Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати ду сафир дар суқути як чархбол дар Покистон


Дар як ҳодисаи суқути чархбол дар наздикии минтақаи Гилгит-Балтистон дар шимоли Покистон, дасти кам ҳафт нафар, аз ҷумла ду сафири давлати хориҷӣ кушта шуданд.

Бар асари суқути як чархболи ҳомили дипломатҳои хориҷӣ дар Покистон сафирони ду кишвар ба ҳалокат расидаанд. Бахши покистонии Радиои Озодӣ - радиои "Машъал" ба нақл аз сухангӯи артиши Покистон генерал-майор Осим Баҷва гуфт, инчунин дар ин садама се халабон ва ҳамсарони сафирони Малайзия ва Индонезия ҷон бохтаанд. Дар миёни маҷрӯҳон сафирони Полша ва Ҳолланд низ мебошанд.

Мақомоти расмии Покистон то кунун дар робита ба сабабҳои сарнагунии ин чархбол изҳори назар накардаанд. Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Хуросонӣ, сухангӯи гурӯҳи “Таҳрики Толибони Покистон”, ки масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш гирифтааст, дар як номаи имейлӣ ба унвонии радиои "Машъал" иддао кардааст, ки дар асл ҳадафи онҳо чархболе буд, ки дар дохили он бояд нахуствазир Навоз Шариф парвоз мекард.

Чархболи MI-17-и суқуткарда яке аз се чархболе буд, ки дипломатҳои ғарбиро ба минтақа барои ширкат дар маросиме интиқол медод. Дар ин маросим қарор буд нахуствазир Навоз Шариф суханронӣ кунад. Расонаҳои покистонӣ менависанд, ба сабаби ин ҳодиса нахуствазири Покистон сафари худро лағв намудааст.

Минтақаи Гилгит-Балтистон дар 300 километрии шарқи Исломобод -- пойтахти Покистон ва дар оғӯши силсилакӯҳҳои Ҳимолой, Қароқурум ва Ҳиндукуш воқеъ шудааст. Дар ин минтақа беш аз 100 қуллаи беш аз 7000 метрӣ ҷой гирифтаанд ва яке аз минтақаҳои машҳурии сайёҳии Покистон ба шумор меравад.

Сардабири барномаҳои радиои "Машъал" Довуд Хаттак мегӯяд, "чархбол дар маҷмӯъ сето буд. Дар яке аз дигар чархболҳо нахуствазир ҳам қарор дошт. Ҳамаи онҳо мебоист дар шаҳраки Налтар дар маросими муаррифии як объекти нави туристӣ – фунекулере ширкат мекарданд, ки як кӯҳро бо кӯҳи дигар мепайвандад ва аз баландӣ макони зебои тамошо боз мешавад. Қарор буд, дар ин маросими муаррифӣ Навоз Шариф, нахуствазири кишвар суханронӣ кунад. Ҳавопаймо дар шаҳраки Налтар, ки дар минтақаи шимолии Гилгиту Балтистон ҷойгир аст, суқут кард. Навоз Шариф ҳама сафиронро ҳамроҳаш барои ин маросими муаррифӣ даъват карда буд."​

Озодӣ: "Таҳрики Толибони Покистон" иддао кард, ки ин мушаки онҳо буд, ки ҳадафаш ҳам Навоз Шариф буд ва ҳамин мушак метавонист боиси суқути чархбол шавад. Оё шаҳодати як ҳодисаи террористӣ будани ин ҳодиса вуҷуд дорад?

Довуди Хаттак: "Дар асл, ин фарзияро набояд дур кунем, чунки чанд далели дахолати Толибон ба ингуна ҳодисаҳо вуҷуд дорад. Дар изҳороте, ки сухангӯи "Таҳрики Толибон" пахш кардааст, дар баробари ҳадаф қарор гирифтани Навоз Шариф мегӯяд, онҳо аз мушаки навъи “Сам-7” истифода кардаанд. Толибон дар изҳороти гузаштаашон иддао карда буданд, ки як силоҳи наверо таҷриба мекунанд, ки тавони нобуд кардани ҳавопаймову чархболҳоро дорад. Ин изҳороти Толибон се-чор ҳафта пеш пахш шуд. Вале боз ҳам мо қазоват карда наметавонем, ки ин ҳодиса кори дасти кист."

Озодӣ: Оё ҳукумати Навоз Шариф кадом барномаи корсози стратегие нисбат ба Толибон дар даст дорад, ки тавонад хатари онҳоро коҳиш диҳад ва ё онҳоро сари мизи гуфтушунид нишонад?

Довуди Хаттак: "Вақте Навоз Шариф соли 2013 сари қудрат омад, онҳо як нақшаи сари мизи гуфтушунид овардани Толибонро дар даст доштанд. Ин барнома гуфтугӯҳои рӯбарӯ бо шӯришиёнро бо ширкати ришсафедону сиёсатмадорони бонуфуз дар бар мегирифт. Ин талошҳо аз 6 то 8 моҳ давом кард, вале натиҷа надод. Баъдан раҳбари Толибон Мулло Масъуд кушта шуд, даъво хест ва Толибон музокиротро тарк карданд. Дар натиҷа, як сол пеш онҳо дар минтақаи Вазиристони Шимолӣ амалиёти зидди Толибонро ба роҳ монданд. Баъд аз ин, ҳамла ба мактаби Пешовар шуд, ки дар он 140 кӯдак кушта шуд. Ва ҳоло чунин вазъияте пеш омадааст, ки ҳама гуна имкони музокироту гуфтугӯ бо Толибон дар ояндаи наздик ба ҳар шакли мумкин ғайри қобили иҷро шудааст."

XS
SM
MD
LG