Пайвандҳои дастрасӣ

Саидвалӣ Ӯзбеков боздошт шуд


Саидвалӣ (Валиҷон) Ӯзбеков. Акс аз Интернет

Саидвалӣ (Валиҷон) Ӯзбеков. Акс аз Интернет

Собиқ намояндаи мардумӣ дар парлумони Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт шудааст.

Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ намояндаи мардумӣ дар парлумони Тоҷикистон ва собиқ ноиби раиси вилояти Хатлон, ки аз соли 2001 ба ин сӯ дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дорад, аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт шудааст. Ӯзбеков, ки гуфта мешавад чанд соли ахир дар Дубай ба сар мебурд, дар остонаи соли нав ба Душанбе баргашт ва тайи ду-се рӯз мавриди бозпурсии муфаттишҳо қарор гирифт. Аммо баъдан дастгир шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи тафтишоти пешакӣ ба сар мебарад.

Ҷамшед Сангов, муфатиши Додситонии кулл, ки парвандаи Ӯзбековро пажӯҳиш мекунад, аз шарҳи маълумот дар бораи ин парванда худдорӣ кард ва гуфт, “то анҷоми комили парванда ба матбуот иттилоъ нахоҳад дод”.

Дар бораи иттиҳоми алайҳи собиқ намояндаи парлумони кишвар маълумоти расмӣ дар даст нест, аммо ба гуфтаи як манбаи мӯътамад дар додситонии кишвар, Сайидвалӣ Ӯзбеков, собиқ муовини раиси вилояти Хатлон ва вакили пешини Маҷлиси олии Тоҷикистон ба фурӯши ғайриқонуии сангҳои қиматбаҳо муттаҳам мешавад.

Ӯзбеков аз миёнаҳои солҳои 1990-ум дар хориҷи Тоҷикистон пинҳон буд ва гӯё солҳои ахир дар Дубай ба сар бурдааст.

Сайидвалӣ Ӯзбекови 52-сола, зодаи деҳаи Белайдузи Ҳисор ва аз фарзандони шоир ва ҳунарманди мардумӣ Саид Ӯзбеки Сарихосорӣ буда, дар замони Шӯравӣ техникум ва Донишгоҳи тиҷоратро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст. Ӯро аз наздикони Нуралӣ Раҳимов, ки мудири анбори корхонаи шароби Шаҳринав буд, ном мебаранд. Ӯзбеков дар ин корхона то суқути Шӯравӣ мудири анбор будааст. Ӯ баъдан ширкати "Сойшира"-ро таъсис дод, ки машрубот истеҳсол мекард.

Ӯ аз соли 1993 то 1998 муовини раиси вилояти Хатлон буд ва соли 1995 аз ҳавзаи интихоботии рақами 38-и Ҳисор намояндаи Маҷлиси Олӣ интихоб шуд. Ба қавли дӯстонаш, ӯ барои рӯзномаҳо низ мақолаҳои илмӣ менавишт, муаллифи китоби таронаҳои «Туӣ Лаъли Бадахшонам» аст ва ҳатто барои скрипка ва дутор оҳанг ҳам навиштааст.

Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG