Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳарчанд гумруки Тоҷикистон даҳҳо нусха аз китобҳои тилисм ва сеҳру ҷодуро мусодира мекунанд, онҳоро метавон дар “бозори сиёҳ” бо нархи аз 100 то 500 доллар харид.

Шараф, як корманди собиқи милиса, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки китобҳои сеҳру ҷоду чопи Кашмиранд ва аз сӯи шаҳрвандони Афғонистон вориди Тоҷикистон мешаванд. Дар ду соли ахир аз сӯи кормандони гумрук чандин нусха "Канз-ул-Ҳусайн", "Ганҷинаи амалиёт","Тим-тимӣ", "Ҷавоҳири таъвизот" ва "Хазинаи таъвизот" мусодира шудааст – китобҳое, ки онҳоро мутахассисони Кумитаи дини Тоҷикистон чун “ғайриисломӣ” ва “тарғибкунандаи сеҳру ҷоду” ташхис кардаанд.

Охири соли гузашта алайҳи Бибихалифа Қаршибоева, сокини деҳаи Шакардашти ноҳияи Панҷ барои қочоқи се китоби “ҷоду”, аз ҷумла, “Нақши Сулаймон”-у “Канз-ул-Ҳусайн” аз Афғонистон ба Тоҷикистон парванда боз шуд. Аммо масъулони гумрук иқрор мекунанд, ки на ҳамаи ин китобҳо мусодира мешаванд ва қимати онҳо дар “бозори сиёҳ” ҳамон боло боқӣ мемонад.

Ҳоҷӣ Мирзо

Ҳоҷӣ Мирзо

Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии тоҷик, мегӯяд, ки дини ислом мавҷудияти сеҳру ҷодуро рад намекунад – Паёмбар ҳам ҷоду шуда буд ва ба хотири рафъи он дар Қуръон ояҳои “Қулаузбирабифалақ”-у “Аузбираббинос” нозил шудаанд.

Ҷонибеки Асрориён, донишманд ва аз муҳаққиқони ин мавзӯъ ёд дорад, ки пораҳо аз “Канз-ул-Ҳусайн” солҳои навадум дар яке аз рӯзномаҳои Тоҷикистон нашр шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, сеҳру ҷодуву тилисм ҳанӯз замони Бобулиён маъруф буданд – бузургони Аҷам дар ашъори худ борҳо ба “ҳиллаи ҷодувони Бобул” ишора кардаанд. Дар қарнҳои миёна дар Моваруннаҳр илми кимиё рушд кард, ки бо сеҳру сеҳргарӣ сару кор дошт. Зимнан, занҳои тоҷик то солҳои 60-уми асри гузашта барои дур кардани чашми бад “кимиётумор” мегирифтанд, мегӯяд мусоҳиби мо.

Гуфта мешавад, ҳар касе, ки китоби сеҳру ҷоду, аз ҷумла, “Канз-ул-Ҳусайн”-ро чаппаву роста хонад, ба сеҳру ҷоду даст меёбад. Мундариҷаи ин китобҳо барои бисёриҳо номаълум аст. Бино бар ақидае касе, ки ин китобҳоро мутолиа кардааст, рӯйи ҷаннатро намебинад.

Ҷонибек Асрориён

Ҷонибек Асрориён

Ҳоҷӣ Мирзо мегӯяд, ки ӯ аз китобҳои сеҳру ҷодуву тилисм парҳез мекунад ва фақат шунидаст, ки дар дохили “Канз-ул-Ҳусайн” нақшаҳои зиёди сеҳру ҷоду мавҷуд аст. Дар сӯҳбат бо мо иқрор кард, ки боре тасодуфан чанд варақ аз “Канз-ул-Ҳусайн” ба дасташ расида ва ӯро сахт нороҳат карда буд. “Дар он ҷо омада буд, ки барои як одамро ҳалок кардан, бояд аз қабри кӯҳна хок бигирӣ ва фалону фалон калимаҳоро болои ҳамон хок бихонӣ ва дар назди хона ё дарвозаи одаме бирезӣ, ки ҳалокати ӯро мехоҳӣ. Дар давоми як ҳафта он кас ҳалок мешавад”. Яъне, ҳадаф аз сеҳру ҷоду асосан осеб расонидан ба ин ё он шахс аст. Аммо, ба гуфтаи Ҳоҷӣ Мирзо, сеҳру ҷоду кори ҳар кас нест – онро бояд шахсе анҷом диҳад, ки кофир шудаасту нопок аст ва ҳатто болои китобҳои шариатӣ пешоб карда бошад.

Рӯҳонии тоҷик мегӯяд, ки сеҳру ҷоду дар Тоҷикистон чун “илми Кашмир” маъруф аст. Солҳои пеш мардум мегуфтанд, баъзе ҷодугарҳо пустаку гилемро бо ҷоруб “ҷанг” меандохтанд. Фақат солҳо баъд ошкор шуд, ки ин ҳама “гипноз” будааст...

Хонум Имон Валерия Порохова, тарҷумони Қуръони Маҷид ба забони русӣ, аз як таъкиди Паёмбари ислом ёд овард, ки гуфта буд, амалҳое чун ба мор бадал кардани таёқ - кори сеҳргарҳо ва хилофи шариат аст.

ҲАР КӢ ОХУРБИН БУВАД, БЕДИН БУВАД

Ҳоҷӣ Мирзо ҳам мегӯяд, сеҳру ҷоду дар ислом қатъиян ҳаром ҳукм шудааст ва ҳар кӣ ба чунин коре даст мезанад, ҳам ин дунё ва ҳам қиёматашро месӯзонад. Маблағе, ки аз ҷоду ё фолбинӣ, як шохаи дарахти тилисму сеҳр ба даст меояд, ҳаром аст. Ҳоҷӣ Мирзо аз як байти Мавлавӣ Ҷалолиддини Румӣ ёд меоварад:

Ҳар кӣ охирбин бувад, ӯ мӯъмин аст,
Ҳар кӣ охурбин бувад, ӯ бедин аст.


Обидҷон Шарофов, раиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд, чанд рӯз пеш хабар дод, ки шимоли Тоҷикистон фақат то рӯзи 10 майи соли равон 179 нафар ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул будаанд. Ҳадаф аз фолбинӣ фақат “бизнес” аст - фолбинҳо “такса” ё нархномаи худро дорад, мегӯяд ӯ. Гулҷаҳон Худошукурова, як зодаи шаҳри Истаравшан, ки дар шаҳри Хуҷанд боздошт шуд, барои фол -15 сомонӣ, барои “гардон”-15 сомонӣ, барои бахткушоӣ- 150 сомонӣ, барои “банка” -120 сомонӣ, барои массаж ё маҳс тайи 10 рӯз 120 сомонӣ мегирифт. Фолбини дигар Ҷаҳонгир Аламуродов иқрор намуд, ки барои барқарор кардани робитаҳои маҳрамона, муолиҷаи безурётӣ, тумор, кушоиши кор ва “гарм” ё “хунук” кардан аз 5 то 100 сомонӣ “ҳаққи хидмат” мегирад.

Қонунгузории Тоҷикистон аз соли 2007 фолбиниро бо қаллобӣ баробар донистааст. Аз ҳамон сол фолбинҳо ба “табибҳои халқӣ” табдил шуданд ва акнун бо иҷозатномаи расмии Вазорати тандурустӣ ва супурдани андоз фаъолият мебаранд.

«ИХЛОСУ ХАЛОС» Ё «БИБИМУШКИЛКУШО, БА ЁРӢ БИЁ»

Ҷонибеки Асрориён мегӯяд, ки фолбинҳо бо истифода аз бесаводиву зудбоварии баъзе занҳо дар ивази маблағ ё робитаи ҷинсӣ барои “гарм” ё “хунук” кардани шавҳар ё дӯстдошта, барои ҳарчӣ зудтар бордор шудан ва дигар «некӣ"-ҳо фол мекушоянд. Солҳои ахир чандин ҳодисаи марбут ба муллоҳои ҷодугар сари забони расонаҳо уфтод - дар аксар ҳолатҳо муллоҳои фолбин дар лаб дуои аз Қуръон ва бо ҳаракатҳои шаҳвонӣ талоши "шифо" бахшидан ба занҳоро мекарданд.

Аммо ҳар табақа ниёзи худро дорад, бигирем, мардуми оддӣ барои давои дарди вазнин ё бедавои худу ягон пайвандашон ё барои боз шудани бахти фарзандаш рӯ ба фолбину ҷодугарҳо меоваранд, мегӯяд пажуҳишгари тоҷик. Баъзеҳо шояд ихлос мебанданду халос мешаванд ва ин «наҷот” сафи ҳаводорони фолбинро афзоиш медиҳад. Вале майли зиёдаравона ба сеҳру ҷоду асосан дар ҷомеаҳое дида мешавад, ки роҳи воқеии ҳалли мушкилҳои худро надоранд.

Гурӯҳи дигар, асосан тоҷирон, барои рушди тиҷорат аз хидмати «мушкилкушо» ё «бибимушкилкушо"-ҳо истифода мебаранд ва ҳатто миёни мардум вожаи “чаҳоршанбе Бибимушкилкушо” маъруф аст. “Мушкилкушо”-ҳо ба коруфтодаҳо оби дамкарда ё мавизи дамкарда медиҳанд, ки бояд онро рӯзе се бор хӯранд.

Ба гуфтаи Ҷонибеки Асрориён, миёни “меҳмонон”-и фолбину сеҳргарҳо мансабдорон кам нестанд - “одамони мансабдору вазифахоҳ ҳатто муллоҳои фолбини худро доранд ва қабл аз ҷаласаҳои ҳукуматӣ пеши онҳо мераванд ва боздошти Шайх Темур ҳам собит кард, ки баъзе амалдорони сатҳи маҳаллӣ ҳам назди ӯ мерафтаанд ва ӯро дастгирӣ ҳам мекарданд”. Ҳоҷӣ Мирзо низ мегӯяд, ки ҳоло дар Тоҷикистон фолбину ҷодугарҳои «дарборӣ» пайдо шудаанд. «Ҳатто дар сохторҳои давлатӣ ҷодугарҳои махсус доранд, ки ба онҳо касе чаққа шуда наметавонад. Агарчӣ онҳо бо дилгармиву дилхунукӣ хонаҳои ҳазорҳо касонро хароб карда бошанд, аммо бо як фоли бобарор обрӯ пайдо карда дарборӣ шудаанд».

“ЛУХТАКИ ВУДУ” ВА ФОЛ АЗ ТАРИҚИ ...КОМПЮТЕР?

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, бештари ҷодугарону фолбинҳо дуо мехонанд ва онро дар ришта “мебанданд” ё қулф мезананд ва аз шахси эҳтиёҷманд мехоҳанд, ки риштаро пинҳон кунанд ва қулфро ба дарё андозанд.

Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, чанд пеш дар нишасти хабарияш гуфт, кормандонаш ҳангоми ҷустуҷӯи як силоҳ аз дохили дарёи Душанбе сатил−сатил қулфҳои маҳкам ва дар сангҳо бастаро берун карданд.

Аммо баъзеҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир баъзеҳо аз “лухтакҳои Вуду” ҳам истифода мебаранд. Хайём, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, ӯ дар маҳаллаи Обшорон дар рӯ ба рӯи қабристон шоҳиди он шуд, ки як духтар заминро мекофт ва он ҷо чизеро пинҳон кард. Баъд аз рафтани духтар Хайём аз он чуқурӣ лухтаки худсохтеро пайдо кард, ки дар сари синаву сараш чанд сӯзан зада буданд. Ӯ мегӯяд, аз филмҳо дида буд, ки ин гуна лухтакҳоро барои ба касе зарар расонидан месозанд. Барои гирифтанаш ҷуръат накард, аммо аз бозор як халтаи целофанӣ харида, лухтакро дар он ҷой намуд ва болои теппа дур аз чашми одамон онро оташ зад.

Ҷонибеки Асрориён ҳам мегӯяд, ки фолбинҳо ҳоло “замонавӣ” шудаанд. Агар пештар онҳо бо санг, бо акс ё бо ҳафт ришта фол медиданд, тайи сӣ соли охир онҳо бо қарта фол мекушоянд. Ҳозир бо истифода аз линзаҳо ҳам фол мебинанд, ки кас умри дароз мебинад ё шишаи умраш ба зудӣ мешиканад. Фолбинҳо солҳои ахир аз компютерҳо низ истифода мебаранд ва ҳатто ба шахси эҳтиёҷманд натиҷаи фолро “принт” карда медиҳанд.

Фолбинӣ дар Афғонистон

Фолбинӣ дар Афғонистон

Аммо, фолҳое ҳам ҳастанд, ки мардум аз онҳо бештар ба хотири нишот истифода мебаранд. Яке аз онҳо фоли Ҳофиз аст, ки ҳатто низомии исломии Эрон натавонист, пеши роҳашро бигирад. Дар Эрон ҳатто баъзе “фолбинҳо” бо тутӣ мегарданд ва он ҷонвар бо нулаш аз миёни авроқ яке аз фолҳоро берун мекунад. Баъзеҳо ба фолбинҳои лулӣ эътиқод доранд, зеро бештари онҳо таври маъмул дили касро ба зиндагӣ гарм мекунанд. Баъзе аз муллоҳо дар Афғонистон дар хиёбону бозорҳо аз рӯи китобҳои динӣ дар мавриди он ки шахси ниёзмандро чӣ интизор аст фол мекушоянд. Саид Аҳмад, пажуҳишгари афғон мегӯяд, ки моҳи гузашта афроди ношинос аз мотосикл сӯи яке аз ин фолбонҳо норинҷак андохтанд ва чанд касро маҷрӯҳ карданд. Фолбин барои онҳо чӣ фол дида буд, норӯшан боқӣ мемонад.

Зимнан, ба хотири фош кардани фолбину сеҳргарҳо созмону гурӯҳҳои махсус таъсис шудаанд. Ҷеймс Рэндӣ, яке аз фошсозҳои маъруфи “падидаҳои нодир” ва фарзияҳои ғайридинӣ, чанд сол пеш бунёдеро таъсис кард ва эълом дошт, ҳар нафаре, ки имкониятҳои фавқулода ё экстрасенсории худ дар фолбиниро собит мекунад, як миллион доллар ҷоиза мегирад. Ҳар моҳ даҳҳо нафар барои исботи истеъдоди худододи фолбинонаашон ба ин Бунёд меоянд, аммо то ҳол касе соҳиби он ҷоиза нашудааст...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG