Пайвандҳои дастрасӣ

Танҳо дар як соли охир дар шаҳри Хуҷанд 4 маркази дилхушӣ (диско ё найтклуб) қомат афрохт. То соли 2012 дар маркази вилояти Суғд танҳо як толори шабонаи “Хваканта” амал мекард.

Ҳоло бинобар маълумоти шӯъбаи бақайдгирии идораи нозироти андози шаҳри Хуҷанд, дар канори ин толор боз 4 чунин маркази дилхушӣ, дар маҳаллаҳои гуногуни Хуҷанд, аз ҷумла, толорҳои дилхушии шабонаи “Opera” ва "Misteria" дар маҳаллаи Гулистон, дар рӯ ба рӯ ба беморхонаи шаҳрӣ ва маҳаллаи 19-ум (назди Ҷумъабозор) расман фаъол шудаанд.



Бархе сокинон аз зиёд шудани чунин марказҳо ҳеҷ ҷойи нигароние намебинанд ва ба назари онҳо, ин гуна толорҳо бо “талаби замони муосир” ифтитоҳ гашта, барои пур кардани “вақти холии ҷавонон” муассир аст. Вале аз нигоҳи бархе дигар, ин гуна толорҳо “бегона ба фарҳанги тоҷикон” буда, фаъолияти онҳо тартиботи ҷамъиятиро халалдор мекунад.

Моҳира Раҳимзода, сокини ҷавони Хуҷанд мегӯяд, будани чунин ҷойҳои дилхуширо таҳаммул надорад: “Он ҷо ҷавондухтарон тақрибан урён дар ҳузури мардон рақс мекунанд. Ин барои зану духтарони тоҷик нанговар аст. Ҷавононе, ки ин манзараро мебинанд, ба роҳи бадахлоқӣ рафтанашон мумкин.”

Хуршед Гулов, ҷавони дигаре аз шаҳри Хуҷанд мегӯяд, бо ин ки талабгорони марказҳои дилхушӣ ҳавасмандӣ зиёд шудани ин гуна марказҳо ва арзон шудани ҳаққи вуруд ҳастанд, аммо вай аз чунин ҷойҳо барои ҷавонон манфиате намебинад: “Чунки он ҷо, ки даромаданд, ҳатман шароб менӯшанд. Нимишабӣ, ки берун шуданд, мардум хоб, онҳо ҷангу ҷанҷол барпо мекунанд. Оромии ҳамаро халалдор мекунанд.”


Зимнан, аввали соли равон кормандони пулиси Хуҷанд 5 занеро, ки дар назди толори шабонаи “Хваканта” ба ҳам дарафтода буданд, боздошт намуданд ва барои “авбошӣ” ба додгоҳ кашиданд.

Рустам Юсуфов, раҳбари созмони ҷамъиятии “Ваҳдати ҷавонон” ба Озодӣ гуфт, дар шароити имрӯзии Тоҷикистон барои пур кардани вақти холии ҷавонон наметавон аз чунин марказҳои фароғату дилхушии ҷавонон сарфи назар кард. Аммо вай чунин марказҳо барои ҷавононро ба сурати дигар тасаввур мекунад:
“Масалан, ҷойе бошад, ки ҷавонон, донишҷӯён рафта, бо ҳам шинос шаванд, рақсу дилхушӣ кунанд. Бе шаробнӯшиву сигоркашӣ. Аммо ин хел ҷойҳо нест гӯем ҳам, мешавад. Марказҳои дилхушии шабона барои донишҷӯён ва дигар ҷавонони нодор бастаанд, чунки он ҷо барои даромадан пули калон мегиранд ва шароиташ ҳам дигар аст ва бисёриҳо барои тамошои рақси урёну шиносоии маҳрамона мераванд.”

Нархи вуруд ба толорҳои шабона дар Хуҷанд ҳудуди 20 сомонӣ аст.

Чанде қабл Рустам Назаров, роҳбари Оҷонси назорат аз гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон аз истифодаи маводи мадҳушкунанда, психотропӣ ва мухаддирот дар марказҳои дилхушӣ ва дискотекаҳои Душанбе нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи вай, дар марказҳои дилхушӣ дар ним сол 6 мавриди харидуфурӯши маводҳои психотропӣ ошкор карда шудааст.

Шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев низ дар як ҷаласаи шаҳрдорӣ аз зиёд шудани бадрафтории ҷавонон ва риоя накардани тартибу низом аз тарафи бархеи онҳо дар марказҳои дилхушии шаҳр изҳори нигаронӣ карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG