Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии Узбеков. Қазияи "алмос" поён ёфт


Сайвалӣ Узбеков.
Сайвалӣ Узбеков.

Додгоҳи олии Тоҷикистон вакили пешини парлумони Тоҷикистон ва собиқ ноиби раиси вилояти Хатлон, Сайвали Узбековро бино бар "гузаштани муҳлати ҷавобгарӣ" аз маҳбас озод кард.

Сайвалӣ Узбеков аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба фурӯши ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо ва тасарруфи моликияти давлат ба миқдори махсусан калон муттаҳам дониста мешуд.

Насим Холмуродов, корманди Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 12-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Сайвалӣ Узбеков: «Бо моддаи 289- и кодекси ҷиноӣ, ки ба қочоқ марбут аст ва ва бо моддаи 245-и ҳамин кодекс, тасарруфи моли ба миқдори махсусан калон айбдор дониста мешуд, ки бо сабаби гузаштани муҳлати ҷавобгарӣ озод карда шуд.»

Бо ҳамин ҳалнома муҳокимаи парвандаи ҷиноии Сайвалӣ Узбеков дар Додгоҳи олӣ, ки дар авоили моҳи июл шурӯъ шуда буд, ба поён расид. Бино бар маълумоти дарёфтӣ, парвандаи ӯ аз миёнаи солҳои 1990 боз шуда, таҳқиқаш бефосила идома дошт, аммо аз ҳамон вақт Узбеков аз Тоҷикистон фирор карда, муддате дар Эрон ва солҳои охир дар Дубай зистааст. Худи ӯ мегӯяд, фирор накарда, балки бештари вақташро дар хориҷа мегузаронд ва пайваста ба Тоҷикистон сафар мекард. Ба эҳтимоли зиёд, ӯ давраи то соли 2001-ро дар назар дорад, зеро аз ин фурсат гирифта, мақомоти тафтишотии Тоҷикистон расман ҷустуҷӯи ӯро эълом дошта буданд.

Ӯро дар остонаи соли нави 2013 дар Душанбе боздошт карданд. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ чанд рӯзи аввал дар манзили духтараш Сойшира қарор дошт ва ҳар рӯз барои бозпурсӣ ба додситонӣ мерафт. Аммо баъди 3 рӯзи бозгашташ, дастгир шуд.

Худи Сайвалӣ Узбеков ва вакили мудофеи вай дар ҳоли ҳозир аз ҳама гуна шаҳри қазия ва ҳукми додгоҳ худдорӣ карданд. Аммо ба гуфтаи як нафар аз наздикони Узбеков, ки нахост номаш зикр шавад, Узбеков дар кочоқи ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо даст надошта ва танҳо дар солҳои 90-уми қарни гузашта бо иҷозаи расмии Бонки миллӣ ва дигар сохторҳои дахлдор нусхае аз сангҳои қимматбаҳои Тоҷикистонро ба биржаи сангҳои қимматбатҳои Исроил фиристодааст. Зоҳиран, тоҷире барои харидани ин сангҳо ба Тоҷикистон маблағ низ додааст. Сарнавишти баъдинаи ҳам маблағ ва ҳам сангҳои гаронбаҳо номаълум аст. Бар пояи изҳороти мақомоти расмӣ, то ҳоло гумон мерафт, Сайвалӣ Узбеков ин сангҳоро фурӯхта, ба хазинаи давлат хисороти махсусан бузург ворид кардааст.

Намояндаи Додгоҳи олии Тоҷикистон низ дар бораи сарнавишти сангҳо ва зикри иттиҳом дар ҳалнома чизе нагуфт ва танҳо ба гузаштани муҳлати ҷавобгарӣ таъкид кард.

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, мувофиқи моддаи 75-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон вобаста ба ҷиноят дар муҳлатҳои муайян шахс аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад: «Масалан, агар ҷинояти начандон вазнин бошад, дар тӯли ду сол, ҷинояти миёна бошад чор сол ва агар ҷинояти махусан вазнин бошад зиёда дар муддати зиёда аз даҳ сол пас шахс аз ҷавобгарӣ озод мешавад. Вале агар шахс дар кофтукоби ҷиноӣ қарор дошта бошаду қасдан вай аз ҷавобгарӣ гурезад, он гоҳ муҳлати озод шудан аз ҷавобгарӣ ба ҳисоб гирифта намешавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки шахс сафед карда шавад танҳо вай аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешавад.»

Ёров афзуд, агар шахс ҷиноятҳои мисли генотсид ва муқобили инсоният содир карда бошад, вай то ба охири умраш метавонад ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Ба ҳар тартиб ҳалномаи додгоҳ ва худдории ҷиддӣ аз нашри тафсилот бештар ба роҳи осоне монанд аст, ки дар он ҳеҷ яке аз тарафҳо намехоҳад, ҳақиқати қазия ифшо шавад.

Сайидвалӣ Узбекови 52-сола зодаи деҳаи Белайдузи Ҳисор ва аз фарзандони шоир ва ҳунарманди мардумӣ Саид Узбеки Сарихосорӣ мебошад. Узбеков дар замони Шӯравӣ техникуми савдо ва баъдҳо Донишгоҳи тиҷоратро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст. Ӯро аз наздикони Нуралӣ Раҳимов, маъруф ба "Нуралича", мудири анбори корхонаи шаробсозии Шаҳринав ном мебаранд. Узбеков дар ин корхона то суқути Шӯравӣ мудири анбор буд ва аз афроди сарватмандтарини водии Ҳисор ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар оғози солҳои 1990 ширкати "Сойшира"-ро таъсис дод, ки дар ноҳияи Ҳисор як корхонаи бузурги тавлиди шароб сохта буд.

Саидвалӣ Узбеков аз соли 1993 то 1998 муовини раиси вилояти Хатлон буд ва соли 1995 аз ҳавзаи интихоботии рақами 38-и Ҳисор намояндаи Маҷлиси Олӣ интихоб шуд. Ба қавли дӯстонаш, ӯ мақолаҳои илмӣ менавишт, муаллифи китоби таронаҳои «Туӣ лаъли Бадахшонам» аст ва ҳатто барои скрипка ва дутор оҳангҳо ҳам навиштааст.
XS
SM
MD
LG