Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи терроризми 4 зодаи Тоҷикистон дар Русия


Тафтишот мегӯяд, як ҳадафи зодагони Тоҷикистон таркондани маркази савдои "Шоколад" буд

Тафтишот мегӯяд, як ҳадафи зодагони Тоҷикистон таркондани маркази савдои "Шоколад" буд

4 зодаи Тоҷикистон дар Нижний Новгороди Русия ба кӯшиши анҷоми ҳамлаи террористӣ дар яке аз фурӯшгоҳҳои бузурги ин шаҳр айбдор мешаванд.

Рӯзномаи «КоммерсантЪ»-и чопи Маскав хабар дод, ки додгоҳи вилояти Нижний Новгород, воқеъ дар тақрибан 420-километрии шарқи Маскав, пойтахти Русия таҳқиқи парвандаи 4 зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми таҳияи амали террористӣ ва узвият дар созмони ифротгароро амалан ба поён овардааст. Таҳқиқи ин парванда аз ноябри соли 2012 ба ин сӯ, инак беш аз 2 сол боз идома дорад.

Тафтишот мегӯяд, зодагони Тоҷикистоне Муродҷон Усмонов, бародарон Қодирҷон ва Комилҷон Қосимовҳо ва Илҳомҷон Эрматов тарафдори таъсиси “хилофати исломӣ” дарс аросари ҷаҳон буда, мехостанд яке аз фурӯшгоҳҳои бузурги Нижний Новгородро битарконанд. Ин 4 нафар иттиҳомоти эълоншударо рад мекунанд ва мегӯянд, корфармояшон аз онҳо қарздори зиёд шуда буд ва барои халосӣ аз пардохти ин қарз онҳоро тӯҳмат зада, ба пулис супурдааст.

Ба гуфтаи тафтишот, ин 4 нафар дар ташкили созмони ифротӣ, ғайриқонунӣ харидану сохтани силоҳ ва омодагӣ ба амали террористӣ айбдор мешаванд. Гуфта мешавад, Муродҷон Усмонов яке аз муассисони шӯъбаи созмони мамнӯъи Ҳизб-ут-Таҳрир дар Нижний Новгород буд, ки аз байни бурдани ҳукуматҳои “куфр” ва сохтани “хилофати исломӣ”-ро дунбол мекунад.

Тафтишот мегӯяд, Муродҷон Усмонов дар соли 2012 ҳамроҳ бо шаҳрванди Узбакистон Абдурафиқ Ортиқов дар Нижний Новгород ақидаҳо ва китобҳову шабномаҳои Ҳизб-ут-Таҳрирро таблиғ ва аъзои навро ба сафи он ҷалб мекарданд. Мулоқотҳои пинҳонии аъзои шӯъбаи маҳаллии ин созмон дар манзилҳои мухталиф дар кӯчаи Комсомолская ва кӯчаи Страж Револютсии доир шудаанд. Илҳомҷон Эрматов ва бародарон Қосимовҳо низ ҳамон айём ба сафи ин созмони мамнӯъ пайвастаанд.

Маркази тиҷориву фароғатии «Фантастика»

Маркази тиҷориву фароғатии «Фантастика»

Бино ба гузориши «КоммерсантЪ», фаъолияти ин гурӯҳ танҳо бо омӯхтани адабиёти ифротӣ ва ташкили мулоқотҳо маҳдуд нашуда, дар ҳамон соли 2012 ин 4 нафар норинҷаки РГД-5 ва РГН, тротил, борут, 48тир ва муҳимоти дигари ҷангӣ мехаранд. Тафтишот бар ин аст, ки ҳадафи онҳо аз ҷамъоварии ин муҳимот сохтани бомбае буд, ки ин 4 нафар мехостанд дар яке аз марказҳои тиҷоратии Нижний Новгород - «Шоколад», «Фантастика» ваё «Республика» мунфаҷир кунанд. Аммо дар поёни соли 2012 онҳоро дастгир ва аз манзилҳояшон 3 василаи тарканда, компутарҳову дастгоҳҳои наворбардориро мусодира мекунанд.

Бино ба гузориши «КоммерсантЪ», рӯзи 25 феврал Умед Қосимов, бародари дигари гумонбарон Қосимовҳо, дар додгоҳ баёнот дод ва гуфт, парвандаи зидди бародарони ӯ сохта буда, маводи мунфаҷираро мақомот дар манзили онҳо партофтаанд. Ба ақидаи Умед, дар пушти ин саргардонии ин 4 зодаи Тоҷикистон корфармои қаблии онҳо аз Узбакистон Абдурафиқ Ортиқов истодааст, ки аз онҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия беш аз 100 000 рубл “ҳаққ”-и хидмат гирифта буд, вале ба ҷои буд кардани кор онҳоро фиреб дод ва бо тӯҳмат ба пулис супурд. Умед Қосимов дар додгоҳ гуфтааст: “Ӯ барои онки қарзашро пас надиҳад, алайҳи бародарони ман ва он дуи дигар баёноти бардурӯғ дод.”

Муродҷон Усмонов, бародарон Қодирҷон ва Комилҷон Қосимовҳо ва Илҳомҷон Эрматов рӯзи 29 ноябри соли 2012 боздошт шуданд, вале додгоҳ аз судури ҳукми ҳабси онҳо то 10 январи соли 2013 худдорӣ кард ва онҳо ин якуним моҳро дар ҳабси хонагӣ ба сар бурданд.

Дар мурофиаи навбатии парвандаи ин 4 зодаи Тоҷикистон, ки рӯзи 2 март доир хоҳад шуд, қарор аст, тарафҳои айбдоркунанда ва сафедкунанда баҳс кунанд.

Ҳизб-ут-Таҳрир як созмони тундрави мазҳабист, ки барои таъсиси хилофати исломӣ мубориза мебарад. Фаъолияти ин созмон аз соли 2008 дар Русия ва ҳамин тавр, дар Тоҷикистон ва аксари дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ манъ шудааст.

Дар Тоҷикистон аксари пайравони ин гурӯҳро узбактаборҳо ташкил медиҳанд ва бино ба бархе ҳисобҳо, то имрӯз беш аз 1000 нафар дар ин кишвар барои ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ зиндонӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, 4 нафари дастгиршуда дар Нижний Новгороди Русия ҳам аз узбактаборҳои Тоҷикистонанд.

Ин нахустин мавриди ба терроризму ифротгароӣ айбдор шудани шаҳрвандон ё зодагони Тоҷикистон дар Русия нест.

Рӯзи 25 феврал пулиси Маскав аз боздошти як зодаи Тоҷикистон хабар дод, ки ба гуфтаи мақомот, бо нашри наворҳои тарғиоботиву матолиби дигари ифротӣ як сомонаи марбут ба ҷангиёни созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро аз кӯчаи Образтсови воқеъ дар наздикии маркази тиҷоратии “Савёловский” Дар пойтахти Русия мечархонд.

Моҳи сентябри соли 2013 дар кӯчаи Белореченскаяи шаҳри Маскав як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон бо “ 5 тири калибраш 9 мм, граната(норинҷак)-и ҷангии навъи РГД-5, ҳамчунин 14,2 грамм маводи мухаддире, ки дар таркибаш ҳероин низ дошт” дастгир шуд. Пулиси Маскав гуфт, ин ҷавон узви созмони ҷангҷӯи “Муҷоҳидин- ат-Тавҳид- вал- Ҷиҳод” буд ва дар амалиёти боздошти вай ҳатто нирӯҳои СОБР - воҳиди вижаи зудамали пулис – низ ширкат дошт.

Моҳи октябри соли 2010 дар вилояти Калуга фаъолияти як шӯъбаи маҳаллии созмони мамнӯъи Ҳизб-ут-Таҳрир ошкор карда шуд. Бар асоси баёноти боздоштшудаҳо, рӯзи 20 октябри ҳамон сол дар як амбор дар минтақаи “Проспект Мира”-и шаҳри Маскав 10 нафар ва рӯзи 7 декабр, дар марҳалаи дувуми ин амалиёт дар гӯшаҳои мухталифи пойтахти Русия боз 12 тани дигар дастгир шуданд. Мақомот ҳангоми боздошт аз ин афрод миқдори зиёди адабиёти ифротӣ ва дар панҷаҳои дасти дуи онҳо изи маводи мунфаҷира пайдо карда, онҳоро ба ҳамкорӣ бо ҳизби Таҳрир айбдор кард.
Яке аз боздоштшудаҳо бо номи Акбарҷон Отабоев шаҳодат дод, ки раҳбарони аслиишӯъбаҳои ин ҳизби пинҳонкор дар Маскаву вилояти Маскав Акмал Ғафуров ва Алишер Отаҷонзода буда, онҳо қасди бомбгузорӣ дар яке аз пулҳои роҳи оҳан дар шаҳри Маскавро дар сар доштанд. Аммо дар ниҳоят, Отабоев ва Отаҷонзодаро танҳо бо ҷурми нигоҳ доштани маводи мунфаҷира ба дувуним соли зиндон ва Акмал Ғафуровро ба 3 соли зиндон маҳкум карданд. Ҳарсеи онҳо аллакай ҳукми худро адо кардаанд.

Аммо чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башари Русия ин қазияро зери шубҳа қарор дода гуфтаанд, мақомот сароҳатан собит карда натавонистанд, ки оё дар воқеъ дар Маскаву вилояти Маскав шӯъбаи Ҳизб-ут-Таҳрир амал мекард ваё инбофтаи навбатии хиёли онҳо ба хотири бузург нишондани “комёбӣ”-ҳояшон дар мубориза алайҳи ифротгароӣ буд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG