Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми зиндони фолбине, ки пули ришваро гӯё "гармӣ" мекард


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як ҷавонзани фолбини суғдиро барои барнагардонидани маблағи барои “гарм” кардан гирифтааш аз як сокин ба 5 соли ҳабс маҳкум кард.

Додгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ахиран дар толори додгоҳи Чкалов Шаҳноза Юнусова, сокини шаҳри Конибодомро бо ҷурми “қаллобӣ”, мутобиқи банди 47 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор донист.

Иноятулло Ғуломов, раиси додгоҳи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки муҳокимаи парвандаи Юнусоваро анҷом додааст, рӯзи 11 феврал дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин ҷавонзани 26-сола аввалҳои соли 2011 дар шаҳри Чкалов аз Ёқуб Аминов ном шахс бо ваъдаи он ки фарзанди ӯро аз маҳбас озод мекунонад, 5 930 доллар маблағи ӯро барои “гармӣ” кардан гирифт, вале баъдан ин пулро “гум кардаам” гуфта, барнагардонд.

“Шаҳноза Юнусова, ки маълумоти олӣ ва ё дипломи ягон ихтисосе надорад ва ба фолбинӣ машғул буд, ба ҷабрдида ваъда додааст, ки маблағи гирифтаашро “хонда, гарм” мекунад. Ва ҷабрдида он маблағро ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дода, писарашро, ки ҳамон вақт дар ҳабс буд, озод хоҳад кард,” – афзуд вай.

Ба гуфтаи додрас Ғуломов, додгоҳ ҳукми ҳабси Шаҳноза Юнусоваи 26-соларо, ки соҳиби 6 кӯдак аст, то ба синни 8 расидани тифли хурдиаш Ҷабраил, ки ҳоло ҳамагӣ 5 моҳ дорад, мавқуф гузошт. Шавҳари Юнусова дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштааст.

Ҳамчунин додгоҳ хонум Юнусоваро муваззаф кардааст маблағи аз ҷабрдида барои “гармӣ кардан” гирифтаашро ба вай баргардонад.

Шаҳноза Юнусова дар додгоҳ гуфтааст, ки вай он маблағро бо дуохонӣ “гармӣ” кардаву дар ҷевони манзилаш гузошта буд, аммо баъд дид, ки он гум шудааст. Вай гуфтааст, саркашӣ намекунад ва бо ба даст овардани маблағ ҳатман ба соҳибаш бармегардонад.

Талоши мо барои тамос бо худи Шаҳноза Юнусова натиҷа надод. Додраси парванда гуфт, ки ӯ дар ҷараёни муҳокима ва эълони ҳукм дар ҳоли бади равонӣ қарор дошт.

Ин аввалин мавриди ба зиндон маҳкум намудани як фолбин дар солҳои ахир дар вилояти Суғд аст. Ин дар ҳолест ки фолбинӣ миёни сокинон ба як навъ касб табдил ёфтаву тақрибан ҳар маҳаллаи шаҳрҳову ҳар деҳа фолбинҳои марду зани худро дорад. Беморони равониву ҷисмонӣ, одамони гирифтори мушкил дар зиндагии шахсӣ ё дар адои вазифаю тиҷорат, афроди фарзандталаб ё ҷавонони ҷуфтхоҳ барои “бахткушоӣ” дари манзили фолбинҳоро мекӯбанд.

Аммо азбаски дини ислом “фолбинӣ” ва “фолбин”-ро кори баду шайтонӣ меномад, одамони машғул ба ин амал дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон худро бо номҳое дигар, мисли “табиб”-у “биотун” муаррифӣ мекунанд.

Як зани миёнсоли суғдӣ, ки номашро Насиба ва касбашро “биотун” меномад, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, вай баъд аз хатми мактаби миёна дигар ҷое таҳсил накарда ва “фолбинӣ”-ро баъди беморӣ ва маҳдушии тӯлонӣ аз “пири устодонаш” ёд гирифтааст. Вай мегӯяд: “Ман барои пул ёфтан ин корро намекунам. Ман инро барои сабук шудани дардам мекунам, бемор нашуда гардам, шуд. Чунки биотун шуда, аз дарди қаттол наҷот ёфтам. Ман ба ҳоҷатталаб намегӯям, ки масалан 100 ё 10 сомонӣ пул диҳанд. Аммо агар корафтода аз дилаш бароварда, чанд сомонӣ диҳад, онро радъ кардан наметонам. Чунки калонигарӣ мешавад.”

Дар қонунгузории Тоҷикистон “фолбинӣ” ҳамчун касбу пеша сабт нагаштааст ва машғул шудан ба фолбинӣ низ қонунан манъ карда нашудааст. Аммо аз касоне, ки иддаъои “табиби мардумӣ” доранд, барои фаъолияти расмӣ дипломи тахассусӣ ва иҷозаномаи фаъолият талаб мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG