Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаҳор медали варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи махсус


Варзишгарони маълули тоҷик дар Олимпиадаи махсуси ҷаҳонии зимистона дар Куриёи Ҷанубӣ чаҳор медал ба даст оварданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар Олимпиадаи махсуси ҷаҳонӣ, ки аз 26-уми январ то 5-уми феврал дар шаҳри Пёнгчанг баргузор шуд, Тоҷикистонро чаҳор варзишгар намояндагӣ карданд.

Файзиддин Тӯраев дар лижаронӣ дар навъи пойгаи классикӣ ба масофаи 500 метр мақоми аввалро соҳиб шуд ва бо медали тилло сарфароз гашт. Ҳусейн Хоҷаев дар ин навъи рақобатҳо ба масофаи 100 метр ғолиб омад ва ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон медали дувуми тилло овард. Фарида Назарова ва Анастасия Пинкова дар мусобиқаи лижаронӣ миёни занон соҳиби медалҳои нуқра гардиданд.

Дилбар Шарифова, раҳбари Special Olympics ё Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Олимпиадаи махсус ҳаракати ҷаҳониест, ки ба ташкилу баргузории чорабиниҳои тарбияти баданию тандурустӣ барои шахсони ноқисулақл машғул аст.

Ӯ афзуд, “дар Олимпиадаи махсуси ҷаҳонии зимистонаи соли 2013-ум дар Пёнгчанг (2013 PyeongChang Special Olympics World Winter Games) беш аз 3000 варзишгари имконияти зеҳниашон маҳдуд аз 105 кишвар ширкат доштанд. Ба барномаи бозиҳо 8 намуд – пойгаи лижаронӣ, лижаронии кӯҳӣ, хоккейи рӯи фарш, конкитозӣ, рақси рӯи ях, сноуборд ва ғайра дохил буданд.”

Бояд гуфт, ки Пёнгчанги Куриёи Ҷанубӣ мизбони Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018-ум интихоб шудааст.
XS
SM
MD
LG