-Рика аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-3 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Бозиҳои ниманиҳоӣ 9-ум ва 10-уми июл баргузор мешаванд. Шаби панҷшанбе Бразилия бо Олмон ва шаби ҷумъа Ҳолланд бо Аргентина рақобат мекунанд.

Бояд гуфт, ки аз 64 бозии Ҷоми ҷаҳон-2014 ҳамагӣ 4 бозии дигар мондааст: 2 бозии ниманиҳоӣ, бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ. Аз 8 тиме, ки дар тӯли 84 сол ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтаанд, 5-тоаш – Испания, Инглистон, Италия, Уругвай ва Фаронса аз ҳаққи мубориза барои Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 маҳрум шуданд. Се дастаи дигар – Аргентина, Бразил ва Олмон барои Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 талош мекунанд.

Аҷиб аст, ки ҳамаи 8 дастаи ширкаткунандаи даври чорякниҳоӣ ғолибони сабқати гурӯҳӣ буданд. Аз 7 дастаи ширкаткунандаи даври ниманиҳоӣ дутоаш – Олмон ва Ҳолланд – аз қораи Аврупо ва дутои дигар – Аргентина ва Бразил аз Амрикои Лотинӣ мебошанд.

Хамес Родригес
Хамес Родригес

Хамес Родригес, бозигари Колумбия, ки 6 гол задааст, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳон-2014 пешсаф мебошад. Лионел Месси аз тими Аргентина, Томас Мюллер аз Олмон ва Неймар аз Бразилия чорголӣ, Робен Ван Перси ва Арйен Роббен - ҳарду аз Ҳолланд, Валенсия аз Эквадор, Шокирӣ аз Швейтсария ва Карим Бензема аз Фаронса сеголӣ задаанд.

Аммо аз ин миён танҳо Месси, Мюллер ва Роббену Ван Перси метавонанд натиҷаи худро беҳтар кунанд. Бақия ба далели аз идомаи сабқат берун шудани тимҳои миллияшон, вале Неймар ба иллати лат хӯрданаш дар бозии чорякниҳоии рӯзи 4 июл байни Бразилияву Колумбия дигар дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 ширкат карда наметавонанд.

Ба гуфтаи табибон, барои Неймар, ки дар рӯёрӯӣ бо ҳимоятгари Колумбия Сунига ҳалқаи сеюми тахтапушташ шикастааст, ҳадди ақал 4 ҳафта ҳатто тамрин кардан иҷозат нест, чӣ ҷои бозӣ кардани ӯ. Лат хӯрдани Неймар тими Бразилия дар вазъи мушкиле қарор медиҳад, чунки ин тим бозияшро асосан бар рӯи бозии хуби Неймар сохта буд, вале акнун ки ӯ нест, бояд шеваи бозиашро комилан бозбинӣ кунад.

Лаҳзаи лат хӯрдани Неймар
Лаҳзаи лат хӯрдани Неймар

Маблағи ҷавоизи мусобиқот нисбат ба соли 2010 37% афзудаааст ва 576 млн долларро ташкил медиҳад. Соли 2010 ҳамагӣ 420 млн доллар буд. Ғолиби мусобиқот 35 млн доллар мегирад. Барои ҷойи дувум 25 млн доллар ва барои ҷойи севум 22 млн доллар муқаррар шудааст.

Дастаи мунтахабе, ки ҷойи чорумро соҳиб мешавад, бо 20 млн доллар сарфароз мегардад. Ба ширкаткунандагони даври чорякниҳоӣ 14 миллиондолларӣ, даври ҳаштякниҳоӣ - 9 млн долларӣ ва ба тимҳое, ки муборизаро дар даври гурӯҳӣ анҷом доданд, ба ҳар кадом 8 млн долларӣ супурда мешавад.

Дар 19 мусобиқаи пешини қаҳрамонии ҷаҳон ҳамагӣ 8 даста ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шудаанд. Аз ҳама бештар Бразил – панҷ бор (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), чор маротиба Италия (1934, 1938, 1982, 2006), се бор Олмон (1954, 1974, 1990), дуборӣ Уругвай (1930, 1950) ва Аргентина (1978, 1986), якборӣ Инглистон (1966), Фаронса (1998) ва Испания (2010) Ҷоми ҷаҳонро ба даст овардаанд.

Ҷоми ҷаҳон-2014. Нимфинал

9-уми июл. 01:00 Бразил – Олмон

10-уми июл. 01:00 Ҳолланд – Аргентина

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе нишон дода шудааст.

XS
SM
MD
LG