Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон: Нимфинал – «Регар» - «Вахш», «Равшан» - «Истиқлол»


Чор дастаи лигаи олӣ – "Вахш"-и Қӯрғонтеппа, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе ба даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи "Вахш" аввалин шуда ба нимфинал баромад. Футболбозони Қӯрғонтеппа рӯзи 17-уми сентябр дар майдони худ, варзишгоҳи “Пахтакор”, дастаи "Эсхата”-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:0 шикаст доданд. Ҳарсе голро нимҳимоятгар Умедҷон Шарифов дар нимаи дувуми бозӣ ба ҳадаф расонд. Вале Умедҷон дар дақиқаи 81-ум корти сурх гирифт ва аз майдон хориҷ шуд. Бозии аввал дар Хуҷанд бо пирӯзии «Вахш» бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфта буд.

Дастаи «Регар-ТадАЗ» 18-уми сентябр дар бозии ҷавобии чорякфиналӣ дар меҳмонӣ бар дастаи «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Сафаралӣ Каримов, бозигари «Регар-ТадАЗ», дар дақиқаи 18-ум ҳисобро кушод. Баъди 7 дақиқа Алия Силла, легионери «Энергетик» аз Гана, ҳисобро баробар кард. Голи дувуми меҳмононро Фирӯз Раҳматов дар дақиқаи 64-ум зад. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 43-юм Алия Силла («Энергетик») ва Далер Шомуродов (Регар-ТадАЗ) барои занозании якдигар аз майдон ронда шуданд. Бозии аввали ин дастаҳо дар Турсунзода бо ғалабаи «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 2:0 ба охир расида буд.

Дар бозии дигари чорякниҳоӣ миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, ки шоми чоршанбе дар Варзишгоҳи марказии Кӯлоб баргузор шуд, мизбонон бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд. Дар ин бозӣ низ ҳисобро меҳмонон кушоданд. Голро Фирӯз Бобиев дар дақиқаи 39-ум зад. Давронҷон Тухтасунов дар дақиқаи 47-ум ҳисобро баробар намуд. Чарлз Тико, легионери африқоии «Равшан», дар дақиқаи 58-ум голи дувуми мизбононро ба самар расонд. Бозии аввал низ бо пирӯзии «Равшан» бо ҳисоби 2:1 хотима ёфта буд.

Шоми чоршанбе дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе дастаи мизбон - “Истиқлол” бар тими “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби 2:1ғалаба кард. Аҷиб аст, ки дар ин бозӣ низ ҳисобро меҳмонон кушоданд. Голро дар дақиқаи 12-ум капитани «Истаравшан» Илҳом Баротов зад. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 48-ум, капитани мизбонон Дилшод Восиев аз пеналтӣ ҳисобро баробар кард. Голи дувумро Роберт Жилин, легионери русиягии «Истаравшан», дар дақиқаи 75-ум ба дарвозаи дастаи худ зад. Дар бозии аввал низ “Истиқлол” бо ҳамин ҳисоб «Истаравшан»-ро шикаст дода буд.

Ба ин тартиб, 27-уми сентябр дар бозиҳои аввали ниманиҳоӣ «Регар-ТадАЗ» бо «Вахш» ва «Равшан» бо “Истиқлол” рақобат мекунанд.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ
17-уми сентябр, сешанбе.
«ВАХШ» - «ЭСХАТА» - 3:0. Сардовар: Комил Қурбонов (Турсунзода).
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
Голҳо: Умедҷон Шарифов, 67 (1:0). Умедҷон Шарифов, 70 (2:0). Умедҷон Шарифов, 74 (3:0).
Бозии аввал – 2:1.

18-уми сентябр, чоршанбе.
«РАВШАН» - «ПАРВОЗ» - 2:1. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
Голҳо: Фирӯз Бобиев, 39 (0:1). Давронҷон Тухтасунов, 47 (1:1). Чарлз Тико, 58 (1:2).
Бозии аввал – 2:1.

«ЭНЕРГЕТИК» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 1:2. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Душанбе, Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 18 (0:1). Алия Силла, 25 (1:1). Фирӯз Раҳматов, 64 (1:2).
Бозии аввал – 0:2.

«ИСТИҚЛОЛ» - «ИСТАРАВШАН» - 2:1. Сардовар: Баҳром Сайдуллоев (Қӯрғонтеппа).
Душанбе, варзишгоҳи "Авиатор".
Голҳо: Илҳом Баротов, 12 (0:1). Дилшод Восиев, 48, аз пеналтӣ (1:1). Роберт Жилин, 75 – ба дарвозаи худ (2:1).
Бозии аввал – 2:1.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/2 финал.
27-уми сентябр (ҷумъа)
Бозиҳои аввал
Оғози бозиҳо – соати 16.00

«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ВАХШ»
«РАВШАН» - «ИСТИҚЛОЛ»

Бозиҳои ҷавобӣ
1-уми октябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15.00

«ВАХШ» - «РЕГАР-ТАДАЗ»
«ИСТИҚЛОЛ» - «РАВШАН»
XS
SM
MD
LG