Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирпарронии 2 гурӯҳи тоҷикҳо дар Маскав (2 ВИДЕО)


Акс аз видеои НТВ
Акс аз видеои НТВ

Шаби гузашта дар як тирандозӣ дар ҷануби Маскав 4 шаҳрванди аз 20 то 34-солаи Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд. Захмиён мегӯянд, барои як дона сигор нофаҳмида бо ҳамватанҳои худ вориди баҳс шуда ва тир хӯрдаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар як баёнияи матбуотӣ гуфт, бар асоси ҳисоботи намояндагони эъзомшудааш ба маҳалил тирпарронии ду гурӯҳи тоҷикҳо дар назди истгоҳи метрои "Каховская" маълум шудааст, ки зоҳиран ин моҷаро дар пайи як баҳси сирф маишӣ ва гӯё барои як дона сигор бархостаст. Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: "Тибқи гузориши кормандони мо, шахсияти се тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд, маълум шудааст. Инҳо сокинони ноҳияи Роштқалъаи ҶТ Амбаров Лашкарбек Хушбоевич , Янимшоев Ким Меҳроншоевич ва Рустамов Мӯнис мебошанд. Амбарову Янимшоев дар бемористони рақами 7-уми Москва ва Рустамов М. дар бахши ҷарроҳии бемористони Склифосовский бистарианд. Аҳволи саломатии эшон миёна аст ва ҳоли ҳозир хафве ба ҳаёташон мавҷуд нест."

Қаблан Каримҷон Ёров, раҳбари ҷамъияти "ЭтМос", яке аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав низ шоми 9 ноябр ба Озодӣ гуфт, баъд аз зӯҳри якшанбе аз ду шаҳрванди тоҷике, ки дар тирпарронии шаби 8 ба 9 ноябр дар назди истгоҳи метрои "Каховская" ҷароҳат бардоштанд, дар бемористони рақами 7-уми Маскав ва аз якеи дигараш дар бемористони Пажӯҳишгоҳи "Ёрии таъҷилӣ" ба номи Склифосовский аёдат кардааст.

Бино гузоришҳо, шаби 8 ба 9 ноябр дар як тирандозӣ дар назди истгоҳи метрои “Каховская” дар ҷануби шаҳри Маскав, пойтахти Русия 4 нафар – ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистон – ҷароҳат бардоштанд. Каримҷон Ёров гуфт, 2 захмии аввал - Лашкарбек Амбаров ва Яниншоев Ким аз ноҳияи Роштқалъаи Бадахшон ва сеюмӣ - Мӯнис Рустамов - аз Шоҳдараи Бадахшон будаанд.

Ҳарсеи онҳо сетирӣ хӯрдаанд, вале ба гуфтаи Каримҷон Ёров, вазъи Мӯнис, ки дар Склифосовский табобат мегирад, вазнинтар аст, чунки ӯ аз туфангчаи травматикӣ дар қабурғаҳояш ду тир ва як тири дигар аз дасташ аз силоҳи оташфишон хӯрдааст: "Як тир то ҳол дар ноҳияи пушташ мондааст. Табибон гуфтанд, ки ин тирро рӯзи душанбе мегиранд."

Мӯнис Рустамов мегӯяд, нохост дар дохили баҳси ду гурӯҳи тоҷикҳо афтодааст. Ӯ шумори даргиршудагон дар назди истгоҳи метрои "Каховская"-ро "ягон 100 нафар" гуфтааст. Аммо дуи дигар гуфтаанд, ки нофаҳмида бо ҳамватанҳои худ бар сари як дона сигор вориди баҳс шудаанд. Баҳсе ки шаби шанбе ба занозаниву тирпарронӣ ва тир хӯрдани ин 4 зодаи Бадахшон анҷом ёфт.

Раҳбари "ЭтМос" мегӯяд: "Лашкарбек Амбаров ва Яниншоев Ким қисса карданд, ки рӯзи ҷумъа як ҷавони ношинос бо забони тозаи русӣ аз якеи онҳо сигор мепурсад ва чун ӯ мегӯяд, ки сигор намекашам, он ҷавон бо истеҳзо ба вай мечаспад, ки "магар варзишгарӣ?" Ин бигӯ-бигӯ дар ниҳоят ба он меорад, ки онҳо шаби 8 ба 9 ноябр дар назди истгоҳи "Каховская" ба якдигар ба истилоҳ "стрелка" таъин кунанд. Лашкарбек гуфт, вақте мо омадем, якеаш бидуни истиҳолае ба рафиқаш амр кард, ки "Парронаш!" Ӯ мегӯяд, фақат баъди ин фаҳмидаанд, ки тарафи дигари баҳс ҳам тоҷикҳо будаанд. Як рӯз пеш баҳсашон пурра ба забони русӣ анҷом шудааст."

Аммо бисёриҳо ба инки ду гурӯҳи тоҷикон дар Маскав барои гӯё "як дона сигор" ба ҷони ҳамдигар силоҳ кашида бошанд, бовар намекунанд. Онҳо мегӯянд, зоҳиран сабаби моҷаро хеле бузургтар аз баҳси сигор аст, вале ҷабрдидаҳо ба кадом далеле аз ифшояш худдорӣ мекунанд.

Каримҷон Ёров гуфт, ду захмӣ дар бемористони рақами 7 низ ҳар кадом аз туфангчаи ғолибан травматикӣ сетирӣ хӯрдаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав қаблан гуфт, намояндагонашро ба маҳалли тирпарронии шаби гузашта дар назди истгоҳи метрои "Каховская" фиристодааст. Муҳаммади Эгамзод, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 9 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи имрӯз бо дастури сафир Имомуддин Сатторов навбатдори сафорат Баҳриддин Мирзоев ва муовини раиси намояндагии вазорати меҳнату муҳоҷират Саид Боев барои таҳқиқи қазия ва ба даст овардани маълумоти бештар ба ҷои ҳодиса рафтаанд. Муҳаммади Эгамзод гуфт: "Албатта, ин ҳодиса боиси нигаронии шадиди сафорат шудааст, чунки бино ба хабарҳо, дар ин тирпарронӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаанд."

Тирпарронии тоҷикҳо барои як дона сигор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
Линки мустақим

Ҷузъиёти тирпарронӣ дар "Каховская"

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Русия ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, “соати 20:40, як мард ба шумори “02” хабар дод, ки ӯ вақте дар кӯчаи Азовская, дар назди бинои рақами 23 ба далели сурх шудани сигнали чароғаки роҳ истод, садои тирандозиро шунид. Баъди ин дид, ки як тир бордони мошини ӯро сӯрох кардааст.”

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, маъмурони пулис баъди таҳқиқи ҷои ҳодиса маълум карданд, ки соати тақрибан 20:35 дар ин минтақа, ки дар наздикии метрои “Каховская” ҷойгир шудааст, тирандозие ба амал омадааст, ки дар натиҷаи он 4 нафар тир хӯрдаанд. Ба гуфтаи пулис, “ҳамаи ин 4 нафар зодагони ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз 20 то 34 сол доранд. Маълумоти дигар дар бораи ҷабрдидагон дақиқ карда хоҳад шуд. Дар қиболи ин ҳодиса бар асоси банди “авбошӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.”

Хабаргузории ТАСС қаблан аз қавли мақомоти пулиси Маскав хабар дод, ки шаби 8 ба 9 ноябр дар назди истгоҳи "Каховская" ду гурӯҳ ба якдигар вориди баҳс шудаанд ва ин баҳси онҳо ибтидо ба занозанӣ ва дар ниҳоят ба тирпарронӣ печидааст.

ВИДЕОИ НТВ аз ҷои ҳодисаро инҷо бубинед:

ДАРГИРӢ ДАР "КАХОВСКАЯ"

Акс аз видеои Lifenews аз маҳалли тирандозӣ
Акс аз видеои Lifenews аз маҳалли тирандозӣ

Шабакаи телевизионии Lifenews бо такя ба манбаъаш дар пулис хабар дод, ки дар ин даргирӣ то 15 нафар ширкат доштаанд. Пулис аз ҷои тирпарронӣ гилзаҳо аз тири ғолибан туфангчаи Макаровро пайдо кардааст. Баъди ин тирандозӣ дар чандин мошине, ки дар атрофи он маҳалл истода буданд, пайи сӯрохӣ аз тири силоҳро пайдо кардаанд.

Ин нашрия мегӯяд, яке аз ҷабрдидаҳо аз шикамаш ва дуи дигар аз дасту пойҳояшон тир хӯрдаанд.

Видеои Lifenews аз маҳалли тирандозиро инҷо тамошо кунед:

ВИДЕО

XS
SM
MD
LG