Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор соли дигари Обама: рисолат ҳанӯз анҷом нашудааст


Таҳлилгарон мегӯянд, ки сиёсати президент дар умури дохиливу хориҷӣ зиёд тағйир намеёбад.

Барак Обама, ки дар интихоботи президентии Амрико аз болои рақиби ҷумҳурихоҳаш Митт Ромнӣ пирӯз шуд, гуфт, аз тарафдоронаш мехост, ки ба ӯ шонсе диҳанд, то ки рисолатҳои аз соли 2008 анҷомношудаашро ба субут расонад. Ин ба маънои зинда кардани иқтисодӣ дохилии Амрико, анҷоми ислоҳоти соҳаи бонкдорӣ, тағйири иқлим ва татбиқи барномаи умумии сиҳҳатии мардум аст. Чин, Эрон, Афғонистон, Русия ва кишварҳои Осиёву Уқёнусия ба назар мерасад, чолишҳои худро пешкаш хоҳанд кард.

Президент Барак Обама ҳангоми таблиғи барномаи пешазинтихоботии худ аз тарафдоронаш хост, ки барояш боз як мӯҳлати чорсола фурсат диҳанд, то нақшаҳои аз соли 2008 барномарезишудаашро ба субут расонад. Вай гуфт, ки ҳанӯз барномаҳои сиҳҳатии омма, эҷоди ҷойҳои нави корӣ, ҷалби устодони бештар ба кор ва бунёди мактабҳои бештар, дастраскунии таҳсили олӣ барои ҷавонон, бозгардони нирӯҳо аз хориҷ пурра ба анҷом нарасидаанд.

Тавре нозирон мегӯянд, нақшаҳои пешазинтихоботии имсолаи Обама аз он чи ки ӯ чор соли пеш ваъда карда буд, тафовути кам дошт. Ҳоло натиҷа ин аст, ки иқтисод намурда, балки тадриҷан зинда ва амрикоиҳои бештар соҳиби кор мешаванд. Вале масоили иқтисодӣ барои президенти Амрико аз нигарониҳои дараҷаи аввал боқӣ хоҳад монд. Дар яке аз сӯҳбатҳои ахираш бо шабакаи MSNBC ӯ гуфт, ки дар сурати интихоби дуборааш, ӯ барномаи коҳиши қарз ва боло бурдани мизони молиёт барои қишри дорои Амрикоро пеш хоҳад бурд. Инчунин, гуфт ӯ, ташаббусҳои марбут ба пешрафти иқтисодро пуштибонӣ карда дар самти зинда кардани корхонаҳо ва ҷалби бештари коргарон дар бизнеси хусусӣ кор хоҳад кард.

Он чи ки аз давраи чорсолаи аввалааш нотамом мондааст, ислоҳоти низоми бонкдорӣ ва беҳдошт аст, ки барои сокинони Амрико хеле муҳим мебошанд.
Аз назари таҳлилгарон, дар мӯҳлати дуюми президентиаш Обама бояд барномаҳои марбут ба Афғонистонро ба субут расонад. Соли 2014 бояд нирӯҳо аз хоки ин кишвар берун кашида шуда, таҳримоти Эрон ҳам натиҷае ба бор оварад. Сиёсатшиносони дигар мегӯянд, ки дар марҳилаи дуюми президентӣ раҳбари давлат ҳамчунин бояд дар бораи мероси сиёсии баъди худ андеша кунад, ки ба обрӯи ҳизбаш таъсиргузор хоҳад шуд. Кристофер Пребл, муовини президенти пажӯҳишгоҳи таҳлилии САТО дар ин замина чунин гуфт:


  • Агар президент дар сиёсати хориҷӣ кореро анҷом доданӣ бошад, ки бо мавқеи ҷомеа шадидан дар ихтилоф аст, риски он вуҷуд дорад, ки ба обрӯи ҳизбаш осеб расонад. Ва ӯ бояд дар ин бора фикр кунад. То як дараҷа мо намунаи ин ҳолатро дар мисоли президент Буш шоҳид шудем. Вақте ӯ хост дар сиёсати хориҷии кишвар баъзе тағйироте ҷорӣ кунад, масалан, мавзӯи бисёр мушкилзои Ироқ солҳои 2005 то 2006-ро гирем, ҷамъияти Амрико якбора бо ӯ мухолифат кард. Тасмими ӯ дар заминаи тавсеаи ҳудуди амалиёти низомӣ дар солҳои 2006 ва 2008 ба обрӯи ҳизби ҷумҳурихоҳ зарбаи сахт зад.

Ба эътимоди Пребл, сиёсати хориҷии Кохи Сафед бо ҳамон шевае, ки буд, идома хоҳад кард. Аз ҷумла, дар масоили мисли Эрон, ки ба қавли маъмурияти Обама, муассир будааст. Ӯ мегӯяд, ки ба эҳтимоли ғолиб, новобаста аз идомаи фишор болои ҳукумати Исроил дар амри хатми шаҳраксозиҳо дар қаламрави Фаластин, “ин сиёсат ноком шуд” ва гумон аст, ки Обама болои ин мавзӯъ пофишорӣ кунад. Дар Сурия бошад, гуфт таҳлилгар, фишорҳо барои аз қудрат рафтани Башор Асад идома хоҳад ёфт. Дар иртибот бо Русия, гуфт ӯ, эҳтимолан сиёсат тағйир наёбад ва ҳатто чунин шавад, ки Маскав дар масоили Сурия ва Чин ҳамкории бештар нишон хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG