Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40%-и донишҷӯёни тоҷик аз оилаҳои доро будаанд


​Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон фақат 5 дарсади ҷавононро фарзандони оилаҳои камбизот ташкил медиҳанд. Теъдоди муҳассилон аз оилаҳои доро 8 баробар бештар буда, наздик ба 40% ҳисоб шудааст.

Ин хулосаи пажӯҳиши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ аст, ки шикофи миёни қишрҳои бою камбағалро дар таълимгоҳҳои Тоҷикистон назаррас арзёбӣ кардааст. Ҳарчанд масъалаи дастрасӣ ба таҳсил ва бе маълумоти олӣ мондану роҳи Русияро пеш гирифтани ҷавонони нодор барои ҷомеаи тоҷик рӯшан аст, аммо барои аввалин бор аст, ки як ниҳоди пурнуфузи ҷаҳонӣ дар ин замина омор пешниҳод мекунад.

Наврӯза Алиқулова, сухангӯи дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 28 август, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пажӯҳишгарон ба чунин натиҷа баъд аз сӯҳбат бо волидайн, донишҷӯёну хонанадагони макотиб, маъмурияти донишгоҳҳову мактабҳо ва, инчунин, кӯдакону ҷавонони аз таҳсил канормонда расидаанд. “Дар гузориш тавсияҳо дар самти сиёсати беҳтар намудани имкониятҳои хонандагон дар дастрасӣ ва гирифтани маълумоти олӣ бо такя ба истифодабарии имтиҳоноти ягонаи дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ, ки соли 2014 оғоз гардидаанд, пешниҳод шудаанд,” – афзуд ӯ.

Пажӯҳишгарони Бонки Ҷаҳонӣ маълум кардаанд, ки ҳоло дар макотиби олии Тоҷикистон камтар аз 30 дарсадашро духтарон ташкил дода, дар маҷмӯъ донишҷӯёни тоҷик нисбат ба насли пешин ду баробар бештар мактабҳои олиро нотамом мегузоштаанд. Аз ин хотир, мизони ҷавонони аз 25 то 34-солае, ки сатҳи донишашон поинтар аз мактаби миёна аст, ду баробар афзоиш ёфтааст.

Хулосаи пажӯҳишарони бонк чунин будааст, ки монеаи аслии гирифтани маълумоти олӣ дар Тоҷикистон барои ҷавонон, ба мавқеи ҷуғрофӣ, нобаробарии ҷинсӣ ва вазъи иҷтимоивуиқтисодии онҳо бастагӣ дорад.

Фарзона, ҷавондухтари 23-солаи тоҷик, ки замоне орзуи табиб шуданро дошт, мегӯяд, баъд аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи тиббӣ супорида буд. “Аммо он вақт барои дохил шудан ба донишгоҳ 8 ҳазор доллар лозим буд, вале чун зиндагиямон миёнаҳолона буд, падару модарам қудрати пайдо кардани чунин маблағро надоштанд. Ҳамин тавр, ман дохил нашудам,” – нақл кард Фарзона.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, чун ба донишгоҳ дохил нашуд, волидайн ӯро ба шавҳар доданд ва ҳамин тавр орзуи табиб шуданро дар дилаш гӯр кард. Ба мисли Фарзона имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон фарзандони садҳо хонаводаи нодор бинобар тангдастӣ аз гирифтани маълумоти олӣ маҳрум мешаванд ва ҳамин ноумедиро барои наслҳои баъдии худ “ба мерос” мегузоранд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи мушоҳида, боз ҳам ҷавонони ҳамин қишр, ки бахт ба рӯяшон хандидаву ба курсии донишҷӯӣ мешинанд, барои расидан ба муваффақият ва зиндагии беҳтар талоши бештар доранд.

Сафар Шарифзода
Сафар Шарифзода

Аз ҷумла, Сафар Шарифзода, ҷавоне, ки дар ноҳияи Тавилдара ба дунё омадаву тавонист ба факултаи идора ва сохтмони нақлиёти Донишгоҳи техникии ба номи Муҳаммад Осимии Тоҷикистон дохил шавад, ҳанӯз дар вақти донишҷӯӣ ду макет ё лоиҳаи сохтмони роҳҳои дутабақа ва сетабақаро барои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти олии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд қарор гирифта буд. Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ҳатто барои амалисозии ин тарҳ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 38 миллион доллар ҷудо кард.

Пажӯҳишгарони Бонки Ҷаҳонӣ зимни анҷоми пурсиш муяйн кардаанд, ки хатмкунандагони макотиби миёна ва волидайни онҳо квотаи президентӣ ва ҷойҳои буҷавиро дар донишгоҳҳо аз умеди охирини хонаводаҳои фақир барои шомил шудан ба макотиби олӣ медонанд. Ҳарчанд дар ин маврид низ онҳо шаффофияти тақсими ковтаҳоро зери соул мебаранд ва бар инанд, ки бахшҳои буҷавӣ ҳам бештар насиби бойбачаҳо мешавад.

Соҳибназарон ҳам мегӯянд, дар Тоҷикистон, ки чун давлати иҷтимоӣ аз он ном бурда мешавад , дастрасии баробар ба маълумоти олӣ миёни қишри бою камбағал вуҷуд надорад. Ва маҳрум будан аз имкони рушд дар қишри нодор ҳолати ноумедиро ба вуҷуд меорад, ки онҳо дигар дар андешаи беҳбудии худ намешаванд. Бархе аз таҳлилагарон роҳи ҳалро дар бештар кардани назорат болои бахшоҳи буҷавӣ ва додан имтёз ба қишри нодори ҷомеа мебинанд.

Мунира Иноятова
Мунира Иноятова

Мунира Иноятова, вазири собиқи маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳукумати кишвар ҳамасола танҳо барои 40 фоизи довталабон таҳсили буҷавиро фароҳам меорад ва 60 дарсади дигар дар бахшҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд. “Танҳо дар он ҳолат метавон ба дастрасии баробарии ҳар ду қишр ба маълумоти олӣ муваффақ шуд, ки агар барои интихоби донишҷӯён ба маоктиби олӣ мониторинги босифат пайдо шавад. Чунин мониторингро афроде бояд ташкил кунанд, ки манфитаи шахсиро пас аз манфиати ҷамъиятӣ мегузоранд. Зеро Тоиҷикистон давлати хурд ҳаст ва хоҳ нохоҳ хешу таборбозӣ вуҷуд дорад,” -- мегӯяд вазири пешини маориф.

Ин гуфтумонҳо дар ҳолест, ки аз соли 2013 дар Тоҷикистон Маркази миллии тестӣ ба кор шурӯъ кард, ки ҳадафаш роҳандозии низоми муосири қабули довталабон ба донишгоҳҳо, шаффофу одилона баҳогузорӣ шудани дониши довталабону ва аз байн бурдани ришваву фасод гуфта мешавад. Пажӯҳишгарони Бонки ҷаҳонӣ ҳам дар гузориши тозаи худ гуфтаанд, аксарияти волидон таъсиси Маркази миллии тестиро воситаи аз байн бурдани нобаробарии иҷтимоӣ миёни дохилшавандагон медонанд.

XS
SM
MD
LG