Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти конгрессмени собиқи Амрико аз Роғун


Конгрессмени бознишастаи Иёлоти Муттаҳида, Ден Бэртон
Конгрессмени бознишастаи Иёлоти Муттаҳида, Ден Бэртон

Конгрессмени бознишастаи Иёлоти Муттаҳида, Ден Бэртон, мегӯяд, нерӯи фаровони барқи обии Тоҷикистон метавонад Осиёи Марказиро қудратманд намояд.

Яке аз аъзои собиқи Конгресси Иёлоти Муттаҳида, ки зиёда аз 30 сол вакили маҷлис буда, дар соли 2012 бознишаста шуд, аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки ҳеч яке аз президентҳои Амрико то ҳоло ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом надодаанд. Ден Бэртон дар рӯзномаи “Вашингтон Таймс” менависад, ҳатто аъзои Конгресси Амрико ба ин кишвар аҳёнан сафар мекунанд ва ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон зимни мавқеи ҷуғрофиёӣ ва марзҳои тӯлонияш бо Афғонистону Чин барои Амрико аҳамияти ҳалкунандаи стратегӣ дорад.

“Аммо, -- меафзояд конгрессмени бознишаста, -- имкониятҳои бузурги Тоҷикистон на дар ҷойгиршавии он, балки дар захираҳои обаш нуҳуфтаанд. Дар даврае, ки энержии пок беҳтарин роҳи рушд аст, Тоҷикистон ин саодатро доштааст, ки барояш захираҳои фаровони барқи обӣ ато шудааст ва метавонад на танҳо эҳтиёҷи худро бароварда созад, балки кишварҳое чун Афғонистон, Покистон, Ӯзбакистон ва бисёре дигарро дар минтақа таъмин кунад.”

Бо зикри ин нукта Ден Бэртон ба мақомоти Амрико пешниҳод кардааст, ки аз тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ҳимоят кунанд, зеро барқи арзони ин нерӯгоҳ ба рушди иқтисодии Афғонистон ва дар ин замина суботу эътидоли он баъд аз хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз ин кишвар дар соли 2014 мадад хоҳад кард. “Он ҳамчунин метавонад ба бӯҳрони энержии худи Тоҷикистон хотима гузорад, ки 70 дарсади аҳолияш дар моҳҳои зимистон, вақте ҳарорат поёнтар аз яхбандон аст, бе нерӯи барқ зиндагӣ мекунанд,” – навиштааст Дан Буртон.

Ба ақидаи конгрессмени бознишастаи амрикоӣ, агар дар ин замина ба Тоҷикистон мадади сиёсӣ ва иқтисодии дуруст расонда шавад, он хоҳад тавонист дар даҳсолаи оянда тамоми Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро бо нерӯи арзони доимӣ таъмин кунад. Вай ин мададро масъалаи муҳим рӯз медонад, ки бояд барояш расидагӣ шавад.

Дар матлаби худ дар нашрияи “Вашингтон Таймс”, конгрессмени бознишаста Ден Бэртон ҳамчун шахсе сӯҳбат мекунад, ки худ ба Тоҷикистон сафар карда ва ҷузъиёти вазъро аз наздик дидааст. Воқеан, ӯ дар садри як ҳайати вакилони Конгресс ва Маҷлиси намояндагони Амрико аввалҳои моҳи июли соли 2012 ба Тоҷикистон сафар ва бо мақомоти ин кишвар гуфтушунидҳо карда буд. Дар ин сафар ҷаноби Бэртон дар бораи мавзӯъҳое, ки бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ кард ба Радиои Озодӣ як мусоҳибаи видеоӣ дода буд:

Сӯҳбати "Озодӣ" бо конгрессмени амрикоӣ Ден Бэртон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:46 0:00


Бино бар матлаби ахираш, Бэртон ҳарчанд дар 30 соли кораш дар Конгресс тақрибан ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон сафар кардааст, дидани Тоҷикистон барояш як таҷрибаи нодир будааст, чун ин ҷо имкониятҳои беҳбуди куллии ҳаёти миллионҳо нафарро дидааст, ки мавриди истифода қарор наёфтаанд.

Сабаби дар нимароҳ мондани тарҳи Роғун агар аз як сӯ ба сармоягузорӣ рабт дода шавад, аз сӯи дигар мухолифати Ӯзбакистони ҳамсоя монеаи асосии иҷрои он ба шумор меравад. Мақомоти Тошканд батакрор гуфтаанд, ки сохтмони обанбори Роғун маҷрои Омӯро ба кишварҳои поёноб кам ва вазъи экологиро вайрон мекунад. Ин мухолифат сабаб гашт, ки Бонки Ҷаҳонӣ гурӯҳҳои ташхиси фаннӣ ва зистмуҳитии онро таъсис дода, Тоҷикистонро ба қатъи сохтмони асосӣ водор намояд. Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ташхиси тарҳи Роғун то нимаҳои соли 2014 ба поён хоҳад расид.

Дар ин байн Ӯзбакистон дар ҳамоишҳои байнулмилалӣ ин тарҳро ҳамоно барои минтақа хатарнок меномад, вале акнун дар матбуоти Ғарб чеҳраҳои саршиносе бо дифоъ аз Роғун садо баланд мекунанд, ки гуфта мешавад, ин талошҳои лоббигарии байнулмилалии Тоҷикистон аст. Мақолаи Конгрессмени бознишастаи Иёлоти Муттаҳида, ҷумҳурихоҳ аз аёлати Индиана, Ден Бэртон, ки солҳои зиёде раҳбар ва узви Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси намояндагон ва сардори зеркумитаи таҳдидҳои нав ба Аврупо ва Авруосиё буд, як моҳ пас аз он нашр шуд, ки Конгресси Амрико зидди сармоягузорӣ ба обанборҳои бузург ва сарбандҳои баланди нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавсия дод. Таври маълум, Иёлоти Муттаҳида аз мудирони асосии Бонки Ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG