Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман берун оварда шуданд


Боз чаҳор шаҳрванди дигари Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз кишвари бӯҳронзадаи Яман берун оварда шуданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки шаби 6 ба 7 ноябр чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз Яман берун оварда шуданд.

Муҳаммади Эгамзода, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 7-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон Даврон Аъзамов, Жанна Кудзиева, Ал-Бухари Ҳания ва Алан Битсоев, ки тайи солиён дар кишвари Яман кору зиндагӣ мекарданд, шаби гузашта ба фурудгоҳи байналмилалии Домодедовои Маскав расиданд.

Оқои Эгамзод афзуд, ки масъулони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар фурудгоҳ дар амри ворид шудани онҳо ба қаламрави Русия ба онҳо мусоидат карданд. Ба гуфтаи манбаъ, яке аз ин чаҳор нафар -- Даврон Азимов субҳи имрӯз тавассути хатсайри Маскав-Кӯлоб ба Тоҷикистон фиристода шуд ва Алан Битсоев ба шаҳри Перм рафтааст.

Аммо ду шаҳрванди дигар -- Жанна Кудзиева ҳамроҳи духтараш дар меҳмонхонаи Тоҷикистон дар Маскав ҷой дода шудаанд ва рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Муҳаммад Эгамзод гуфт, ин масъала чанд муддат аст, ки дар доираи ҳамкории намояндагии дипломатии Точикистон дар Русия бо Вазорати умури хориҷии ин кишвар мавриди баррасӣ қарор дошт.

Ин намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия афзуд, ки "мо аз мақомоти русӣ барои ҳамкории судманд дар ин самт арзи сипос менамоем. Зеро пеш аз ин низ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Яман кору фаъолият мекарданд, дар натиҷаи ҳамкориҳои судманди миёни ниҳодҳои дипломатӣ ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, аз ин кишвар берун оварда шуда буданд."

Аз оғози даргириҳо дар ин кишвари арабӣ, то кунун наздик ба 200 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аксари онҳо табибон буданд, ба кишвар баргаштаанд. Ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз Яман бо шурӯи амалиёти Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саъудӣ алайҳи шӯришиёни ҳусӣ – мухолифони шиамазҳаби ҳукумати Яман, ки бовар меравад аз пуштибонии Эрон бархӯрдоранд, оғоз ёфт.

Ёдовар мешавем, нахустин гурӯҳи панҷнафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймои русӣ Яманро тарк карда буданд, 3 апрели соли ҷорӣ ба Тоҷикистон баргашт. Як рӯз баъд аз ин бо ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия 70 шаҳрванди Тоҷикистон аз Санъо, пойтахти Яман, берун оварда шуданд, ки дар миёни онҳо 14 кӯдак низ буд.

XS
SM
MD
LG