Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талхиву ширинии рӯзгори мардикорон дар Русия (16 АКС)


FotoDoc - Маркази аксҳои мустанад дар Маскав - дар ибтидои моҳи март намоишгоҳи аксҳоро бо номи "Онҳо" боз кард. Дар ин намоишгоҳ аксҳои 20 аксбардор дар бораи ҳаёти муҳоҷирони корӣ дар Русия ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Аксҳое ки дар намоишгоҳи "Онҳо" дар FotoDoc - Маркази аксҳои мустанад дар Маскав - гузошта шудаанд, бештар аз сахтиҳои зиндагии муҳоҷирони корӣ, қишре ки дар ҷомиаи Русия чандон хушашон надоранд, ба риштаи тасвир медароранд.

Ин намоишгоҳ нишон медиҳад, ки ин мардум дар Русия дар чӣ шароити пур аз уқубату сахтӣ ва маҳрумиятҳо ба сар мебаранд. Ба гуфтаи мубтакирони намоиш, як ҳадафи онҳо бедор кардани ҳисси инсондӯстии бештар дар зеҳни мардуми маҳаллӣ нисбат ба муҳоҷирон буд.

Қарори маълум, бино ба назарсанҷиҳои анҷомшуда, дар ҷомиаи Русия эҳсосоти бадбинона ё манфӣ нисбат ба муҳоҷирон торафт боло мегирад. Бино ба як назарсанҷии Левада-Сентр, тақрибан 70 дарсади мардум дар Русия аз тадбирҳои давлат ҷиҳати лаҷом задани маҷрои муҳоҷират ва шадидтар кардани шароити будубош ва кори муҳоҷирон дар ин кишвар пуштибонӣ мекунанд.

Ҳамин тавр, як бахши аъзами мардуми Русия бар ин назаранд, ки муҳоҷирон ҷои мардуми маҳаллиро дар бозори кор танг мекунанд. Ин эҳсос боиси афзоиши ақидаҳои қавмгароёна дар ҷомиа шуда, ҷунбишҳоеро рӯи кор овардааст, ки мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳатто мустақилона таъқибу пайдо кардану ба дасти мақомот супурдани чунин муҳоҷиронро ҳадафи худ қарор додаанд.

Инҷо бубинед, ки аксбардорони худи Русия талхиву шириниҳои ҳаёти муҳоҷирони кории хориҷ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро дар кишвари худ читгуна дидаву дар ин силсилаи аксҳо ба тасвир даровардаанд:

XS
SM
MD
LG