Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархе аз занон, ки пас аз итмоми муҳлати ҳабс озод шудаанд, мегӯянд, "доғи судӣ" имкон намедиҳад, онҳо ба зиндагии оддӣ баргарданд ва Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон мегӯяд, 16 дарсади онҳо дубора даст ба ҷиноят мезананд.

Бино бар маълумоти вазорати дохилаи Тоҷикистон, занҳо дар соли 2013 беш аз 1800 ҷиноят содир кардаанд, ки бахши умдаи онро дуздиву қаллобӣ фаро гирифта ва дар баъзе мавридҳо ҷиноятҳое мисли қатл низ сабт шудааст.
Аксари ин занҳо ҳабси дубораи худро ба бетараҳумӣ ва таҳаммулнопазирии ҷомеъа вобаста мекунанд ва мегӯянд, зане, ки боре зиндонӣ будааст, бо вуҷуди онки аз хато пушаймонӣ, боз ҳам дар ҳошияи зиндагӣ қарор мегирад.

Хосият Ғаффорова баъд аз чанд муддати озодӣ дубора ҳукми ҳабс гирифт ва боз ба озодӣ баромад. Маҳбас ва "доғи судӣ" маҷрои зиндагии ӯро ба куллӣ тағйир дод ва аз манзили зист маҳрумаш кард. Вай акнун дар як вагон зиндагӣ мекунад. Қаблан Хосият ҳамроҳи хоҳараш дар бозор мева мефурӯхт ва онҳо ба ин васила зиндагии худ ва се кӯдаки ноболиғу модарашонро таъмин мекарданд. Аммо ҳоло ҳатто наметавонад ба савдо машғул шавад. Зери фишори сахти зиндагӣ вай, замоне ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ваҳдат сафар кард, Хосият талош кард, дарди дилашро ба ӯ бигӯяд, аммо кормандони сохторҳои қудратӣ ин имконро ба ӯ надодаанд: «Маро ба як мошинаи ёрии таъҷилӣ тела дода гуфтанд, ки девона аст, баред. Ман гуфтам, ки девона нестам. Агар девона бошам, чаро дар вақташ маро суд кардед?»

Хосият Ғаффорова соли 2011 бар пояи як моҷаро бо ҳамсоя ба авбошӣ маҳкум шуд ва 13 рӯзро дар боздоштгоҳ ба сар бурд. Дар ин ҷанҷол модар ва хоҳари 24-солааш низ маҳкум шуданд ва ҳарчанд мақомот аз ҳабси модари 73-сола худдорӣ карданд, Шодигул, хоҳарри Шодигул ба чаҳор соли зиндон маҳкум шуда, баъд аз панҷ моҳ дар асоси қонуни авф ба озодӣ баромад. Акнун Хосият дубора бо ҷурми дуздӣ бо кӯдакӣ 5-солааш ба як соли ҳабси хонагӣ маҳкум шудааст ва ҳоли зоре дораду намедонад ба кӣ муроҷиат кунад ва аз кӣ ёрӣ пурсад. Доғи судӣ сабаб шуд, ки дигар хоҳараш ҳам наметавонад бо ягон нафар издивоҷ кунад ва оилаи худро барпо намояд.

Занонеро, ки "доғи судӣ" доранд тақрибан дар ҳеҷ куҷо ба кор намегиранд ва дар Тоҷикистон ниҳоде нест, чунин афродро зери ҳимоят гирад.

Марҳабо Зунунова, ҷомеашиноси тоҷик дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ҳарчанд мардуми мо аз рӯй менталитет ба маҳбусон назари нек надоранд, аммо бояд ба онҳо шонси кор карданро диҳем. Зеро яке аз сабабҳои дубора ҷиноят содир кардани ҳам занҳо ва ҳам мардҳо ҷой кор надоштани онҳост. Хонум Зунунова мегӯяд, бар пояи гузаронидани корҳои санҷишӣ мисли солҳои Шӯравӣ онҳо бояд ба корхонаҳо ҷалб шаванд: «Дар солҳои Шӯравии пешин ба маҳбусон квота барои кор дода мешуд. Корхонаҳоро муваззаф мекарданд, ки на танҳо занҳо, балки мардони аз зиндон озодшударо ба кор таъмин кунанд.»

Ба андешаи хонум Зунунова сабаби ба кор қабул накардани маҳбусон дар он аст, ки мардум аз онҳо чандон дилпур нестанд. Гумон мекунанд, агар зани аз зиндон озодшударо дубора ба кор гиранд, шояд боз ҷиноят содир мекунад.

Ин дар ҳолест, ки намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаеро руи даст гирифтаанд, ки маҳз ба чунин қишри аҳолӣ - барои кор бо занҳои маҳбас ва собиқ маҳбусон пешбинӣ шудааст. Маҳбуба Абдуллоева, сухангӯи дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ", далели иҷрои ин лоиҳаро ба муҳим будани ин масъала марбут донист: «Вақте созмонҳои иҷтимоӣ лоиҳаи худро пешниҳод мекунанд, мо мебинем, ки кадом масъалаҳо муҳимтар ва асосӣ аст, баъд онро дастгирӣ мекунем».

Гулрӯ Аъзамова, менеҷери ин лоиҳа аз Пажӯҳишгоҳи ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи олмонии донишгоҳҳои халқӣ (dvv international) гуфт, «занҳои маҳбус аз таваҷҷӯҳи ҷомеа дур мондаанд, онҳо дар маҳбас ягон имкони боло бурдани сатҳи маърифатии худро надоранд ва ҳатто бовар ҳам надоранд, ки баъди раҳоӣ аз маҳбас аз уҳдаи ягон кор мебароянд ва нақши худро дар ҷомеа пайдо мекунанд». Ба гуфтаи Гулрӯ Аъзамова тариқи ин лоиҳа барои занҳои собиқ маҳбус дар канори давраҳои омузишӣ, онҳо ба касбу ҳунар ва истеҳсолот ҷалб мешаванд, то дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кунанд.

Занон дар асоси қонуни афв аз зиндон озод шудананд. Соли 2011

Занон дар асоси қонуни афв аз зиндон озод шудананд. Соли 2011

Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарон яке аз сабабҳои дубора содир кардани ҷиноят тавассути маҳбусони собиқро на пайдо накардани ҷои кор арзёбӣ мекунанд ва ба андешаи онҳо, маҳбусон баъди баромадан ба озодӣ роҳи дигаре ҷуз мардикорӣ ва муҳоҷират надоранд. Тавре гуфта мешавад дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 650 зан зиндонӣ буда, дақиқ нест, ки бар пай бекорӣ боз чанд дарсади онҳо дубора ҷиноят содир кардаанд.Зимнан, дар пайи охирин қонуни афв, ки ба муносибати 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар соли 2011 анҷом шуд, то 15 000 маҳбус афв шуданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG