Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 4 тоҷик дар Нижний Новгород


4 шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Нижний Новгороди Русия бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизб-ут-Таҳрир дастгир шудаанд. Расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, амалиёти боздошти ин афрод рӯзи панҷшанбе бо ҷалби нирӯҳои вижаи пулис ва амнияти Русия сурат гирифта, аз манзилҳои боздоштшудагон далелҳои шайъие мусодира шудааст, ки ҳамкории онҳо бо ин гурӯҳи исломгароро таъйид мекунад. Ҳизб-ут-Таҳрир гурӯҳи пинҳонкорест, ки барои сохтани хилофати воҳиди исломӣ мубориза мебарад. Фаъолияти ин гурӯҳ дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистону Русия, расман манъ шудааст.
XS
SM
MD
LG