Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тирандозии хунин дар пойгоҳи Амрико дар Форт Ҳуд


Бар асари тирандозӣ дар як пойгоҳи низомӣ дар аёлати техаси Амрико 4 нафар, бо шумули тирандоз, ҷон бохтаанд. Тирандоз аз захми тирҳое ки ба тани худ андохт, ҳалок шудааст.

Генерал-лейтенант Марк Миллӣ, як мақоми пойгоҳи низомии Форт Ҳуд ба хабарнигорон гуфт, дар ин тирандозӣ 16 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ӯ гуфт, ки тирандозӣ тақрибан 15-20 дақиқа идома кард: “Ҷузъиёти ҳодиса ва замонаш ҳанӯз 100 дарсад дақиқ нашудааст. Вале бовар меравад, ки ин сарбоз дохили яке аз биноҳо шуда, ба тирандозӣ сар кард, сипас ба мошин нишаста, тирандозиро аз дохили мошин идома дод. Баъдан вориди бинои дигар шуд ва аз нав ба тирандозӣ пардохт. Танҳо баъд аз сӯи нирӯҳои мусаллаҳи мустақар дар Форт Ҳуд дастгир шуд.”

Тирандоз қабл аз боздошт ба сари худ тир андохтааст. Генерал Миллӣ исми ин сарбозро наовард, танҳо гуфт, ӯ дар соли 2011 тайи чор моҳ дар Ироқ хидмат карда буд. Ба гуфтаи Марк Миллӣ, ин сарбоз аз депрессия ва тарс азоб мекашид ва бо гумони хароб шудани асабҳояш дар натиҷаи ягон зарба ҳам таҳти муоина қарор гирифта буд.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки оё ин ҳамлаи сарбоз аз пеш барномарезишуда буд ё хайр. Аммо ҳанӯз аломате нест, ки ин қазияро ба терроризм рабт бидиҳанд.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, хабари ҳамла дар Форт Ҳуд дилашро хун кардааст. Обама хостори таҳқиқи фарогири ин қазия шуд: “Дили мо хун мешавад, агар ҳодисае чунин бори дигар такрор шавад. Ман намехоҳам то замони маълум шудани тамоми ҷузъиёт ин қазияро шарҳ диҳад. Вале дар ҳоли ҳозир ман танҳо изҳори умед мекунам, ки тамоми мардуми кишвар хонаводаҳои қурбониён ва аҳли Форт Ҳудро пеши назар меоранд ва дар дуоҳояшон ёд хоҳанд кард.”

Нидал Ҳасан

Нидал Ҳасан

Дар соли 2009 майор Нидал Ҳасан дар ҳамин пойгоҳи Форт Ҳуд 13 сарбозро кушта, 32 тани дигарро захмӣ карда буд. Соли гузашта Нидал Ҳасан ба қатл маҳкум шуд. Ӯ гуфта буд, ки ба нишони ҳимоят аз ҷангиёни Толибон аз нирӯҳои Амрико дар Афғонистон оташ кушодааст.
XS
SM
MD
LG