Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайравони ДИИШ то Афғонистон нарасиданд


Додгоҳи Қӯрғонтеппа чаҳор ҷавонеро, ки пеш аз сафар ба Афғонистон ва пайвастан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" қасд доштаанд, як маъмури пулисро бикушанд, равонаи зиндон кардааст.

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа чаҳор сокини ин минтақаро, ки ба қавли мақомот қасд доштаанд, барои ҳамрайъӣ бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" (ДИИШ) як маъмури пулисро бикушанд, мутаносибан аз 16 то 17 сол равонаи зиндон кардааст. Ҳукми ин афрод се рӯзи пеш содир шуда, ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст.

Бахтиёр Искандарзода, қозии парванда, рӯзи 14 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ин ҷавонон Амиралӣ Муртазоев, Хуршед Раҳмонов, Абдувосит Наимов ва Нурулло Шарифов буда, аз 22 то 38 сол доштаанд. "Онҳо асосан барои даъвати оммавӣ барои ба роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти констстутсионӣ, ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ ва зархаридӣ маҳкум шуданд," - афзуд додрас.

Ӯ илова кард, ки ду нафар аз маҳкумшудаҳо зодаи шаҳри Қӯрғонтеппа ва дуи дигар аз ноҳияи Хуросонанд. Ба қавли Искандарзода, "онҳо аввал хостаанд, ки тариқи Маскав ба Сурия бираванд, аммо натавонистаанд. Баъдан, "роҳбалад"-ашон тавассути Интернет ба онҳо маслиҳат додааст, ки ба Афғонистон гузаранд."

Манбаъ гуфт, барои ҳамин ин ҷавонон бо харидани баллон муддати ду ҳафта дар дарёи Вахш тамрин кардаанд, ки чигуна ба тарафи Афғонистон гузаранд. Бахтиёр Искандарзода гуфт, "ҳамроҳи худ корд низ доштаанд ва пеш аз боздошт, пайваста муллоҳоеро, ки мардумро ба роҳи рост ҳидоят мекарданд, сарзаниш мекардаанд."

Боздошти ин чор нафар дар аввалҳои моҳи марти соли ҷорӣ сурат гирифтааст.

Роҳҳо ва шеваҳои пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла "Давлати исломӣ" мухталиф ҳаст. Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон, аксари ҷавонони тоҷик дар Русия ба доми ин гурӯҳ меафтанд.

Коршиносон омилҳои пайвастани ҷавонони тоҷик ба ин гуна гурӯҳ ва ҳаракатҳоро асосан ба бекорӣ, камсаводӣ ва ноогоҳии онҳо рабт медиҳанд.

Ба қавли коршиноси маҳаллӣ Баҳодур Уроқов, агар ҷавонон ҷойи кору огоҳии бештар медоштанд, шояд хеле камтар ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ меафтоданд. "Барои мисол, онҳое, ки дар дохили вилояти Хатлон ба ҳаракатҳои мамнӯе мисли Салафия шомил мешаванд, аксарияташон дониши ибтидоӣ доранд ва аз ноогоҳии динӣ, роҳгум мезананд," - гуфт ӯ.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурия ва Ироқро ишғол ва дар сарзаминҳои таҳти тасарруфаш эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ҷангҷӯёни ин созмон бо бархӯрди бераҳмонаи худ нисбат ба асирон ва дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асирон ном баровардаанд. Ин созмон, ки бино ба ҳисобҳо, то 20 000 ҷангҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои мухталифро низ зери парчами сиёҳаш дар Сурияву Ироқ ҷамъ овардааст, дар ҳоли ҳозир яке аз хатарноктарин гурӯҳҳои террористии ҷаҳон дониста мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Аксари ин шаҳрвандон аз Русия бо даъват ва маблағгузории эмиссарҳо то хоки Сурия ва Ироқ расидаанд.

XS
SM
MD
LG