Пайвандҳои дастрасӣ

Хабаргузории Forum 18 мегӯяд, дар Тоҷикистон назорати давлат бар ҳуқуқи мазҳҳабии мусалмонон тораафт меафзояд ва дар саросари кишвар ба ҷуз аз як мадараса бақияро пурра бастаанд.

Хабаргузории Forum 18, ки таҳаввулоти мазҳабӣ дар кишварҳои мухталифи дунёро пайгирӣ мекунад, рӯзи 3 март дар матлабе бо номи “Тоҷикистон: Назорати давлат бар Ислом меафзояд” вазъи озодиҳои мазҳабии бахусус пайравони дини Исломро дар Тоҷикистон баррасӣ кардааст.

Муаллиф Мушфиқ Байрам аз моҳи июл ба ин тараф бекор мондани имоми масҷиди ноҳияи Восеъ, амри Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи феврал, ки дар ҳамаи масҷидҳои расмӣ дар як мавзӯъ мавъиза гӯянд, дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пӯшондани либоси ягона ба ҳамаи имомхатибону таъмини онҳо бо маош аз тарафи давлатро аз ҷумлаи аломатҳои афзоиши дасти дахолати давлат дар умури дин дар ин кишвари пасошӯравии беш аз 90 дарсади мардумаш мусалмони Осиёи Марказӣ меномад.

Forum 18, ҳамин тавр, комилан манъ шудани рафтани намозгузорони зери синни 18 ба масоҷид, ба истиснои намозҳои ҷаноза, манъи ҳар навъ иҷрои фаризаҳои мазҳабии бидуни иҷозати расмӣ, шадидтарин кардани тартиби сабти номи масҷидҳо, маҳдуд кардани ҳаққи даъватҳои мазҳабӣ дар намунаи манъи фаъолияти “Ҷамоати Таблиғ”, шадидтар шудани сонсури давлатӣ ва дахолати давлат дар таъину барканории имомҳоро аз дигар намунаҳои афзоиши контроли давлат бар масоили динӣ дар Тоҷикистон меномад.

Дар посух ба суоли Forum 18, ки чаро ин ниҳод имомхатибонро аз ҳаққи интихоби мавзӯъи маъвизаашон маҳрум мекунад?, муовини раиси Кумитаи дин Солеҳҷон Завқиев гуфтааст, ин тасмими на Кумитаи дин, балки “қарори Шӯрои уламост ва ман дар ин хатое намебинам.”

Ибодуллоҳ Калонзода, имом аз вилояти Суғд дар посух ба суоли дигари хабаргузорӣ дар бораи либоси ягонаи имомхатибон гуфтааст, “фикр намекунад, ки инҷо дасти дахолати давлат бошад.” Ӯ ҳамчунин иддао кардааст, ки “ончуноне ки сарбозону милисаҳо ва ходимони давлатӣ либоси махсуси худро доранд, имомхатибон низ бояд либоси расмиашонро дошта бошанд.”

Муаллиф аз моддаи 8-уми Қонуни асосии Тоҷикистон иқтисбо мекунад, ки мегӯяд, “мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад” ва “ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.” Аммо ба навиштаи Мушфиқ Байрам, баъди қабули қонуни нави дин дар соли 2009 воқеъияти ҳол дуруст баракс буда, дасти дахолати давлат дар умури мазҳабӣ хеле дарозтар шудааст.

Ду сол баъди тасвиби ин қонун дар саросари Тоҷикистон амалиёти густардае бо номи “Мадраса” ба роҳ андохтанд ва дар натиҷа, ба навиштаи Forum 18, имрӯз дар кишвар ба ҷуз аз мадрасае дар Турсунзода дигар ягон мадраса фаъолият намекунад. Ҳарчанд мақомот мегуфтанд, ки ин мадрасаҳоро “муваққатан” ва то замони дуруст кардани аснод ва шароити таҳсилашон бастаанд, вале то имрӯз ягон мадраса дубора боз нашудааст.

Мавзӯъи дигаре, ки Мушфиқ Байраам дар гузоришаш матраҳ мекунад, дасти дарози дахолати давлт дар таъин ва барканории имомҳост. Убайдулло Ҳасанов, имомхатиби собиқи ноҳияи Восеъ, ки моҳи июл баъди суханрониаш дар мулоқоти президент Раҳмон бо аҳли дин бо иттиҳоми “расондани маълумоти бардурӯғ” ба президент барканор шуд, ба Forum 18 гуфтааст, ки то ҳол бекор аст. Ӯ мегӯяд, дар он мулоқот аз президент барои сохтани бинои нави масҷид фақат замин хоста буд. Имоми собиқ мегӯяд, аз мақомот барои кор дар ягон масҷиди дигар, ё дар ягон мадраса ва мактаб иҷозат хостааст, вале “то ҳол бекор” аст.

Солеҳҷон Завқиев, муовини раиси Кумитаи дин аммо гуфтааст, “барканории ин имом бар асоси қарори маҷлиси имомхатибони ноҳияи Восеъ сурат гирифта,” Кумитаи дин дар ин тасмим дасте надорад. Завқиев мегӯяд, ба сурати умум, “номзад ба имомироо шӯроҳои имомхатибони маҳаллӣ интихоб ва пешниҳод мекунанд. Мо танҳо сатҳи савод ва тахассуси имомро месанҷем.”

Forum 18 Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ниҳодеро ки дар заминаи муфтиёти собиқ ташкил шудааст, бахше аз васоили назорати давлат бар фаъолияти мусалмонон меномад, ки дар асл сиёсати давлатро тавассути масҷидҳо таблиғ ва ҷорӣ мекунад. Манъи интихоби мустақилонаи мавзӯъ барои мавъизаҳо ва истифодаи ҳатмӣ аз нусхаҳои тавсияшудаи мавъизаҳое ки аз “боло” ба масоҷид фиристода шудааст, бахши дигари ин гузориш аст.

Аммо Ибодуллоҳ Калонзода, рӯҳонии маъруф аз вилояти Суғд ба Forum 18 гуфтааст, фикр намекунад, ки ин бастаи мавъизаҳои хаттӣ барои имомхатибон “хато ё аломати дахолати давлат” бошад. Ӯ бо тавсиф аз вазъи имрӯзаи Тоҷикистон гуфтааст, “агар шумо бо даврони Шӯравӣ қиёс кунед, хеле пешрафт шудааст. Мо метавонем, “Қуръон” бихонем, масҷид биравем, мавъиза гӯш кунем.” Калонзода ҳамин тавр, аз пешниҳоди либоси ягона барои имомхатибон ҳимоят карда, гуфтааст, вақте милисаву сарбозон либоси махсус доранд, чаро имомхатибон надошта бошанд?

Намунаи дигари дахолати давлат дар масоили динӣ, ба навиштаи муаллиф, таъмини имомхатибон бо маош аст. Ин амр, менависад Forum 1, бо амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, ки дар мулоқоти рӯзи 4 июлаш бо рӯҳониён гуфт, “бароятон маош таъин мекунем, то ки ба долларҳое ки аз хориҷ пардохта мешаванд, ниёз надошта бошед.”

Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфтааст, дар маҷмӯъ барои тақрибан 300 имом маош дода мешавад ва аз ҷумла имоми масҷиди марказии Душанбе 2000, имомҳои масҷидҳои марказӣ 1500 ва имомҳои масҷидҳои ҷомеъ 800 сомонӣ маош хоҳанд гирифт.

Намунаи либос барои имомхатибон

Намунаи либос барои имомхатибон

Солеҳҷон Завқиев аммо мегӯяд, ки ин имтиёз танҳо барои имомхатибони масҷидҳо буда, намояндагони динҳои дигарро фаро намегирад: “Мо ба тамоми созмонҳои сабтиномшудаи динӣ инро пешниҳод кардем, вале онҳо напазируфтанд.” Ин дар ҳолест, ки Питирим (Константин Творогов), раҳбари калисои правсолавӣ дар Душанбе ба Forum 18 гуфтааст, “чунин кумаки молӣ аз тарафи давлат ба сӯди мо мебуд.”

Аммо Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, намояндаи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Forum 18 гуфтааст, “давлат бо таъини маош ба имомхатибон ва пӯшондани либоси ягона ба онҳо мехоҳад имомхатибонро ба хотири манфиатҳояш истифода барад.” Ӯ меафзояд, ин ҳама мухолифи Қонуни асосии Тоҷикистон аст, ки “динро аз давлат ҷудо кардааст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG