Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Ҳосилот”-и Фархор дар бозии мавқуфгузоштаи даври дувоздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ин бозӣ бегоҳи чоршанбеи 21 сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 1200 тамошобин баргузор шуд.

Голи ягонаро дар ин бозӣ Хайрулло Азизов дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 31-ум, ба ҳадаф расонд ва ба “Ҳосилот” се имтиёз овард. Ҳамакнун «Ҳосилот» бо 25 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот боз ба ҷойи дувум баромад. Футболбозони Фархор нисбат ба дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки бо 33 имтиёз дар ҷойи аввал аст, ҳашт имтиёз камтар гирифтаанд.

“Ҳосилот” нисбат ба дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва ССКА «Помир»-и Душанбе, ки бо 20-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чорум қарор доранд, панҷ имтиёз бештар ба даст овардааст. Вале регариҳо ва низомиён як бозӣ камтар кардаанд.

Имрӯз, 22 сентябр, боз як бозии мавқуфгузоштаи даври дувоздаҳуми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Равшан»-и Кӯлоб баргузор мешавад. Зимнан, ҳарду даста дар зинаҳои охири ҷадвали мусобиқот ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври 15-уми мусобиқоти лигаи олӣ рӯзҳои 24-25 сентябр баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе се бозӣ байни дастаҳои - «Ҳосилот» – ССКА «Помир», «Барқчӣ» – «Вахш», «Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» ва рӯзи якшанбе ду бозӣ миёни тимҳои «Равшан» – «Истиқлол» ва «Хайр» – «Парвоз» барпо мегардад.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 12-ум

«Хуҷанд» – «Ҳосилот» – 0:1

Гол: Хайрулло Азизов, 31.

21 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1200 тамошобин.

22 сентябр (панҷшанбе)

«Парвоз» – «Равшан»

Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И

1 «Истиқлол» (Душанбе) 13 10 3 0 45-13 33

2 «Ҳосилот» (Фархор) 13 7 4 2 26-12 25

3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 12 6 2 4 28-14 20

4 ССКА «Помир» (Душанбе) 12 6 2 4 16-9 20

5 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 13 5 3 6 19-24 18

6 «Барқчӣ» (Душанбе) 11 5 2 4 16-16 17

7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 13 5 1 7 13-29 16

8 «Хайр» (Ваҳдат) 13 4 4 5 17-22 16

9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 12 1 2 9 9-26 5

10 «Равшан» (Кӯлоб) 12 0 3 9 10-34 3

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 15 тӯб, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»), Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 9-тӯбӣ, Агблей Ҷонес («Хайр») – 8 тӯб, Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ») – 7 тӯб.

Даври 15-ум

24 сентябр (шанбе)

«Ҳосилот» – ССКА «Помир»

«Барқчӣ» – «Вахш»

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

25 сентябр (якшанбе)

«Равшан» – «Истиқлол»

«Хайр» – «Парвоз»

Оғози бозиҳо – соати 16:00

XS
SM
MD
LG