Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз зиндон ба зиндон. Cарнавишти як шогирди донишгоҳи Зоҳидон


Зиндони "Пули Чарх"-и Афғонистон.

Зиндони "Пули Чарх"-и Афғонистон.

Ҳабибулло Идиев, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи амният қарор дорад, гуфтааст, дар ғайри сурати расидагӣ ба қазияаш даст ба гуруснанишинӣ хоҳад зад.

Як фориғуттаҳсили донишгоҳи Зоҳидони Эрон, ки ҳамакнун дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад, гуфтааст, ки агар ба қазияи ӯ расида сурат нагирад, даст ба гуруснанишӣ хоҳад зад.

Ҳабибулло Идиев, хатмкардаи донишгоҳи Зоҳидони Эрон ва маҳбуси пешини зиндони «Пули Чархӣ»-и Афғонистон тайи 6 моҳ аст, ки дар СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. Бинобар норӯшанӣ дар нисбати сарнавишташ, ки на раҳо мешавад ва на парвандааш ба додгоҳ меравад, ӯ тасмим гирифтааст, ки агар мақомот ба ин қазия расидагӣ накунанд, даст ба гуруснанишинӣ мезанад.

Сунбула Идиева, модари Ҳабибулло Идиев, сокини ноҳияи Ваҳдат рӯзи 4-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки ним сол мешавад, ки фарзандаш дар боздоштгоҳи КДАМ нигоҳ ба сар мебарад ва то ҳол ҳеҷ айбе дар нисбати ӯ эълон нашудааст. Ин зан мегӯяд, ки имрӯз ба боздоштгоҳи КДАМ омадааст, то писарашро бубинад, аммо писараш маводи ғизоиро нагирифтаст.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои Ҳабибулло Идиев низ гуфт, зерҳимояаш сар аз 1-уми ноябр интиқоли ғизову ҳаргуна хӯрданиро қабул намекунад. Идиев дар мулоқот бо вакилаш гуфтааст, ки тайи 6 моҳ ӯро беҳуда дар СИЗО нигоҳдорӣ мекунанд ва то замоне, ки масъалааш ҳаматарафа баррасӣ нашавад, даст ба гуруснанишинӣ мезанад ва инро роҳи ягонаи ҳалли масъалаи худ медонад.

Ба қавли Бузургмеҳр Ёров, 6 моҳ қабл вақте, ки Ҳабибулло Идиев аз маҳбаси «Пули чархи»-и Афғонистон раҳо шуда бо мусоидати сафоратхонаи Тоҷикистон дар Кобул ба Душанбе интиқол ёфт, аммо баробари ба замин нишастани ҳавопаймо, дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт шуд.

Идиев дар забонхати худаш навиштааст, ки қаблан барои таҳсили улуми исломӣ аз Русия ба Миср рафта ва аз онҷо ба Эрон омад ва дар Зоҳидон дар яке аз донишгоҳҳо ба омӯзиши улуми исломӣ пардохт. Ӯ баъди хатми донишгоҳ дар соли 2009 барои таблиғи ислом сафарҳоеро дар шаҳристонҳои Эрон анҷом дод. Аммо Идеив тасодуфан паспорти хориҷиашро гум кард ва мехост аз тариқи Покистон ба Афғонистон ва аз онҷо ба Тоҷикистон убур кунад. Аммо дар Бадахшони Афғонистон аз тарафи мақомоти амниятии ин кишвар боздошт ва барои вайрон намудани марз аз ҷониби додгоҳи ин кишвар, барои 1 солу 8 моҳ зиндонӣ шуд.

Ба қавли Бузургмеҳр Ёров, дар ибтидо мақомоти амниятии Афғонистон дар ибтидо ӯро ҷосуси Русия, сипас ҷосуси Эрон ва баъдан як гумоштаи Толибон эълон карданд. Аммо дар ниҳояти амр аз ин иттиҳомот даст кашида, Идиевро барои убури ғайриқонунии марз зиндонӣ карданд.

Тавре Ҳабибулло Идиев ба вакили мудофеаш гуфтааст, пас аз раҳоияш аз зиндони «Пули чархӣ», созмони Салиби Сурх ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар гӯё имкони идомаи зиндагӣ дар кишварҳои ғарбиро ба ӯ пешкаш кардаанд, аммо ӯ гӯё розӣ нашудааст. Модараш Сунбула Идиева мегӯяд, ки бисёр мехоҳад мақомоти масъул фарзандашро раҳо кунанд ва ӯ ба назди пайвандонаш баргардад.

Мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ ва дафтари матбуоти КАМ аз шарҳи қазияи Ҳабибулло Идиев худдорӣ мекунад.

Вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, дар амри мулоқот бо Ҳабибулло Идиев ҳеҷ мушкиле нест, аммо ба ҷуз адвокат, ба наздикону пайвандонаш шароити мулоқот дода нашудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG