Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои пул? Достони "4 раҳзан ва 2 Алибобои тоҷик"


Акс аз сомонаи расмии пулиси вилояти Маскав
Акс аз сомонаи расмии пулиси вилояти Маскав

Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Маскав ба одамрабоӣ айбдор шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, онҳо ду ҳамватанашонро гаравгон гирифта ва 2 миллион рубл талаб доштанд.

Шӯъбаи Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Наро-Фомински вилояти Маскав алайҳи 4 шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми моддаи 126-уми Кодекси ҷиноии Русия (одамрабоӣ аз тарафи гурӯҳи афрод ва ё бо истифода аз силоҳ) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ин моддаи Кодекси ҷиноии Русия ҳамчун ҷазо аз 5 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Олга Врабий, раҳбари маркази матбуоти Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав гуфт, ин 4 одамрабо рӯзи 3 июн дар ҷараёни як амалиёти афсарони «Булат» - воҳиди зудамали пулис (СОБР) дастгир ва гаравгонҳо аз дасти онҳо озод карда шуданд. Ӯ афзуд, додгоҳ се нафар аз муттаҳамонро алакай барои ду моҳ ба ҳабс гирифтааст.

Мақомоти тафтишотӣ дар ҳоли ҳозир аз ифшои исми гаравгонгирон ва ҳамин тавр, аз бурдани номи қурбониёни онҳо худдорӣ мекунанд.

Аммо дар шарҳи расмии Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав гуфта мешавад, ки 4 шаҳванди Тоҷикисторн ҳанӯз рӯзи 28 май дар шаҳри Апрелёвкаи ноҳияи Наро-Фоминск ду ҳамватани худро дар назди манзили иҷораашон поида, асир мегиранд ва баъди латукӯб бо зӯр ба бордони мошин бор карда, ба самти номаълум мебаранд. Гаравгонгирон дар ивази раҳоии ин ду ҳамватани худ аз наздикони онҳо 2 миллион рубл, муодили ҳудуди 30 000 доллар талаб кардаанд.

Афсарони «Булат» дар ниҳоят гаравгонҳоро аз манзиле дар ноҳияи Митишии вилояти Маскав, яъне 85 километр дуртар аз Апрелёвка пайдо кард. Дар видеое, ки маркази матбуоти раёсати корҳои дохилаи вилояти Маскав расман дар сомонаи пулиси ин вилоят нашр кардааст, дида мешавад, ки шумораи боздоштшудаҳо дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои "Булат" хеле бештар аз 4 нафарест, ки дар ниҳоят бо иттиҳоми одамрабоӣ пушти панҷара рафтанд:

Боздошти 4 тоҷик дар вилояти Маскав бо иттиҳоми гаравгонгирӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:59 0:00

Ин қазия нахустин ё танҳо мавриди боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми гаравгонгирӣ ва шантажи ҳамватанҳои худи онҳо дар шаҳру вилояти Маскав нест.

Моҳи январи соли равон дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав, дар ҳамагӣ 30-километрии Апрелёвка се шаҳрванди тоҷикро бо иттиҳоми гаравгонгирӣ ва талаби пул дар ивази раҳоии як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дастгир карданд.

Пулис гуфт, се марди тоҷики 40-, 32- ва ҷавонтаринаш 20-сола як ҳамватани 58-солаи худро иттифоқан дар ҳамин шаҳраки Апрелёвка рабуда, маҷбуран ба мошини ВАЗ-2115 бор мекунанд ва ба як манзил дар Одинтсово меоранд. Дар инҷо гаравгонгирон аз он мард бо баҳонаҳои сохта як ноутбук ва 25 000 рубл, ё чизе зери 400 доллар талаб кардаанд. Аммо кадом нафари хайрхоҳе оҳу нолаи ин марди гаравгонро шунида, бо телефони 112 ба пулис хабар додааст.

Ҳамин тавр, дар поёни моҳи май додситонии минтақаи Дорогомиловои шаҳри Маскав аз анҷоми тафтиши парвандаи 4 шаҳрванди тоҷики қаблан ҳам зиндонишуда бо иттиҳоми рабудани як тоҷики дигар ва талаби 10 миллион рубл аз ин гаравгон хабар дод.

Бино ба хулосаи тафтишот, Ҷумъабой Наврӯзови 23-сола, Абдусаттор Шодиеви 35-сола, Ҳабиб Ӯктамҷонови 40-сола ва Фарид Орифови 24-сола рӯзи 25 июни соли 2015 як соҳибкори 28-солаи тоҷикро аз манзилаш дар гулгашти Славянскийи шаҳри Маскав рабуда, дар кӯчаи Люсиновская дар як амбор бандӣ мекунанд ва дар баҳои озодиаш 10 миллион рубл, муодили тақрибан 150 000 доллар талаб мекунанд.

Гаравгонро латукӯб мекунанд, вале дар ниҳоят рӯзе баъд ӯро дар ивази 500 ҳазор рубл, муодили 7 500 доллар ҷавоб медиҳанд. Гаравгонгирон танҳо моҳи октябри соли 2015 ба даст афтоданд ва акнун ба онҳо низ тибқи қонунҳои Русия, то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG